Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олимақоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба ҳоҷиёни Байтуллоҳилҳаром ҳаҷро меҳвари ваҳдат ва маънавияти мусулмонон ва ҷаҳони башарӣ хонд. Матни комили паёми ишон тақдими шумо мегардад то аз он баҳраманд шавем.
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Валҳамду лиллаҳи раббилоламин ва саллаллоҳу аларрасулилазими Муҳаммадин алМустафо ва олиҳиттайибина ва саҳбиҳилмунтаҷабин
Салои Иброҳимии ҳаҷ ва фарохони ҷаҳонии он, бори дигар аз дили таърих, ҳамаи гетиро мухотаб сохт ва дилҳои мустаид ва зокирро ба шӯру шавқ афканд. Нидои даъваткунанда хитоб ба ҳамаи оҳоди башар аст:
و اَذِّن فِی النّاسِ بِالحَجّ
«Ва дар миёни мардум барои [адои] ҳаҷ бонг баровар...» Сураи Ҳаҷ, бахше аз ояти 27
ва Каъба мизбони муборак ва раҳнамои ҳамаи инсонҳо аст:
اِنَّ اَوَّلَ بَیتٍ وُضِعَ لِلنّاسِ لَلَّذی بِبَکَّةَ مُبارَکاً وَ هُدیً لِلعالَمین
«Дар ҳақиқат нахустин хонае, ки барои [ибодати] мардум ниҳода шуда, ҳамон аст, ки дар Макка аст ва барои ҷаҳониён муборак ва мояи ҳидоят аст.» Сураи Оли Имрон, ояти 96
Каъба ба унвони нуқтаи марказӣ ва меҳвари асли таваҷҷуҳоти оҳоди мусулмонон ва оини ҳаҷ ҳамчун намунаи кӯчак аз густараи мутанаввеи дунёи Ислом, метавонад дар хидмати таолии ҷомеаи башарӣ ва саломату амният ҳамаи инсонҳо бошад. Ҳаҷ метавонад ба кулли башарият, эътилои маънавӣ ва иртиқои рӯҳӣ ва ахлоқӣ бирасонад ва ин ниёзи ҳаётии башари имрӯз аст. Ҳаҷ метавонад ҳамаи барномаҳои истикбор ва саҳюнизм барои суқути ахлоқии башари имрӯз ва фардоро ботил ва беасар кунад.
Шарти лозим барои ин асаргузории ҷаҳонӣ он аст, ки мусулмонон дар қадами нахуст, хитоби зиндагибахши ҳаҷро худ ба дурустӣ бишунаванд ва ҳамаи ҳиммати худро барои амалӣ кардани он ба кор гиранд. Ду пояи аслии ин хитоб «ваҳдат» ва «маънавият» аст. Ваҳдат ва маънавият зомини иртиқои моддӣ ва маънавии ҷаҳони Ислом ва нурафшонии он ба ҳамаи гетӣ аст.
Ваҳдат ба маънои иртиботи фикрӣ ва амалӣ ва ба маънии наздик шудани дилҳо ва андешаҳо ва ҷиҳатгириҳо аст; ба маънии ҳамафзоии илмӣ ва таҷрибӣ аст; ба маънии пайванди иқтисодии кишварҳои исломӣ аст; ба маънии эътимод ва ҳамкории давлатҳои мусулмон аст; ба маънии ҳамёрӣ дар баробари душманони мусаллам ва муштарак аст.
Ваҳдат ба ин маъност, ки нақшаи тарроҳишудаи душман натавонад фирқаҳои исломӣ ё миллатҳо ва нажодҳо ва забонҳо ва фарҳангҳои мутанаввеи ҷаҳони Исломро дар баробари якдигар қарор диҳад. Ваҳдат ба ин маъност, ки миллатҳои мусулмон якдигарро, на аз роҳи муаррифии фитнаангези душман, балки аз роҳи иртибот ва гуфтугӯ ва рафтуомад бишиносанд; аз имконот ва зарфиятҳои якдигар огоҳ шаванд ва барои баҳрабардорӣ аз он барномарезӣ кунанд. Ваҳдат ба ин маъност, ки донишмандон ва донишгоҳҳои ҷаҳони Ислом даст дар дасти якдигар ниҳанд; уламои мазоҳиби исломӣ бо хушгумонӣ ва мудоро ва инсоф ба якдигар бинигаранд ва суханони якдигарро бишнаванд; нухбагон дар ҳар кишвар ва ҳар мазҳаб якояки мардумро бо муштаракоти якдигар ошно ва ононро ба ҳамзистӣ ва бародарӣ ташвиқ кунанд.
Ваҳдат ҳамчунин ба ин маъност, ки пешравони сиёсӣ ва фарҳангӣ дар кишварҳои исломӣ, ба гунае ҳамоҳанг худро омодаи шароити назми ҷаҳонии пеши рӯ кунанд; ҷойгоҳи шоистаи уммати исломиро дар таҷрибаи ҷадиди ҷаҳон, ки саршор аз фурсатҳо ва таҳдидҳо аст, ба дасти худ ва ба иродаи худ таъин кунанд; нагузоранд таҷрибаи талхи «муҳандисии сиёсӣ ва сарзаминии ғарби Осиё ба дасти давлатҳои ғарбӣ пас аз ҷанги ҷаҳонии аввал» такрор шавад.
Маънавият ба маънои иртиқои ахлоқи динӣ аст. Афсуни ахлоқ минҳои дин, ки муддатҳо аз сӯи манобеи фикрии ғарби тарвиҷ мешуд, саранҷомаш ҳамин суқути бемори ахлоқӣ дар ғарб аст, ки ҳама дар дунё шоҳиди онанд. Маънавият ва ахлоқро аз маносики ҳаҷ, аз соддазистӣ дар иҳром, аз нафйи имтиёзоти мавҳум, аз
«وَ اَطعِمُوا البائِسَ الفَقیر»
«... Ва ба дармондаи мустаманд бихӯронед.» Сураи Ҳаҷ, бахше аз ояти 28
аз «لا رَفَث وَ لا فُسوقَ وَ لا جِدال»
«... Дар аснои ҳаҷ ҳамбистарӣ ва гуноҳ ва ҷидол [раво] нест...» Сураи Бақара, бахше аз ояти 197
аз гардиши ҳамаи уммат бар гирди меҳвари тавҳид, аз санг задани шайтон ва безорӣ аз мушрикон бояд омухт.
Бародарон ва хоҳарони ҳаҷгузор!
Аз фурсати ҳаҷ барои тадаббур ва тааммуқ дар розу рамзҳои ин фаризаи беназир баҳра гиред ва тӯшаи ҳамаи умри худ созед. «Ваҳдат» ва «маънавият» дар ин мақтаи замон беш аз гузашта дар маърази душманӣ ва коршикании истикбор ва саҳюнизм аст. Амрико ва дигар қутбҳои султаи истикборӣ бо ваҳдати мусулмонон, бо тафоҳуми миллатҳо ва кишварҳо ва давлатҳои мусулмон ва бо диндорӣ ва шариатмадории насли ҷавони ин миллатҳо ба шиддат мухолифанд ва бо ҳар васила битавонанд бо он муқобила мекунанд. Вазифаи ҳамаи мо ва ҳамаи миллатҳо ва давлатҳои мо истодагӣ дар баробари ин нақшаи хабосатолуди амрикоӣ ва саҳюнистӣ аст.
Аз Худованди алим ва қадир кумак бихоҳед; рӯҳияи безорӣ аз мушриконро дар худ тақвият кунед; ва худро ба нашру умқбахшии он дар муҳити зиндагии худ муваззаф бидонед.
Тавфиқи ҳамагон ва ҳаҷҷи мақбул ва машкурро барои шумо ҳуҷҷоҷи эронӣ ва ғайри эронӣ аз Худованди Мутаол масъалат мекунам ва дуои мустаҷоби ҳазрати Бақиятуллоҳилаъзам (Арвоҳуно фидоҳу)-ро барои ҳамагон орзу менамоям.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ
6 Зилҳиҷҷаи 1444 ҳ.қ.
4 тирмоҳи 1402 ҳ.ш.
25 июни 2023 м.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев