ЧУНКИ БЕ ОРОМИШ НАМОЗИ ШУМО МАҚБУЛ НАМЕАФТАД !
************************************************
أنَّ رَسولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ دَخَلَ المَسْجِدَ
فَدَخَلَ رَجُلٌ، فَصَلَّى، فَسَلَّمَ علَى النبيِّ صَلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ،
فَرَدَّ وقالَ: ارْجِعْ فَصَلِّ، فإنَّكَ لَمْ تُصَلِّ،
فَرَجَعَ يُصَلِّي كما صَلَّى، ثُمَّ جَاءَ، فَسَلَّمَ علَى النبيِّ صَلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ
، فَقالَ: ارْجِعْ فَصَلِّ، فإنَّكَ لَمْ تُصَلِّ ثَلَاثًا، فَقالَ: والذي بَعَثَكَ بالحَقِّ ما أُحْسِنُ غَيْرَهُ، فَعَلِّمْنِي،
فَقالَ: إذَا قُمْتَ إلى الصَّلَاةِ فَكَبِّرْ، ثُمَّ اقْرَأْ ما تَيَسَّرَ معكَ مِنَ القُرْآنِ، ثُمَّ ارْكَعْ حتَّى تَطْمَئِنَّ رَاكِعًا،
ثُمَّ ارْفَعْ حتَّى تَعْدِلَ قَائِمًا،
ثُمَّ اسْجُدْ حتَّى تَطْمَئِنَّ سَاجِدًا،
ثُمَّ ارْفَعْ حتَّى تَطْمَئِنَّ جَالِسًا، وافْعَلْ ذلكَ في صَلَاتِكَ كُلِّهَا.
الراوي : أبو هريرة | المحدث : البخاري | المصدر
[: صحيح البخاري]
Аз Абуҳурайра ( разиаллоҳу анҳу ) ривоят аст ки паёмбари акрам ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) вориди масҷид шуд ва марде низ вориди масҷид шуда ду ракъат намоз гузошта назди паёмбари акрам ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) омада салом дод
Ва паёмбари акрам ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) ба вай гуфт
Бирав ва намоз бихон ту намоз нахонди
Он мард рафта намоз хонда боз ҳамчуноне .бори аввал карда буд назди пёмбари акрам ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омада салом дод
Паёмбари акрам ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) бори дуюм ба вай гуфт
Бирав намоз бихон ту намоз нахонди
Он мард рафта намоз хонду ҳамчуноне ки бори дуюм карда буд назди паёмбари акрам ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам ,) омада салом дод
Паёмбари акрам ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бори сеюм ба вай гуфт
Бирав намоз бихон ту намоз нахонди
Он мард гуфт ба ҳаққи он Худое ки туро ба паёмбари фиристодааст ман аз ин хубтар намоз хонда наметавонам маро биомуз
Паёмбари акрам ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) ба вай гуфт
Вақте ки барои намоз хондан хести аввал Аллоҳу акбар гуфта ният кун
Пас ҳар қадаре ки тавонисти Қуръон бихон
Пас рукуъ кун ва дар рукуъ ист то бадан оромиш ёбад
Пас ( Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ ) гуфта боло шав ва миқдори оромиш ёфтани бадан ист
Пас саҷдае кун ки баданат дар он оромиш ёбад
Пас аз саҷда бархез ва дуо гуфта байни ду саҷда ист то баданат оромиш ёбад
Ва ҳамингуна амалҳоро дар ҳамаи намозҳоят риъоя кун
( Саҳиҳи Бухорӣ )
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев