🥀Рӯзе яке аз дӯстони Баҳлул гуфт: Эй Баҳлул! Агар ман ангур бихӯрам, оё ҳаром аст? Баҳлул гуфт: На. Боз пурсид: Агар баъд аз хӯрдани ангур дар зери офтоб бихобам, ҳаром аст? Баҳлул гуфт: На. Боз пурсид: Пас барои чӣ ангурро дар хурмае бигузорем ва онро зери офтоб қарор диҳем ва баъди чанде аз он бинушем, ҳаром мешавад? Баҳлул гуфт: Дӯстам, ман миқдори обе ба рӯят мепошам, оё дардат меояд? Гуфт: На. Баҳлул гуфт: Ҳоло миқдоре хоки нарм ба рухсораҳоят мепошам, оё дардат меояд? Гуфт: На. Пас Баҳлул хок ва обро бо ҳам махлут кард ва гулулае аз гил сохт ва онро сахт ба пешонии дӯсташ зад. Дусташ аз шиддати дард фарёде кашиду гуфт: Сарам шикаст. Баҳлул бо ҳайрон пурсид: Чаро? Ман коре накардам. Ин гулула махлути ҳамон обу хок аст ва ту бояд эҳсоси дард накуни. Баҳлул бо ин тарз ҳикмати ҳаром будани шаробро ба дусташ фаҳмонид ва дар охир гуфт: Ман саратро барои он шикастам, то дигар ҷуръат накуни, ки аҳкоми Худоро бишканӣ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев