Предыдущая публикация
Дар боғи сабзпӯши диёри дил.
Бояд кунун кунем ба ҳам одат,
Бар рафтани насими баҳори дил.
Бояд кунун ману ту кунем одат,
Бар дидани хазону ҷудоиҳо.
Бар зиндагии орӣ зи ҳамдигар,
Дар чорсӯи танги раҳоиҳо.
Бояд дигар ману ту кунем одат,
Бо ёди сабзи хотираҳо будан,
Оёту қиссаҳои ҷудоиро,
Бо хандаашк зам-зама бинмудан.
Бояд дигар ману ту кунем одат,
Зистан дар ин ҳаёти басо ночиз.
Оре, баҳор бар ману ту бигзашт,
Поиз даррасид , бале поиз.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев