Предыдущая публикация
Чӣ созам, эй дили якрав,
Фаромӯш кардан осон нест.
Зи тахту маснад ишқатро
Сабукдӯш кардан осон нест.
Нафас ҳам тарки мо карда
Ки дигар зиндагӣ дард аст.
Дили якрав, ту медонӣ?
Ҳавои зиндагӣ сард аст.
Дигар, эй дил, ба мисли ту
Бидон, девонае ҳам нест.
Рафиқи нимароҳи ман,
Чу ту бегонае ҳам нест.
Дило, кардӣ хато бисёр,
Чаро беҳуда ғам хӯрдам.
Даруни косаи сабрам
Чӣ заҳри дам ба дам хӯрдам.
Ба беморхона мегардам,
Дило, баҳри давои ту.
Ду чашмонам пур аз ашк аст
Барои ҳар хатои ту.
АНИСА МАНОНОВА
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев