Предыдущая публикация
Ѓарибе, бенасибе, хоксоре.
Чу барқ аз оҳи гарм оташфурӯзе,
Чу шамъ аз сӯзи дил шабзиндадоре.
Ба дил тухми ғами ишқи ту кардам,
Надорам ғайр аз ин кореву боре.
Парешон шуд зи ишқат рӯзгорам,
Бубахшо бар парешонрӯзгоре.
Зи зуфат кори ман ошуфтатар гашт,
Чӣ гирӣ бар дил аз ошуфтакоре.
Зи ман гар хурдае омад, макун айб,
Зи хурдон хурда набвад айбу оре.
Шафеъ овардаам пеши ту инак
Рухи зардеву чашми ашкборе.
Кам аз хоки раҳам, ҳайф аст, к-аз ман
Нишинад бар дили покат ғуборе.
Ба оҳи сард хуш мебош, Ҷомӣ,
К-аз ин дай бардамад рӯзе баҳоре.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев