ШАВҲАР НАМЕБАРОЯМ,
Ҳамагӣ 22 сол доштам, ки
шавҳарам дар садамаи
автомобилӣ ҳалок гашт. Азбаски
ҷавонмарди сарватманду пулдор
буд, дар се ҷо хона доштем.
Хонаи
чорҳуҷрадори серҷиҳози
маркази
шаҳрро ӯ ба номи ман карда буд,
ки волидону бародаронаш се сол
судбозӣ карданд, то хонаро аз
ман
кашида гиранд, аммо
натавонистанд. Зеро дар он хона
танҳо ману духтарчаи яксолаам
дар қайд будем. Дар Донишгоҳи
омӯзгорӣ ғоибона мехондаму
муаллима шуда кор мекардам,
ғайри омӯзгорӣ дарсҳои иловагӣ
медодаму аз ҳисоби рӯзҳои
истироҳату хоби шабам бо
мошинкаи
кӯҳнаяке корҳои курсӣ ва
дипломии донишҷӯёнро чоп
карда медодам. Мудом аз
бехобию
нарасидани вақт азоб
мекашидам,
хостгоронизиёде доштам, аммо
намехостам духтаракам азоби
пияндарро кашаду хорию зорӣ
бинад, аз ин рӯ, шавҳар
намекардам. Ҳамин тавр умри
ҷавонамро сарфи духтари
ягонаам
Азизаҷон карда, ӯро бе
камбудию
норасоӣ ба воя расонидам.
Мехостам духтарам табиб шавад,
аммо ӯ пас аз хатми мактаб
танҳоии маро андеша накарда,
ба
яке аз донишгоҳҳои иқтисодии
Маскав ҳуҷҷатҳояшро супорида,
донишҷӯ шуд. Дар панҷ соли
донишомӯзии ӯ нури чашмонам
аз
роҳпойӣ кам шуд, вале духтари
бо
ноз парвардаи ман, ҳатто дар
давраи таътил ҳам модари
зорашро хабаргирӣ намеомад.
Танҳо вақте ба хона занг мезад,
ки
пул даркораш бошад. Ҳар моҳ
барояш пули зиёде
мефиристодам,
аз хӯрдану пӯшидани худам
сарфа карда, ӯро таъмин
менамудам. Ҳамин тавр духтарам
соҳибдиплом гашту ба ватан
барнагашт, боз мани бечора пул
ҷамъ карда, чипта харидаму ба
дидораш рафтам, охир, панҷ сол
боз фарзандамро надида будам.
Бо
як азоб ҷойи корашро ёфтаму
Азизаро пайдо намудам, худашро
пур карда, духтари қоматбаланди
зебое шуда буд. Маро хеле сард
қабул карда гуфт:
- Оча, шарт буд саргардон шуда
ҳамин қадар роҳи дароз пул
сарф
карда омадани шумо? Ман худам
рафтанӣ будам…
-То ту мерафтӣ, ки ман аз
интизорӣ мемурдам, духтарам,
гуфтам дар ҷавоб, вале ӯ ба ман
нигоҳи норозиёнае партофту
халос. Ҳамагӣ ду рӯз бо ӯ дар
хобгоҳи аз тарафи корхонаашон
дода истодаму ӯ бароям бо
пулҳои
худам чипта харида, маро ба
Тоҷикистон фиристод. Вақти
хайру
хуш гуфт, ки моҳи дигар ба
хабаргирии ман меояд. Ба хона
расидаму ба дугонаам Мунира, ки
аз ҳама азобҳои ман огоҳ аст,
занг
зада омаданашро хостам.
Дугонаам
аз ин таклифи оҷилонаам дар
ҳайрат шуда, давида ба хона
омад,
ӯро ба оғӯш гирифта, зор-зор
гиристаму муносибати бисёр
сарди
духтарамро барояш қисса
кардам.
Ман намефаҳмам, ки барои
кадом
гуноҳам Худованд бароям чунин
ҷазоро муносиб дидааст? Охир,
пас
аз
фавти фоҷиавии ҳамсарам
Сарабек, дигар ёди шавҳар
накардаму тамоми буду шудамро
барои Азизаам бахшидам, ки
дами
пирӣ асои дастам гардад.
Хостгории ҷавонмардони зебои
чор кас медидагиро рад кардам,
ки
духтарам зери зулми пияндар
намонад. Ёд дорам, боре як
корманди ҳифзи ҳуқуқ, ки занаш
фавтида буд, ду моҳ аз қафоям
давида, маро зора мекард, ки
занаш шавам. Ӯ низ аз ҳамсари
марҳумаш як духтарча дошт, ту
духтари маро ба фарзандӣ қабул
кун, ман бошам, духтари туро
нури
чашм мекунам, мегуфт ӯ, қариб
гириста, аммо ман не гуфтам.
Ҳатто
ҳамин Мунира барои якравиям
бо
ман се моҳ қаҳрӣ гашт. Ҳамон
рӯзи
ба дугонаам рози дил гуфтанам
ҳам
ӯ ишқи ҳамон марди зебо ва
беақлии маро ба ёдам оварда,
болои сӯхтагиҳои дилам намакоб
пошид…
Пас аз се моҳи ин гуфтугӯ Азиза
ба
хабаргирии ман омад, ду даст дар
дари бинӣ, ӯ ҳатто як килло қанд
ҳам наовард, ки ман пеши ҳаққу
ҳамсоя гузошта, духтарам
овардааст гӯён ифтихор кунам. Аз
шарми ҳамсояҳо давида рафта,
чанд кило қанду қурс харидаму
инро духтарам овардааст гӯён
шармшикан рӯйи дастархон
гузоштам. Пас аз ду рӯзи
омаданаш
Азиза дари дилашро ба рӯям боз
карда, мақсади омаданашро баён
дошт, ӯ бо як хунсардии ба
худаш
хос гуфт:
- Оча, ман чанд вақт пеш ба як
қароре омадам, ки хонаро
фурӯшему
ман ба пули ин дар Маскав барои
худ як хонаи як ҳуҷрагӣ харам. Аз
ин суханони духтарам ҳуш аз
сарам
париду ба қавли маъмул зунукам
гирифт. Намедонам, пас аз чанд
сония гуфтам, ки Азиза, ту чиҳо
мегӯӣ? Ин хона аз дасти падарат
асту ман ҳеҷ гоҳ онро
намефурӯшам. Орзу доштам, ки
туро ба шавҳар медиҳаму
ту бароям набераписар таваллуд
мекунӣ, ба писарат номи
падаратро мемонаму дар ин хона
бузургаш мекунам, ту бошӣ… Дар
ин ҷо риштаи суханам канда
шуду
ғами чандин сол дар дилам
ҷамъшуда сар зад ва беихтиёр
инони гиряро сар додам. Духтари
дилсангам бошад, ба ҷойи
бахшишпурсию дилбардорӣ, бо
нафрат
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев