Дар китобҳои мо омилҳои бисёре дар бораи пойдорӣ ва бақои иззат нақл шудааст, ки риояти онҳо дар зиндагӣ инсонро бар тибқи суннати Паёмбари Акрам (с) тарбия карда ва бо такя ба онҳо инсон азиз ва дар натиҷа маҳкаму шикастнопазир мешавад. Дар ин навиштор муҳимтарини ин авомилро баён хоҳем кард.
Бандагии Худо
Ҳеҷ чиз ба монанди бандагӣ ва итоат аз Худо ба инсон иззат намебахшад.
Аз паёмовари иззат, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) нақл шудааст, ки фармуданд:
إِنَّ اللّه َ تَعالى يَقولُ كُلَّ يَوْمٍ: أَنَا رَبُّكُمُ الْعَزيزُ، فَمَنْ أَرادَ عِزَّ الدّارَيْنِ فَلْيُطِعِ الْعَزيزَ
Худои Таоло ҳар рӯз мефармояд: Ман Парвардигори Азизи шумо ҳастам, пас ҳар кас хоҳони иззати ду ҷаҳон аст, бояд ки аз Худои Азиз итоат кунад. (Канзул-уммол, ҳадиси 43101)
Итоати Худо бандаи кучакро ба бениҳоят азизу қавӣ мекунад ва бандаро ба мавҷуди сарафрозу сарбаланд табдил медиҳад. Ҳақиқати иззат аз они Худо аст ва танҳо бо такя ба Худост, ки иззат ба даст меояд, касе ки ба азамати Худо такя мекунад, ба бузургие хоҳад расид, ки ҳеҷ чиз онро аз байн намебарад ва ҳама чиз дар муқобили он кучак хоҳад буд, тавре ки Худои Мутаол мефармояд:
قَدْ تَبَيَّنَ الرُّشْدُ مِنَ الْغَيِّ فَمَنْ يَكْفُرْ بِالطَّاغُوتِ وَ يُؤْمِنْ بِاللَّهِ فَقَدِ اسْتَمْسَكَ بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقى لَا انْفِصامَ لَها
“Ба ростӣ, ҳидоят аз гумроҳӣ равшан шудааст, пас ҳар касе ба тоғут куфр варзад ва ба Худо имон оварад, дар ҳақиқат, ба дастовези устуворе чанг задааст, ки ҳеҷ гусастание барояш нест.” (Сураи Бақара, ояти 256)
Касе, ки ба Худо такя мекунад дар баробари зулми дигарон таслим намешавад ва ҳаргиз хориву зиллатро намепазирад, инсоне ки ба Худо имон надошта бошад ва ба ресмони Ӯ такя накунад дунё дар назараш бузург хоҳад буд ва дар баробари ҳаркас ва ҳар чиз худро хору барда хоҳад кард... https://ahnof.com/a-ida/avomili-pojdor%d3%a3-va-ba%d2%9boi-izzat-bahshi-avval.html
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев