Предыдущая публикация
Аз Зиндагониям гила дорад Ҷавониям,
Шармандаи чавонӣ аз ин зиндагониям.
Дорам ҳавои суҳбати ёрони рафтаро,
Ёрӣ кун, ай Аҷал,ки ба ёрон расониям.
Парвои панҷрӯза ҷаҳон кай кунам,ки Ишк,
Дода навиди зиндагии ҷовидониям.
Гӯши замин ба нолаи ман нест ошно,
Ман тоири шикастапари осмониям.
Ай лолаи баҳорӣ ҷавонӣ,ки шуд хазон,
Аз доғи мотами ту баҳори Ҷавониям.
Гуфтӣ ки оташам бинишонӣ, вале чӣ суд,
Бархостӣ ки бар сари оташ нишониям.
Дар хоб зиндаам,ки ту мехониям ба хеш,
Бедориям мабод,ки дигар нарониям.
Шамьам гирист зор ба болин,ки Шахриер,
Ман низ чун ту ҳамдами сузи ниҳониям!
Шахриери Табрези.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев