*
* НАНАЙ-- Ё ХУД ЧАНД ФИКР МАРБУТИ НОМ ВА ТАЪРИХИ ОН.
* Дар Ӯзбекистон ду деҳаи кӯҳӣ бо номи Нанай мавҷуд аст. Дар ин ду деҳа асрҳои дароз тоҷикон зиндагӣ мекарданд. Муттаасифона дар Нанайи вилояти Намангон тоҷикон асимилиясия шудаанд.
* Этимологияи пайдоиши номи деҳа - Нанай ҷолиб аст. Дар ҷанубии қаторкӯҳи Тиён -Шон як деҳаи дигаре бо номи Нанай мавҷуд аст, пас тахмин кардан мумкин аст, ки воқеаҳои дар хотираи мардум ҳифзшуда заминаи воқеӣ дорад. . Аксар вақт мардум, ки маҷбур буданд бо шароити маҷбурӣ аз хонаҳояшон кӯчанд, дар якҷоягӣ бо моликияти хонагӣ аксар вақт номи деҳаи зодгоҳашонро «интиқол» диҳанд. Чунин падида дар тадқиқоти махсуси топонимикӣ низ қайд карда шудааст. Ин маънои онро дорад, ки ривоят дар бораи ҷустуҷӯи беҳтарин ҷойҳои зист аз ҷониби сокинони як деҳа фаромӯшшуда решаҳои воқеӣ дорад. Дар навбати худ Нанайи вилояти Намангон ва деҳаи Гургбон феълан Бурбонлиқ ноҳияи Олитиариқи вилояти Фарғона замоне аз Нанайи вилояти Тошканд кӯч бастаанд,
* Нанайро, (Аннана, Анахит, Нана .Нанайя ..) бигӯед, ки дар Месопотамияи қадим - Шуммерҳо чун маъбуди набобот эътироф карда мешавад, ки манзараи набототи кӯҳистони Нанай чунин тахминро бо воқеият тасдиқ менамояд. Тадқиқоти олимон, ( калимаҳои ба ҳам алоқамандии забони шумер ба забони ориёӣ ( имрӯза порсй) ба назар мерасад, ки муносибати номҳои Нанай аслан Нанайя бошад.Чун навиштаҷоти Шумер бо навиштаҳои беҳисутунӣ байни ҳам муштаракӣ дошт.
*
* Пайдоиши номи деҳа якчанд версия дорад. "Нана" дар забони тоҷикӣ маънои гиёҳи шифобахши махсусро дорад, ки "Нанай" аз он гирифта шудааст. Дигарон бар онанд, ки калимаи "Нона" номи олиҳаи тоҷик аст, ки маънояш "тоза", "зебо" аст ва деҳа ба шарафи номгузорӣ шудааст. "Non-hai" аст, яъне "нон ҳаст." Ва ба қавли муаррих Саодат Саидзода аз решаи калимаи Най най - Найнай Нанай , се паҳлӯи деҳаи Нанай азбаски дарё ҷорист аз ин рӯ метавон тахмин бикунем аз решаи калимаи Най най яъне найзор бошад.
Согласно сирийскому роману об Александрии согдийцы Самарканда особо почитали богиню Нанайю На самом деле география почитания этой богини гораздо более обширна. В том числе она отчётливо появлялась в памятниках древнего Панжикента.(Word jewellery livejournal.com .)
Дақиқтар ва наздиктарин номи Нанай аз забони куҳани суғдӣ номи худои набототи Суғдиён ба воқеияти номи деҳаи Нанайро дорад. .
ЮНОН ВА СУҒДИЁНИ МАҲАЛЛӢ.
* Аҳолии Нанай, тибқи ривоятҳои маҳаллӣ, дар замони Искандари Мақдунӣ (Искандари Зулкарнайн) ташаккул ёфтааст.
* Ин шаҳр, ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, аз ҷониби муаррихони қадимаи Юнон шояд, ки "Искандарияи Эсхата" , деҳаи имрӯзаи Нанай бошад. Чун вожаи Ахсика бо Ахсарсой аслан( Ахсаксой )шабоҳат дорад. . Барои сохтани қалъа дар ривоятҳо Искандар чор навкарони оиладорро ба қалъа фиристод.
* Навхонадорон ба сохтани корвонсаройҳо ё нуқтаҳо назорат мекарданд, то артиши асосиро бо ҳама чизҳои зарурӣ барои маърака, бехатарӣ ва истироҳат таъмин кунанд. Пас аз он, ки сохтмон идома дошт, қисми асосии артиши Юнон маҷбур шуд ба пеш ҳаракат кунад, ки гарнизонҳои мустаҳкамро дар қафо, дар қалъаҳо (ё дар истилоҳи сокинони маҳаллӣ, корвонсаройҳо) боқӣ гузорад. Ин чор оилаи навхонадорон ва якҷоя мардуми суғдӣ ва бо отрядҳои худ ва бо кӯмаки сокинони маҳаллӣ ( суғдиён)аз Чоч то Нанай чор қалъа бунёд намуданд Ин чаҳор оила 2200 сол пеш деҳаро бунёд карданд ва гузаштагони ҳамаи сокинони қалъаи деҳаи Нанай шуданд.
Азбаски ғизои асосии навкарони Искандар Мақдунӣ чормағз юнонӣ буд, чормағзорони чандинҳазорсолаи деҳаи Нанай аз замони пеш аз милод хусусан аз даври юриши Искандари Мақдунӣ садо медиҳанд.
* Ҳодисаҳои таърихии марбут ба ҳуҷуми арабҳо ва исломигардонии аҳолии маҳаллӣ низ дар санъати шифоҳии мардумӣ - ривоятҳо, анъанаҳо, дар фаровонии ҷойҳои муқаддас дар Нанай ва атрофи он инъикос меёбанд.
* Мувофиқи ривоятҳои маҳаллӣ, сокинони Нанай осоишта зиндагӣ мекарданд, кор мекарданд, ба киштзорҳои худ нигоҳубин мекарданд, чорпоён( имрӯз чорво аслан аз вожаи чор по,пой) мечариданд ва асал ҷамъ меоварданд. Онҳо гоҳ-гоҳ ба идҳои анъанавӣ ҷамъ меомаданд, ба худоҳои худ мадҳияҳо месароиданд, ба наздикони худ сурудҳо месуруданд, тӯйҳо барпо мекарданд, то ҳадди имкон ғамгин мешуданд, барои онҳое, ки то абад ба номаълумҳои дур рафтаанд, ба ибораи калом, ҳаёти деҳот аҳолии Осиёи Миёна дар асри VIII маъмул буд. Нанайиён меҳнатдӯст буданд, замин ҳосилхез, чарогоҳҳо фаровон буданд, аз ин рӯ онҳо ба фаровонӣ зиндагӣ мекарданд. Барои пешгирӣ кардани ҳамсоягон ва душманон, ки коргарони осоиштаро ба ҳайрат меоранд, дар нимашаби шаб беномус зоҳир мешуданд. Нанай як навъ системаи мудофиа - пулӣ дошт
* Пеш аз пур кардани ҳавзаи обамбори Чарбоғ дарёи Пском шояд аслан( Пскон)
бошад дар дараи амиқе буд, ки нишебиҳои хеле баланд ва касногузар дошт. Онҳоро на танҳо барои одам, балки барои бузи кӯҳӣ ҳам гузаштан ғайриимкон буд. Ягона пайроҳае, ки базӯр ишора шудааст ва дар баъзе ҷойҳо онро сокинони қалъа ислоҳ кардааст, дар нишебиҳои сангу нишеб пайванди Нанай дар рӯи об, дар таги деҳа, ду санги калон берун монданд, ки «сирри ҳарбӣ» ва умеди оромии сокинони Нанай буд.Ба ин ду санг, ки ҳамчун пул хидмат мекарданд, чӯбҳо партофта шуданд. Ҳар бегоҳ, аз саҳро ё чарогоҳ бармегашт ва дар ҳолати хатари низомӣ, ҳатто муддати тӯлонӣ ин чӯбҳоро канда, деҳа баста буданд.
* ҶАНГ БО АРАБ ВА ҚАБУЛИ ДИНИ ИСЛОМ.
Тақрибан солҳои 164 ҳиҷрӣ / 780-и мелодӣ дар муқобили деҳа як лашкари араб бо роҳбарии Ансорӣ ё Хоҷа Абдулло пайдо шуд. Мувофиқи анъанаи солҳои аввали ислом, ба сокинони Нанай ду варианти тақдири ояндаи онҳо пешниҳод карда шуд онҳо исломро қабул кунанд ва дар деҳаи худ мувофиқи қонунҳои мусулмонӣ зиндагӣ кунанд ё ба майдони ҷанг ворид мешаванд ва он гоҳ ғолиб тасмим мегирад, ки чӣ гуна зиндагӣ кунад. Аҳли деҳа аз Худоёни худ боэътимод буданд, онҳоро падарон ва бобояшон парастиш доранд. Аҳли Нанай, - "мо боз як илоҳи барои мо номаълум, худои нав, тартиботи навро қабул хоҳем кард? ҷавоби сокинони деҳаи Нанаӣ бечунучаро буд инкор ва рад буд.
* Ҷанги хунини артиши араб бо сокинони қадимаи Нанай, пайравони худоёни кӯҳна ва муҳофизакорон, ки чизи навро намехостанд тақрибан ҳашт рӯз идома дошт. На арабҳо ва на нанайиҳо бар якдигар ғолиб омадаанд. Ҳар як амали ҷангӣ бенатиҷа анҷом ёфт. Дар ин лаҳзаи душвор онҳо тасмим гирифт,ки як муборизаи ягонаи қаҳрамононро гузаронанд, ки он дар таърихи ҷангҳо ҳам пештар ва ҳам дертар ба амал омадааст Аз ҷониби араб паҳлавоне бо табари бузурги ҷангӣ пайдо шуд. Набарди бераҳмона, марговар ва ҳалкунанда ҳам барои арабҳо - мусалмонон ва ҳам барои нанайиҳо - зардуштиён сар шуд. Дар назди тамоми сокинони қалъа нанайиро паҳлавони араб зур омад. Тарс аз чунин манзараи мудҳиш ба ҷони одамон ғарқ шуд. "Дидан мумкин аст, ки ин иродаи худоён аст. Агар худои нав аз худои пешинаи мо қавитар бошад ва ба мусалмон ғалаба бахшад, пас тақдир чунин аст." Нафароне, ки мункир буданд аз зери табар гузаронида қатл менамуданд. То имрӯз лақаби деҳаи Нанай табар, табарча мебошад. Билохира сокинони деҳоти Нанай бо чунин фикр ва тарси табар исломро қабул намудаанд ва ба иҷрои тамоми дастурҳои китоби муқаддаси мусалмонон - Қуръони Каримро шурӯъ намудаанд.
ТАПАНОМИКАИ ДЕҲАИ НАНАЙ.
* Дар омӯзиши таърихи масканҳо лаҳча ва тапономикаи он ба нуқтаи амиқи хулосаҳо раҳнамоӣ хоҳад кард.
* Номҳои куҳпояи деҳаи Нанай аз вожаҳои суғдӣ иборат аст. Масалан номи деҳа Нанай, Учук, чодак,зодак, пул, ағравак ,аравуд,муғ,гури муғ, ғав, ва ҳоказо Нанайиҳо дар лаҳҷаи худ калимаҳои суғдиро пос доштаанд чамбуч -- замбуруғ пул-- кӯпрук, ғор-- буғут, гов-, модгов, фаҳш -- ғар, дикки ва ғайра. . Деҳҳои Полвонак дар шояд аз решаи вожаи Пулбонак , пул куприк бон бошад.Испай шояд аз решаи вожаи Аспай асп --пай бошад. Мулало аз решаи вожаи мул олӣ Курдиптур - Курдитур, Майдонтол - тол яъне бед, Чакак як чак баробари 1 га яъне чакак ба маънии замини кӯчак, Пском аслан Пскон калимаи суғдӣ мебошад. Дар деҳҳои мазкур мардум дар лаҳчаи Нанайӣ ҳарф мезананд. Шояд замоне аз қалъаи Нанай кӯч баста бошанд. Чун сокинони ин деҳот,деҳи худро, ба номи худ номбурда, Нанайро ҚАЛЪА меноманд. Урфу одатҳои деҳҳои боло ва қалъа тафовут надорад.
* . Нависанда Марина Довгаль марбути Нанай гуфтааст: "Возможно Заратустра и зарождение зароастризма происходило в этом местности. Так как где начал свои проповеди Заратустра , с трех сторон протекает реки . Слево от Нанайя речка Ағзар или зодак справа Қилчимгон с передней части река Пском Местоность соответствует описанием книгы Авеста."
* . Ин албатта , тахмин аст.
* Профессори Донишгоҳи Давлатии Самарканд шодравон СОЛЕҲ ҲАЛИМОВ низ, чунин гуфтааст:
* Маҳз ориёни аслӣ дар Нанай зиндагӣ доранд. Ӯстоди шодравон ҳангоми сафарашон пай бурдаанд,ки аксарият қиёфаи европоид доранд . Урфу одатҳои деҳот эьтибор кардаанд,ки тозагӣ, саранҷому сариштии аҳли деҳи Нанай устодро дар ҳайрат мондааст. Баьди пухтани ғизо назди тандуру дегсанга сатили оби лойи зард ба пок кардани сиеҳӣ аз танур назди ( ошдон, оштон дар шеваи деҳот.) ва ошдон ( дегсанга) омода мебошад.
* Дар Нанай,
* Дар фасли дай
* Ангур бипӯхт
* Мо бихӯрдем,
* Дар тамуз
* Оби куҳак,
* Ях баст
* Мо гузаштем. (Аз фолклори деҳаи Нанай)
* САЛИМ ИНОМЗОДА .давом дорад.......
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев