Занг зад, гуфт : " Салом изҳорам!
Дидани рӯйи туро мехоҳад
Дили ман, ай писари серкорам!
Дар куҷоӣ?" , писараш гуфт: " Падар!
Маъзарат, кори зиёде дорам."
-"Занг задам лек надодӣ ту ҷавоб?"
- " Банди маҷлис будам дар корам."
- " Лутфан ин шом биё хонаи мо!"
- " Узр, ман нақшаи дигар дорам."
- " Гуфтам имрӯз садоят шунавам..."
- " Бахшиш, аммо падари ғамхорам,
Бояд хомӯш кунам гуширо.
Андаке кори муҳимитар дорам
Дертар худ ба шумо занг занам."
- "Писарам, кай ту биёӣ ба барам?"
-"Беш корам, ва агар вақт шавад
Хешро назди шумо меорам."
-" Дишабат хоб дидам, хуб ҳастӣ?"
- "Хуби хубам падири дилдорам"
Лек ҳоло, ки сари чанбаракам..
Гуширо шарт, ки ман бигзорам.
Баъд худ боз занам занг туро."
-"Беш бар ёд туро меорам
Ҳар гаҳе занг занам саркорӣ...
Кай биёӣ писарам, дидорам?"
"Уф... падар... Уф... " қатъ шуд ин занг.
-" Боз бинмуд ҳамон такрорам..."
Баъди чандин шабу рӯз бар падараш
Занг зад то, ки бигӯяд корам.
Лек ин бор ба занг дод ҷавоб,
Марди ҳамсоя бигуфт "- гӯш дорам?!"
Гуфт:-"Ин ҳарф расон бар падарам...
Ки ман ин ҳафта зиёд аст корам.
Омадан назди вай имконаш нест..."
Бо садои дағалу нофорам.
Лек ҳамсоя ҷавобашро дод,
Бо алам, лек садои форам.
"Падарат дишаб аз олам бигузашт.
Ман зи маргаш шуда ғамбеморам.
Охирин хоҳиши марҳум ин буд,
Ки ба хокаш худи ман биспорам.
То ту аз кор намонӣ, ҳайфо!
Ман ҳам ин кардаму азодорам."
Ин замон дар сари мард мезад чарх,
Суханони падараш ҳар борам.
Вой... мегуфт, вале суд надошт
"Падарам вой надид дидорам."
Ғайратҷон Ҳотамӣ https://www.facebook.com/share/p/1HNj3baJjT/?mibextid=xfxF2i
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2