(Кисми 1)
Шавҳарам марди хушрӯзгоре буд. Маро хеле зиёд дӯст медошт. Барои ман ба тамоми кор тайёр буд. Ба хотири он ки мани эркаашро аҳли хонаводаашон бад набинанд, ҳамеша дастгириам менамуд. Агар дили волидонаш таом ё самбӯсаи варақине хоҳаду пухтани онро аз ман талаб кунанд, зуд рафта онро аз тарабхона харида меоварду мегуфт, ки келинатон пухтааст. Намегуфт, ки ҳамсари ман аз
ӯҳдаи пухтани он намебарояд. Зеро ба сад дил дӯстам медошту намехост падару модараш камбудии маро дида гӯянд, ки: «сар деҳ ин гуна зани беҳунарро». Хулоса, ман бонуи дӯстдоштатарин ва эркаи хонадонаш будам. Чизеро дареғам намедошт. Агар аз осмон дилам ситора хоҳад, тайёр буд, ки пайдо созад. Бо хоҳиши талабҳои боисрори ман хонаи алоҳида харидему занеро барои иҷрои хизматҳои хона даъват намудем. Дигар дастамро дар оби хунук намезадагӣ шудам. Танҳо ба меҳмонӣ мерафтаму ба мағозаҳои дилхоҳам рафта барои худам ягон либоси даркориамро харидорӣ мекардам. Акнун бо кӯдакон машғул шудан, либосҳояшонро дарзмол намудан, ба саволҳояшон ҷавоб гардонидан ба зиммаи он зан афтида буд. Кӯдаконам аз чизе камбудӣ надоштанд. Барояшон либосҳои беҳтаринро мехарид Комрон. Ягон хоҳишҳои ман низ дар ҳаво намемонд. Ҳамаашро бе чуну чаро иҷро менамуд. Мисли як малика мезистаму чӣ тавре ки занҳои заҳматкаш дар фикраш ҳастанд, намедонистам, ки азоби пайдо намудани пораи ноне чист. Намедонистам, ки дар мағоза нон чӣ нархе дораду дар бозор нархи сабзавот чанд сомонӣ аст. Вақтҳои охир чунон ландаҳур гашта будам, ки ҳатто хӯрокамро худам кашида оварда намехӯрдагӣ шудам. Падару модари ӯро тамоман писанд намекардам ва чашми дидан ҳам надоштам. Ҳурматашонро ба ҷо намеовардам. Комрон ба хотири дӯстдории беҳад зиёд ба ҳамаи ин рафторҳо чашм мепӯшиду волидони маро ба дараҷаи даркорӣ ҳурмат менамуд. Гӯё ӯ як дурдонае будам, ки аз қаъри баҳр пайдоям намуда бошад. Барои ӯ аз ҳама муҳим он ки дар
ҷогаҳ қаноатмандаш гардонам бас буд. Ҳамеша мегуфт, ки «ту маро сер кун бас, ба дигараш корат набошад». ӯ гумон намекард, ки аз ҳад зиёд эрка намудани зан мардум оқибати хуб надорад. Волидонаш мехостанд, насиҳаташ намоянд, аммо вай ба онҳо имконият намедод. « Чӣ қадаре, ки ҳурмату эҳтиром лозим аст, ман ба ҷои ӯ мекунаму хизмататонро ба ҷо меорам, ба ҳамсари ман кордор нашавед»- мегуфт доим ба онҳо. Онҳо низ ба хотири он ки шавҳарам фарзанди аз ҳама хурдии эркаашон буду аз таҳти дил хизматашонро ба ҷо меовард ва тамоми шароитҳоро барояшон муҳайё сохта буд, хомӯш буданду дам ба дарун мегаштанд.
Як вақт Комрони ман бемор гашт ва бо хоҳиши рафиқони дар Русия доштааш барои табобат он ҷо сафар намуд. Муддати як моҳ аз ӯ дарак нашуд. Ба қавли худаш асабҳояшро табобат намуда бо нерӯи тоза ба хона баргашт. Аммо…. ман дигар ҳамсари поку ҳалолаш набудам. Ҳанӯз рафтанашро як ҳафта нашуда тоқати ман тоқ гардид.
– Комрон, тезтар намеоӣ, ки пазмонат шудам? – бори аввал ба ӯ занг зада гуфтам.
–Мушкинам, тоқат кун, табобат гирам бо қуввати даҳчанд ба наздат меравам ва муддати як ҳафта аз бистар намехезам.
– Аммо тоқати ман тоқ шудааст. Дигар намешавад сабр кардан азизам зудтар биё.
– Охир муддати табобатам як моҳ аст. Бояд меъёри муайянкардаи табибонро риоя кунам. Инҳо ҳар нафари бегонаро қабул намекунанд. Бо дархост воситаҳои зиёде маро дар ин клиника ҷой карданд.
– Вале ман дигар наметавонам, бовар кун.
–Туро мефаҳмам азизакам, вале наметавонам нисфи табобатро партофта равам. Тоқат кун.
–Охир ту маро бадомӯз кардӣ ба худат. Ҳоло дилам оғӯши гарматро мехоҳад.
–Ҳар шаб тасаввур кун, ки дар барат хобидаам ва ту дар оғӯши гармам ҳастӣ
ҷонакам.
–Девона шудаӣ бо тасаввур кардан намешавад охир биё!
– Пагоҳ ҷӯраам Исматро мегӯям шумоёнро ба тамошои ягон табиати зебо барад ва истироҳат кунед, ҳамааш соз мешавад.
– Охир ту намефаҳмӣ Комрон…
Дар ҳақиқат дарди маро фақат худам медонистаму Худо. Вақте ба шавҳар баромадам духтараки ҳабдаҳсолаи нодоне будам. Комрон бошад ҷавони 26 солаи бӯзбала ва талаботи шаҳвониаш хеле зиёд буд. Шояд дар аскари ва ё дар мусофират
ӯ таҷрибаи фаровон пайдо карда буд, ки маро бо навозишҳову меҳрубониҳояш дар бистар мафтун гардонда буд. ӯ ҳар шаб бе танаффус қаробатро талаб менамуду ман ҳам рад намекардам. Муддати 12 соли хонадориамон ӯ танҳо зимни ҳайз диданам ва давраи ҳомиладориву таваллуд тоқат мекарду халос. Мани кӯдаки бефаҳмро аз рӯзи аввал ба чунин тарзи зиндагӣ одат кунонида буд Комрон. Ҳатто шабҳое, ки бемор будаму таб доштам, ӯ ҳоҳиш мекард, ки вазифаамро иҷро намоям. Ва чунон навозиш мекард, ки дардамро фаромӯш сохта вазифаи ҷониамро иҷро мекардам. Ҳамхобагиро мисли як вазифаи ҳатмӣ меҳисобидам. ӯ маро ҳеҷ гоҳ иҷозат намедод, ки ба хонаи модарам ва ё ягон хешу табор бе ӯ ё шабхорав биравам. Нисфи шаб бошад ҳам кӯдакҳоро дар хонаи модарам гузошта, маро гирифта ба хона меовард ба хотири иҷрои «вазифаи муҳим». Бо чунин тарзи зиндагӣ омӯхта гашта будам. Комрон низ муддати ин қадар солҳо шаберо бе ман рӯз накарда буд. Ниҳоят ӯ рафту бедарак шуд ва ман натавонистам аз як ҳафта зиёд тоқат кунам. Мувофиқи ваъдаи Комрон ҷӯрааш Исмат ба хона омад. Кӯдаконам ҳамаашон ба деҳа назди модарам рафта буданд ва худам танҳо будам. Мебоист ба назди онҳо мерафтам. Вале Исмат омаду… ӯ бо борхалтаҳои пури нуқлу наво омад ва кӯдаконро пурсон шуд. Гуфтам, ки нестанд ва танҳоям. Набошад меравам гуфта аз дар гаштанӣ шуд. Аммо ман боисрор хоҳиш кардам, ки даромада як пиёла чой гирад ва ман хеле зиқ шудаам, камтар аз сӯҳбати ӯ баҳраманд гардида табъам болида гардад. Исмат ноилоҷ розӣ шуд ва ба меҳмонхонаи мо рӯйи курсии роҳат амонатакак нишаст. Ба ӯ шикоят кардам, ки бе Комрон хеле дилгиру хаста шудам. Маро бо шӯхиҳои намакинаш механдоду ҳар замон ба сари синаи нимбараҳнаи махсус дар намоиш гузоштаи ман менигарист. Ҳис кардам, ки барояш бефарқ нестам. Аммо ба хотири ҷӯраи ҷонӣ буданашон бо Комрон шояд худдорӣ мекард. Вале ман бо ҳар баҳона наздаш хам гашта пештанаамро ба ӯ намоиш медодам ва ҳис мекардам, ки бо ҳавас сӯйи бараҳнагии баданам менигарад. Ман бошам ҳамоно барояш чой мекашидаму хам шуда наздаш нон ё ягон шириниро мегузоштаму мехостам чашмаш ба сари синаи урёнам бештар афтида шавқаш нисбатам бедор гардад. Ва ниҳоят тоқаташ тоқ гашта дастамро қапид. Ман бо ноз онро оҳиста аз дасташ раҳо кардам вале сӯяш бо нигоҳи мардхоҳона менигаристаму дилам мехост, ки ҳарчи зудтар ташнагии маро бо меҳру навозишаш бишканад. Аммо ӯ саросема набуд. Шояд фикри ҷӯраашро мекард. Аммо ман сабрро аз даст дода дар паҳлӯяш нишастам ва рост ба чашмонаш нигаристам. ӯ ҳам маро ба оғӯш кашид.
– Янга мебинам, ки Комронро хеле зиёд пазмон шудаӣ.
– Бале, пазмон шудам, дилам мард мехоҳад чӣ кор кунам?
– Комрон ба ман бовар карда…
– Аммо ӯ ҳоло хеле дур аст, Исматҷон намефаҳмад ягон чиро…
– Вале ҷӯрагии мо чӣ мешавад?- мегуфт ӯ худро базӯр нигоҳ дошта.
– Ҳозир вақти фикр кардани ҷӯрагӣ нест азизам, маро хушбахт гардон. Наход, ки ман мисли зани худат дилкаш набошам- а?
– Ту дилкашӣ, дилбарӣ ва дилро бурда метавонӣ, вале маро фикри ҷӯраи ҷониам, ки ба ман хеле ҳам боварӣ дорад, азоб медиҳад Мушкина.
– Ба фикрам қуввати мардиат хеле кам аст. Набошад чӣ хел метавонӣ пеши зани мардхоҳ, ки туро талабгор аст, беҳис нишинӣ? Ё ки занат имшаб серат кардаасту дилат дигар зан намехоҳад?- гуфта мехоҳам
ӯро ба нанг оварда талабамро қонеъ намоям.
– Занам ҳомила аст ва моҳу рӯз аст , ман чандин вақт боз оғӯши занро надидаам. Дилам ончунон туро мехоҳад Мушкинаҷон, вале фикри ҷӯраам маро нигоҳ медорад.
– Агар ба ҷӯраат зан даркор мебуд, гум шуда намерафт муддати дароз. Маро азоб надеҳ Исматҷон. Ҷӯраат ҳеҷ гоҳ намефаҳмад. Фақат чанд лаҳза бо ман бош ва ташнагиамро бишкан, охир ту мардӣ ё не?
– Мардам албатта.
– Вале ман намебинам ва фикр мекунам, ки…
– Чӣ фикр мекунӣ?
– Фикр мекунам, ки аз дастат коре намеояд ва як занаки бечораро наметавонӣ хурсанд карда.
– Ту одама маҷбур мекунӣ, ки ба дӯсташ хиёнат кунад,- гӯён маро ба оғӯшаш гирифт.
– Ту хиёнат не, балки савоби як занакро гирифта истодаӣ азизам. Гӯё ки худат ҳам роҳат намекарда бошӣ.
– Албатта барои ман ҳам форам аст оғӯши ту ҷонакам.
Хулоса ман ӯро то саҳар нигоҳ доштам. Ва дар бистаре, ки танҳо ба ману Комрон таалуқ дошт ва ӯ онро муқаддас меҳисобид, бо ҷӯрааш айшу ишрат кардам. Бистари якҷояамонро олуда сохтам бо гуноҳ. Зеро дигар тоқат намонда буд маро. Хуб медонистам, ки ин гуноҳи азим аст ва Комрон ҳаргиз маро намебахшад, аммо нафси шаҳвониам боло гирифта нагузошт, ки аз олуда сохтани бистари дувоздаҳсолаамон худдорӣ намоям. Исмат бо табъи болида аз бистар бархест ва мехост биравад. Ман ӯро аз дастонаш доштам ва хоҳиши такрор кардани қаробатро кардам. Ин навбат низ хоҳишамро ба ҷо оварда маро хушбахт гардонд ҷӯраи ҷонии шавҳарам. Аз ӯ хоҳишу зорӣ кардам, ки боз дар рӯзҳои наздик омада маро хурсанд кунад. Исмат ваъда дода рафт. Вале чанд рӯз аз ӯ дарак нашуд. Маҷбур шудам, ки боз занг занам. Боз ваъда карду омада натавонист. Мисли девонаҳо гашта будам. Дигар занг занам телефонаш хомӯш буд. Намедонистам чӣ кор кунам. Асабӣ нишаста будам, ки духтари холаам омада монд. Бо ӯ сӯҳбат карда нишастаму каме аламамро фаромӯш кардам. Аз ҳар бобат сӯҳбат мекардему заҳри дили ман берунтар мешуд. Ба ӯ касе занг зад ва заряди телефонаш кам будааст магар, ки зуд хомӯш гардид. Афсӯс хӯрда нишаста буд, ки ба ӯ телефони худамро дода хоҳиш кардам, ки бо ин занг занад бемалол. ӯ занг заду ман ба ошхона рафтам. Гапаш кам-кам ба гӯшам мерасид ва маълум буд, ки бо марде сӯҳбати маҳрамона дошт.
«Ҷонакам, навозишҳои дастонат дар пеши назарам, чӣ қадар форам буд оғӯшат азизакам. Як лаҳза наметавонам фаромӯшат созам. Чӣ қадар ҷонам роҳат кард. Ин қадар боқувватӣ ту азизам. Маро девона кардӣ. Надонистам мондам, ки чӣ тавр субҳ дамидаасту ман аз ту сер нашудаам. Боз кай биёям ба наздат. Аммо ин ҳафта наметавонам бахудо. Маро бубахш азизакам , ҳафтаи оянда ҳатман меоям ва туро хушбахт мегардонам.»
– Бо кӣ ин қадар сӯҳбати гарму ҷӯшон кардӣ Мафтуна?
– Бо як бачаи ҷавон ва бақувват. Аммо афсӯс, ки ӯ дар маҳбас.
– Боқувватиша аз куҷо фаҳмидӣ?
– Дар як моҳ ду бор маблағ месупораму як шаб меҳмонаш мешавам.Ту тасаввур карда наметавонӣ Юсуф чӣ қадар навозиш мекунад. Мани беваи ба мардак зорро чунон мефорад, ки дастонаш.
– Пас, чаро намеравӣ ин ҳафта пешаш?
– Ҳоли маблағ надорам , медони барои як шаб дусад сомонӣ бояд супорӣ.
– Гапе набудааст-ку. Ба ивазаш чӣ қадар роҳат мекунӣ.
– Охир ба мани беваи бечора кӣ сум медиҳад, дар ҷое кор накунам. Боз додарам аз қафои ман назорат карда гаштааст. Ҳафтаи дигар ба Руссия меравад ва ман озод мешаваму аз ягон ҷо қарз гирифта пеши Юсуфи зиндониам меравам.
Духтари холаам бирафт. Ман бошам телефонамро кофта рақамҳои Юсуфро ёфтам ва ба ӯ занг задам. Ҷавони хушчақчақе будааст. Телефони хонагиро назди бистарам бурдаму то субҳ бо Юсуф сӯҳбат кардам. Пурсид, ки чандсолаам. Сисола буданамро фаҳмида бошад ҳам маро боисрор наздаш даъват мекард. Гуфтам, ки Мафтуна хафа намешавад. Намефаҳмад гуфту зорӣ кард, ки наздаш равам пушаймон нахоҳам шуд. Дигар то субҳ ӯ маро бо ҳарфҳои ошиқонаву маҳрамонааш девонаву мафтун намуд, ки суроғаи маҳбасро пайдо карда наздаш рафтам. Юсуф пешакӣ гапзанон карда монда будааст, ки маро нозирони маҳбас баробари супоридани маблағ ба назди ӯ гусел карданд. Вале шумо тасаввур мекунед дар рӯ ба рӯйи худ ман Юсуфи воқеиро дидам. ӯ чунон нозанин ва як
ҷавони чорпаҳлӯи қадбаланд буд. Агар ба чашмонаш нигарӣ мехоҳӣ дигар ҳаргиз чашм наканӣ аз он. Риши кӯтоҳ қайчизадааш ҳам чунон ба худаш мезебид, ки мегӯӣ, ки дар маҳбас неву ягон истироҳатгоҳ дам гирифта истода бошад. Гарчи чеҳрааш каме зард гашта бошад ҳам ин ба зебогиаш халал намерасонд. ӯ маро бо табассуми ба худаш зебанда пешвоз гирифт ва гуфт, ки аз Мафтуна дида дилкаштару ҷавонтарам. ӯ аз ман ягон чиз оварданро хоҳиш накарда бошад ҳам борхалтаҳоро пур аз анвои хӯрданиҳои болаззат карда омадам. Юсуф ба маводҳои ғизоии овардаи ман нигоҳ накарда аввал маро ба оғӯш гирифт. Зеро аз сӯҳбатҳои шабона хуб дарк карда буд, ки ташнаи мард ҳастам ва танҳо ташнаи ӯ. Бо бӯсаҳои
ҷонфизояш маро боз ҳам мафтунтар намуд. Мо хеле сӯҳбат карда нишастем. ӯ
ҷавони ботамкин менамуд, суханҳои беҳуда намегуфт. Баъди адои намозҳояш аз Худоҷон садҳо бор бахшиш пурсиду маро бо худаш никоҳ кард ва сипас ба бистар даъват кард. Мисли шаби якуми арӯсӣ буд он шаб. Дастони Юсуф дар ҳақиқат навозишгару дармонбахш буданд. Мафтуна беҳуда девонаи рӯйи ин ҷавон нашуда будааст. ӯ дар бистар ҳарфе намегуфт, фақат навозиш мекарду маро девонатар. Барои қаробат саросема намешуд ва танҳо мебӯсиду мебӯид. Баногоҳ дари «хонаи бахт»-и моро кӯфтанд. Ман асабӣ шудам ва мехостам ӯро нигоҳ дорам. Аммо ӯ аз бистар хест ва либосҳояшро пӯшида берун рафт ва соате маро дар интизорӣ қариб девона карда буд. Бо дастони пур баргашта маро ҳайрон кард.
–Юсуфҷон, наздат боз каси дигар омада буд?
– Не каси дигар не, ин ҷо як мӯйсафеди афғон зан гирифт, ман ӯро никоҳ кардам.
–Чиӣ? Зан гирифт? Дар ҳамин ҷо?
– Бале зан гирифт. Як духтараки нозанини ҳаждаҳсолаи тоҷик бо хоҳиши худ омада худро ба ин афғони 60-сола супурд.
– Девона шудааст магар он духтар? Падару модар надоштааст?
– Инашро напурсидаам. Вазифаи ман бо хоҳиши мӯйсафед танҳо никоҳ кардан буду бас. Танҳо духтарро пурсидам, ки ӯро касе маҷбур накардааст ба ин кор, ҷавоб дод, ки бо амри дил ба ин мард ошиқ шудаасту мехоҳад ҳам сараш бошад.
– Азизам, ту магар муллоӣ, ки никоҳ мекунӣ?
– Маро ин ҷо чунин ном мебаранд ва бовар мекунӣ ҳамин рӯзҳо чанд нафарро никоҳ карда хушбахт мегардонам. Ин духтари ягона нест, ки ин ҷо меояд. Дар ин маҳбас як воқеаҳоеро мебинӣ, ки наметавонӣ ангушти ҳайрат нагазӣ. Ин дунё аҷоиб шудааст. Духтарони гумроҳ хеле зиёд шудаанд. Шояд аксари ҷавонҳо дар муҳоҷиратанду мард кам мондааст, ки духтарон назди афғониву эрониву хитойӣ медаванд. Ва ин духтар ҳам яке аз чунин гумроҳҳост, ки худро бо ду дасти адаб ба и н марди ҳамсоли бобояш месупорад.
– Шояд марди пулдор аст? Ба сумҳояш ошиқ шудагист духтарак?
– Бале, бодавлат аст. Оқибаташро ба хайр гардонад. Аммо ману ту ба онҳо чӣ кор дорем? Худамон аз ҳамдигар бояд сер шавем, ки фақат як шабро дар ихтиёр дорем. Ё ки ту боз меоӣ Мушкинаҷони ман?
– Ин ба ту вобаста аст. Агар имшаб мафтунам гардонӣ, тайёрам, ки ҳама шаб бо ту бошам.
– Ман инро ба ту ваъда медиҳам, ки баъди ин шаб ту маро ҳаргиз наметавонӣ фаромӯш созӣ.
– Мебинем – да…
– Бубин охир азизакам, – гуфта ба бистар даромад ва маро сахт ба оғӯш гирифт.
Чӣ қадар ташнаи мард будам ва дилам ғайри навозиши дастони ӯ чизи дигарро намехост. Дар он лаҳза на шавҳари раҳдури беморам ба хотирам меомаду на тифлакони танҳоям ва на Мафтунаи хешдухтарам, ки аз ғофилия ба ман телефони марди орзуҳояшро гузошта рафта буд. Дар ҳақиқат Юсуф марди орзуҳо будааст ва ҳар занро метавонист дар бистар мафтуни худ гардонад. ӯ маро он шаб хушбахт гардонид. Гарчи медонистам, ки умри ишқи мо кӯтоҳ аст ва Юсуф баъди аз маҳбас баромадан дигар ҳаргиз ёди ман намекунд, вале бо вуҷуди ин аз бахти якшабаи худ ризову қаноатманд будам. Барои Юсуф барин йигити нозанин ва дар асл юсуфталъат ман барин зани шавҳардори чор кӯдакдор дигар ҳаргиз лозим набуд ва ӯ маро танҳо дар ин лаҳзаҳои танҳоияш барои вақтгузаронӣ мехост. Ман ҳамаи инро донам ҳам бо вуҷуди ин шефтаю шайдои Юсуф гашта будам.
– Юсуфҷон, боз кай ба дидорат шитобам?
– Кай вақте пазмонам шудӣ, омадан гир, дили ман кушод аст ва ҳамеша қабулат мекунам.
–Маро танҳо дар маҳбас мехоҳӣ ё баъди баромадан ҳам даркорам ба ту?
– Туро ҳамеша мехоҳам ҷонакам. Хавотир нашав, ту ҳам занаки зур будаӣ.
– Охир ту оиладор ҳастӣ шояд?
– Кай фурсати зангирӣ доштам ман? Панҷ сол боз дар ин кунҷи зиндон нишастаам ба оғӯши зан зор гашта.
– Кӣ гуфт, ки ту ба зан мӯҳтоҷӣ? Бо сеҳри суханат ман-ман мегуфтагӣ занҳоро ба ин маҳкама меорӣ.
– На танҳо сеҳри суханам, инчунин оғӯши гармам ҳам сеҳр дорад. Ту ҳанӯз онро нафаҳмидаӣ?
– Ман ҳанӯз дар гуфтугӯ бо ту чӣ гуна мард буданатро эҳсос карда будам. Вале сад афсӯс, ки чунин марди таҳамтан ва дилхоҳи занҳо дар кунҷи зиндон асту кас наметавонад ҳамарӯз аз навозиши дастонаш баҳраманд гардад.
– Агар ту хоҳӣ метавонӣ ҳар ҳафта як бор назди ман оӣ ва ман туро хушбахт хоҳам кард.
– Аммо шавҳарам ба наздикӣ бармегардад аз сафар.
– Агар дили зан хоҳад, фиреб кардани шавҳар кори душвор нест барои ӯ. Ё ки ту маро дигар намехоҳӣ?
– Магар мешавад туро нахостан ва чунин навозишро фаромӯш кардан? Бовар мекунӣ, ман дар хоби шабам ҳам чунин муносибатро надида будам.
– Маззаи шавҳарат нест магар?
– Не, ӯ ҳам дар ин кор усто аст ва маро маҳз худаш ба ин чиз одат кунонид. Аммо ягон марде дар олам ба ту баробар шуда наметавонад. Ту дар куҷо омӯхтӣ муносибат бо занҳоро вақте худат ҳанӯз зан надорӣ?
– Шояд бовар накунӣ, агар гӯям, ки маро ҳамсоязани панҷоҳсолаам ба ин кор усто кард. Ва маҳз ба шарофати ӯ ва шавҳараш ман дар ин кунҷи маҳбасам.
– Чӣ хел дилаш шуд, ки ту барин марди дилхоҳашро маҳбус гардонад?
– ӯ намехост, вале шавҳараш, ки як профессори пир буд дидаю дониста маро бо
ҷурми дуздӣ мутаҳҳам кард. Ман аз хонаи ӯ хасе нагирифта будам. Аммо ӯ ба шавҳараш маро дузд муаррифӣ карда мехост аз шармандагӣ халос шавад.
– Шавҳараш ба гапи ӯ бовар кард?
– Албатта бовар накард. Вале барои нарехтани обрӯи хонадонаш чунин дурӯғро махкам дошта гирифт.
– Ту метавонистӣ ҳангоми муҳокимаи суд ин сирро ошкор созӣ.
– Бале, метавонистам , вале дар ҳаққи он зан номардӣ накардам. Зеро чӣ қадар лаҳзаҳои гуворо доштам дар оғӯши
ҷонбахшаш. ӯ маро навозиш мекарду ҷони ман роҳат дошт, магар метавон носипосӣ кард бар ивази кайфу сафои муфт. Як ангуштарини алмосиашро ба дастам дод ва ман гӯё онро дуздида будам.
– Ҳоло ӯ ба ту кӯмак мерасонад?
– Албатта, намебинӣ рангу рӯйи маро? Ман ба маҳбус монандам? Ҳамааш ба шарофати маблағҳои он хонуми мардхоҳ.
– Наздат барои ҳамхобагӣ меояд?
– Дер-дер меояд.
– Шояд шарм медорад барои ҳаёти туро сӯзонданаш?
– Не ӯ барои ин кори кардагиаш албатта азоби рӯҳӣ мекашад. Вале имконияти омаданаш камтар маҳдуд аст. Зеро зани обрӯманд аст. Аммо маблағро ҳамеша расонда меистад.
– Зиндагиат бад набудааст ва хеле аҷоиб ҳам ҳаст. Ман ҳеҷ гумон намекардам, ки дар ин ҷо шоҳиди чунин воқеаҳои ғайриоддӣ ҳам мешавам.
– Акнун фаҳмидӣ ҳама чизро ҷонакам? Дигар савол надошта бошӣ, кори худро давом диҳем.
– Андаке хоб намеравем?
– Барои хоб кардан омадӣ назди ман? Дар хонаат ҳам хоб мекардӣ да. Ин ҷо омадӣ, ки ишқро пайдо кунӣ. Ана ман, марди ишқхоҳу ошиқкуш ва дар ихтиёри туям.
Дар ҳақиқат он шаб Юсуф маро қаноатманду масрур гардонид. Дар хонаи шафати мо садои паст пасти нолиши духтараки наварӯс бо мӯйсафедаш меомад. Мо ду зани роҳгумзадаи гумроҳ бахти дуздии худро дар ин кунҷи маҳбас дар оғӯши мардҳои муваққатии хеш меҷустем. Аз ин сӯ садои шаҳватзои ману аз он сӯ садои духтарча гоҳе баланду гоҳе паст садо медод ва хомӯшии сукути шаби маҳбасро халалдор месохт. Духтаракро низ мӯйсафеди афғон то субҳидам хобидан нагузошт шояд, ки то субҳ садояш шунида мешуд. Ва шояд ин садо ба гӯши маҳбусони дигар расида ҳамаро нороҳату бетоқат месоҳт. Вале мо аз лаззати оғӯши мардони худ баҳраманду хушбахт парвои дигаронро надоштем. Зеро фақат шабе хушбахт будему халос ва ҳамин шармандавору пинҳонӣ роҳат карданро ба худ раво дида будем. Дар бораи обрӯи худу хонадонамон фикр намекардем. Фақат ҳаминрӯза айшу ишратро медонистему халос. Дигар чизе лозим набуд моро ба ҷуз оғӯши гарму нарми марди зиндонӣ ва навозиши роҳатбахши дастонӣ ӯ. Як модаркалони пири нотавоне доштам. Ҳамеша вақте маро дуо карданӣ шаванд мегуфтанд, ки «Худоҷон, барои Мушкина нафси мурда деҳ». Он вақт ҳайрон мешудаму аз модаркалонам норозӣ будам ва намехостам баро и мани зинда нафси мурдаро насиб гардонад. Аз ӯ мепурсидам, ки чаро маҳз нафси мурда, модаркалонам
ҷавоб мегардонд, ки калон, ки шудӣ мефаҳмӣ. Аммо он замон ҳаргиз намехостам, ки чунин дуо мустаҷоб гардад ва ҳамеша баъди дуои модаркалонам дар дилам мегуфтам, ки бароям нафси зиндаро деҳ на мурдаашро. Имрӯз донистам, ки зери дуои модаркалон чӣ қадар ҳикмат ниҳон будааст. Шояд он замон дуои модаркалонам мустаҷоб нагашту танҳо талаби ман ба гӯши Худоҷон расид, ки имрӯз ин «нафси зинда» маро бадному овора гардонд. Зеро мани занаки соҳиби чор тифлро чиву кунҷи зиндон омада бо
ҷавони аз худам хурд ва муҷаррад айшу ишрат карданамро чӣ…
Субҳи барвақт ҳангоми аз «хонаи бахт»-и муваққатиам берун гаштан чашмам ба духтараки ҷавон афтод, ки аз оғӯши марди афғон хеста нияти хонаравӣ дошт. Бо вуҷуди ранги кандагию чеҳраи аз айшу ишрат хастагашта доштанаш хеле нозанину дилкаш буд. ӯ метавонист, соҳиби хонаи
ҷавонмарди таҳамтани тоҷике гардад. Вале бинобар нафси зиёд доштанаш аз тамоми хшбахтиҳои оилавӣ худро маҳрум сохта буд. Вале оё мани гунаҳкор метавонам ӯро муҳокима кунам?
Бо дили нохоҳам аз оғӯши ҷонбахши Юсуфи нозанинам бархеста ба берун баромадам. Маро Юсуф то таги дар гусел карду тамом. Дар роҳрав чашмам ба духтараки наварӯс афтод, ки мӯйсафедаш гусел мекард. Духтарак нисбати ин мӯйсафеди чеҳраи манфуррдошта як парии афсонавиро мемонд. Ба онҳо бо чашми ҳайрат менигаристам, ки Юсуф бо ишорае ҳушдорам дод, ки ин корам хуб нест ва набояд каси дигарро бо нигоҳи кунҷкобона нороҳат сохт. Охир ҳар кас мебуд бовариаш намеомад, ки чаро чунин мӯйсафеди бадафт метавонистааст як ҷавондухтари паривашро ба худ ошиқи зор намояд. Хок бар сари нафси одамӣ ва маблағи зормонда. Шояд духтарак мӯҳтоҷ асту ноилоҷ ба чунин роҳ рафтааст? Охир ӯ метавонист ҳар як ҷавонписари нозанинтарини тоҷикро ҳамсар гардад. Вақте аз дарвозаи оҳанини маҳбас берун шудем ҳарду сӯйи истгоҳ мешитофтем.
– Духтараки нозанин, барои чӣ чунин мӯйсафеди баднамудро интихоб кардӣ барои шавҳарӣ? Охир ту метавонистӣ ҳамсари ягон йигити мисли худат зебо гардӣ?
– Вале кадом йигити нозанин барои як шаб ба ман панҷ ҳазор доллар медиҳад?
– Охир обрӯи духтар магар панҷ ҳазор доллар аст?
– Обрӯи зани шавҳардор чӣ? Шумо шавҳар надоред? Обрӯи худро чаро фикр намекунед?
– Ман шавҳар надорам…- ғӯлунгхоӣ кардам ман.
– Охир шояд шавҳар доштеду ӯро ба ин бачаяки аз худатон ҷавон иваз кардед.
– Ба ҳар ҳол дилат чӣ хел кашид чунин марди бадафтро? Дилам бароят сӯхт.
– Дилатон ба ман насӯзад. Ман ҳангоми ҳамхобагӣ ба чеҳраи мард наменигаристам. Чашмонамро пӯшида танҳо маблағҳои имрӯз медодаи мардро фикр мекардаму
ҷонам роҳат мекард. ӯ танҳо дар зоҳир безеб аст. Ҷисман айбе надорад. Ҷавоби сад ҷавони нашъаманди имрӯзаро медиҳад.
– Худат шавҳаршаванда доштӣ?
– Бале доштам, аз ҷонам ҳам зиёдтар дӯсташ медоштам. Вале ӯ нашъаманд шуд. Дигар зиндагӣ бароям бе ӯ маъное надошт. Аз ин хотир хостам номусамро бар ивази маблағи калон ба ин мард бибахшам.
– Ин мардро чӣ хел пайдо кардӣ?
– Ба воситаи як дугонаам, ки ҷавони дӯстдоштааш ҳамроҳи ин мард дар як утоқ мезистааст. Ва ин мард ваъда кардааст, ки барояш як духтари ҷавонро пайдо кунанд бар ивази маблағи калон. Инак маро пайдо карданд ва ман бояд ба он дугонаам 500 доллари ин маблағро мувофиқи ваъдаам бурда диҳам.
– Азобро ту кашиву онҳо соҳиби маблағ шаванд?
– Чӣ хел азоб?
– Охир тамоми шаб овозат баромад. Бори аввал бокирагиатро аз даст дода азоб накашидӣ?
– Гуфтам-ку вақте дар бораи маблағ фикр мекунӣ дардро ҳис намекунӣ. Ин марди мӯйсафед меҳрубон буд, ба ҷуз роҳат чизи дигар надидам. Розиам, ки ҳар шаб пешаш биёям.
– Аҷоиб…
– Вале аз чеҳраи хастаи шумо маълум, ки вай йигити бӯзбала расо азобатон додааст. Аммо бе пул.
– Ба ман пули ӯ лозим нест охир. Худаш бошад бас.
– Дидед холаҷон ин дунё чӣ хел аҷоиб аст. Яке бар ивази маблағ инҷо омадаасту дигаре маблағ дода айшу ишратро харидааст.
– Аммо ту ранги духтарони бокираи фақат имшаб исматашро бохта гап намезанӣ. Тарзи сухангӯият мисли занҳои кайҳо боз мардро дида аст.
– Зиндагии вазнин одамро зуд пухта мегардонад, холаҷон. Бахудо домани исматамро фақат ҳамин шаб доғдор намудам. То имрӯз онро барои Хуршед эҳтиёт карда мегаштам.
– Боз чанд вақти дигар метавонистӣ тоқат кунӣ. Шояд Хуршед аз бемории нашъамандӣ халос мешуд.
– Аммо вай аллакай қуввати мардигариашро аз даст додааст. Боре мехост бо ман ҳамхоба шавад. Аммо ҳарчанд кӯшиш кард, натиҷае ба даст наомад. Аз шарм сурх гашта хеста гурехт. Бо ҳамин ман дигар ӯро надидаам. Барои ҳамин аз алам ман имшаб худро ба ин мард бахшидам.
– Ва ин мард бе фиреб маблағи ваъдакардаашро дод?
– Бале, бе камбудӣ панҷ ҳазор доллари нақд.
– Охир ӯ дар маҳбас чӣ гуна ин қадар маблағро нигоҳ медоштааст?
– Вай занг зад, шогирдонаш зуд расонданд маблағро.
– Метавонист туро фиреб ҳам кунад.
– Ҳа, метавонист. Аммо бокира буданамро дида боварам намуд ва писандаш шудам. Хеле афсӯс хӯрд, ки бар ивази духтари бокира метавонист маблағи бештар диҳад, зеро чунин имкон дорад. Аммо пеш аз ҳамхоба гаштан ба хотири дилпурии ман аввал онро барояш оварданд ва ба дастам супорид. Ваъда кард, ки пагоҳ боз се ҳазор доллари дигар бурда медиҳанд.
– Боз даъват кунад, меоӣ наздаш?
– Албатта меоям. Ин дафъа аввал маблағро пешакӣ меоранду баъд ман наздаш меоям.
– Падару модар дорӣ?
– Падарам 10 сол боз ба Руссия рафта гумном шудааст. Модарам фарроши корхонае аст ва ҳамагӣ дусад сомонӣ маош мегирад. Мо бошем се фарзандем. Ду додараки хурдсолам ҳоло мактаб мехонанд. Зиндагиамон вазнин буд ниҳоят. Мани ҳабдаҳсола маҷбур шудам, ки имшаб барои таъмини оилаамон номусамро барбод диҳам. Модарамро фиреб кардам. Ба хонаи дугонаам меравам гуфта ба маҳбасхона рафтам. Агар ӯ фаҳмад, чӣ қадар нолаҳо мекунад. Ман медонам, ки ӯ шояд худкушӣ ҳам кунад. Зеро аз ман умедҳои зиёде дошт. Вале ман…
Аз ин духтарак дур гаштаму духтари понздаҳсолаи худам пеши назарам омад ва дилам ларзида рафт. Мабодо чунин рӯзе ба сари ӯ ояд? Чунин фикр ба сарам омаду зуд таксиеро нигоҳ дошта ба хона давидам. Ба саволҳои фарзандонам ҷавоб гардондам, ки ба хонаи як дугонаам рафтаму бемор гаштам ва он ҷо мондам. Духтарам сӯям норозиёна менигарист. Бовараш намеомад, ки ман дар хонаи дугонаам хобида натавонистам ба онҳо занг занам. Дертар ӯ ба туфайли сӯҳбатҳои дурудароз ману Юсуф аз ҳамаи сирру асрори ман бохабар гардид. Аммо наметавонист маро насиҳат кунад. Норозӣ буду бинобар модараш буданам худдорӣ мекард аз ҳарфҳои дағал гуфтан. Д игар ман шабҳо то субҳ бо Юсуфам сӯҳбат карда мебаромадам. ӯ маро рашк мекардагӣ шуда буд. Баъди вохӯрии оншаба дар маҳбас ду дафъаи дигар бо Исмати ҷӯраи шавҳарам вохӯрӣ доштем ва ман он лаҳзаҳои ошиқӣ телефонамро хомӯш мекардаму Юсуф бошад дилаш хавотир гашта рашк мекард ва соатҳои дароз аз ман ҳисобот мепурсид, ки бо кӣ будам. Дигар рашк карда ҳақоратам мекард ва талаби ба наздаш рафтанамро менамуд. Ниҳоят бори дуввум наздаш рафтаму дар бало мондам. Аз он Юсуфи меҳрубон ному нишоне набуд. Баробари дидани доғҳои сари синаам, ки аз дандонҳои Исмат боқӣ монда буданд, ӯ маро зери мушту лагад гирифт. Ҳарчанд гуфтам, ки инро худат кардӣ бовар намекард…
Одам, ки як бор хиёнат мекардааст, дигар аз он худдорӣ карда намешудааст. Ман дигар наметавонистам зани ботамизу ба роҳам рост бошам. Ба ҳарфҳои дурӯғ забонам нағзакак мепечид. Ҳатто бо сеҳри забони худ дили Юсуфро ёфтам ва ӯ бовар кард, ки ин ҳама нақшҳоро дар бадани ман худаш гузоштааст. Ва ин навбат хоҳиш кардам, ки омадани шавҳарам наздик расидаасту ӯ дигар изи лабҳояшро дар бадани ман нагузорад. Аммо магар Юсуфро парвое буд аз вуҷуд доштан и шавҳари ман. Зеро ӯ худ дар маҳбас буду ҳеҷ гуна
ҷавобгариро бар дӯш надошт. ӯ ҳеҷ гоҳ фикр намекард, ки шавҳари ман ягон рӯз барои ҳисобу китоб наздаш ба маҳбас низ меравад. Аммо имшаб мо боз шаби «арӯсӣ» доштем. Боз тамоми вуҷуди маро ҳаловати оғӯши ҷонбахши Юсуфи нозанин фаро гирифтаву худро дар биҳишти зиндагӣ тасаввур мекардам. Юсуф ба тану ҷони ман мисли шаби аввали арӯсӣ роҳат мебахшид. Хеле зиёд мекӯшид, ки ман аз ин шаб фақат дар роҳат бошаму дигар ҳаргиз натавонам лаззати лабони оташинашро гармии оғӯши ҷонфизояшро фаромӯш насозам. Худаш ҳам ҳис мекардам, ки хеле зиёд пазмони оғӯши зан гаштааст. Барои ӯ маҳбас макони ислоҳот набуда мисли хонаи истироҳативу фароғатгоҳ буд. Зеро ӯ кадом вақте ки мехост, занеро барои ҳамхобагӣ даъват намуда нафси шаҳвонии худу он занро ба дараҷаи даркорӣ қонеъ месохт. Ман ҳам ба навозиши дастони ӯ ниёз доштам ва бо як ишораташ ҳама кору бори асосиамро партофта, ҳатто танҳогии фарзандони ба ҷону дил баробарамро фикр накарда ба мулоқоти Юсуф шитофтам.
– Юсуфи ман, барои ту шуда аз баҳри ҳамаи корҳои асосиам баромада ба дидорат шитофтам.
– Магар кори аз ҳама асосиат ман нестам? Туро касе мисли ман хушбахт гардонда буд пеш аз ин?
– Албатта мисли ту мард дигар дар рӯйи олам нест. Вале ман зиндагӣ дорам. Хонаву дар ва шавҳару фарзандон ҳам дорам.
– Чаро инро пеш аз он ки бори аввал ба назди ман биёӣ, фикр накардӣ?
– Охир сеҳри сухани ту маро мисли мадду
ҷазр ҷониби худ даъват кард. Натавонистам фурсате нишаста зиндаги ободамро ва хатари вайрон шудани онро фикр кунам.
– Ва ту пушаймонӣ, ки назди ман омадӣ?
– Албатта пушаймон нестам. Вале оқибаташ чӣ мешуда бошад. Пас аз омадани шавҳарам агар хумори оғӯши ҷонбахшат гирад, чӣ кор мекарда бошам?
– Ягон илоҷе карда меоӣ азизам. Ман хуб медонам, ки ҳар зане, ки боре бо ман буд, дигар наметавонад фаромӯшам кунад.
– Ту дар ҳақиқат соҳирӣ азизакам.
– Ман соҳир нестам, танҳо ба қадри оғӯши зан мерасам. Инро ҳар мард наметавонад қадр карда. Охир агар занро чунин навозиш накунӣ, вай аз ту қонеъ ҳам намешаваду дӯст ҳам намедорад.
– Кадом духтари хушбахт туро соҳибӣ мекарда бошад?
– Ҳоло он духтари хушбахт худи ту ҳастӣ Мушкинаҷон. Дар бораи каси дигар чӣ лозим фикр кардан. Ману ту тамоми шабҳо ҳамоғӯш нестем, ки фикри дигаронро кунем. Имшаб ту аз маниву ман аз ту. Фардо чӣ мешавад, Худоҷон медонад.
– Бале ҷони ман имшаб ғанимат аст ва оғӯши ту ҳам ғанимат. Аз ин сӯ пас ман чӣ тавр метавонам бо шавҳарам ҳамоғӯш бошаму навозишҳои ӯро тоқат намоям.
– Чашмонатро бипӯшу тани маро, дастони маро, лабҳоямро тасаввур намо, майлаш?
– Номатро ҳам бо зорию тавалло ба забон орам?
– Не номи маро нагир, ки худи ҳамон лаҳза буғӣ карда мекушадат вай мардак.
– Дилат ба шавҳари ман намесӯзад?
– Ҳаргиз намесӯзад. Охир вай чаро ба ин кор туро омӯхта карда боз танҳо гузошта рафтааст. Метавонист бо худ бигирад туро. Маблағ надошт магар барои ин?
– Маблағи ӯ кам нест, вале кӯдакҳояшро ба каси дигар бовар кардан нахост шояд.
– Акнун бишинад ҳамон ҷо дам гирифта. Занашро дигарон истифода мебаранд барои савоб.
– Дигарон, яъне мардҳои бисёр гуфтании?
–Ғайри шавҳар як мард, ки шуд, дуюму сеюмаш ҳам мешавад Мушкинаҷон. Бовар кун ба ин гапам.
– Аммо ба ман ғайри ту дигар кас лозим нест. Худат гуфтӣ, ки гапи дигарора намезанем. Боз ҳам ба ҷойи навозиш ба қисми насиҳат гузаштӣ.
– Ман аз ту хурд бошам ҳам таҷрибаи зиёди зиндагӣ омӯхтаам. Маҳбас одамро пухта мегардонад.
– Садқаи мардаки пухта шавам. Агар ту хом мебудӣ, кӣ маро роҳат мебахшид ва кӣ савоби маро мегирифт....
(Давом дорад)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев