ва агар ўро бигзорӣ ҳамеша каҷ аст. Пас дар мавриди занон ҳамдигарро васияти ба хайр намоед.
Шарҳ: Ин ҳадис ва низ аҳодиси дигар нармӣ ва рафтори некро ба занон тавсия ва суфориш мекунад, зеро зан дар ҷомеаи исломӣ модар аст ва хоҳар аст ва духтар ва ҳамсар ва шахсияти ў азизу гиромӣ мебошад. На чун ҷомеаҳои ғайриисломӣ, ки занро чун воситаи итфои ғароизи шаҳвонӣ ва тарвиҷи (рекламаи) ашёи тиҷоратӣ истифода мебаранд.
- Аз Абдуллоҳ ибни Замъа (р) ривоят аст, ки вай аз Расули Худо (с) шунид, ки хутба мехонд ва аз ноқаи (шутури) Солеҳ (ъ) ва касе, ки онро пай намуд, ёд карда, фармуд: «Изан баъса ашқоҳо», барои пай кардани он марде барангехта шуд, ки дар миёни қавмаш мўҳтарам ва азиз ва дар айни ҳол ниҳоят муфсиду табаҳкор буд. Ва барои пай кардани он басуръат бархост.
Сипас занонро ёд намуда, дар мавридашон панд доду фармуд: Яке аз шумо бархоста занашро монанди ғуломаш мезанад ва шояд дар охири рўзаш бо ў муқорибат (алоқаи ҷинсӣ) кунад. Сипас онҳоро дар мавриди хандаашон аз боди садодор (гўз) насиҳат намуда, фармуд: чаро яке аз он чӣ анҷом медиҳад, механдад?
- Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуд: Ҳеҷ марди мўъмине аз ҳеҷ зани мўъминае бад набарад, зеро агар одатеро аз вай написандад, одати дигареро меписандад, ё гуфт: аз ғайри он розӣ мешавад.
- Аз Умар ибни Аҳваси Ҷўшамӣ (р) ривоят аст, ки ў дар Ҳаҷҷату-л-видоъ аз паёмбар (с) баъд аз он, ки ҳамд ва санои Аллоҳ таъолоро гуфта ва панд доду насиҳат кард, шунид, ки мефармуд: Огоҳ бошед ва дар мавриди занон васияти ба хайр намоед, зеро онҳо дар назди шумо ба манзалаи асиранд. Шумо аз онҳо ҳеҷ чизеро ба ҷуз истимтоъ (баҳрагирии ҷинсӣ) молик нестед, магар ин ки амали фаҳшоро ошкоро муртакиб шуданд ва агар чунин карданд, ҳамбистарӣ бо ононро тарк кунед ва боз онҳоро бизанед, задане, ки начандон сахт бошад. Агар фармони шумо бурданд, бар онҳо роҳеро ҷустуҷў
макунед, (баҳонаҷўӣ накунед). Бохабар бошед, ки ҳамоно шумо бар занонатон ҳақе доред ва занони шумо бар шумо низ ҳақе доранд. Ҳақи шумо бар онон ин аст, ки бар фарши шумо касонеро нашинонанд, (ба хонаатон роҳ надиҳанд), ки шумо аз онҳо бад мебаред ва дар хонаатон ба касе иҷозаи вуруд надиҳанд, ки шумо аз онон мутанаффиред ва огоҳ бошед, ки ҳақи онҳо бар шумо ин аст, ки ба онҳо дар либосашон ва таъомашон некӣ ва эҳсон кунед.
- Аз Муовия ибни Ҳайда (р) ривоят аст, ки гуфт: гуфтам
Расулаллоҳ, занони мо бар мо чӣ ҳақе доранд? Фармуд: ин ки чун таъом хўрдӣ, таъомашон диҳӣ ва чун либос пўшидӣ, ўро либос бипушонӣ ва ба рўи зан силӣ (шапалоқе) мазан ва ба ў нагў; Худо туро зишт созад ва ҷуз дар хона аз ў дурӣ макун, яъне ҳар гоҳ хостӣ барои таъдибаш аз ў дурӣ кунӣ, тарки ҳамбистарияшро ҷуз дар хона макун.
- Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) фармуд: Комилтарини мўъминон аз рўи имон касест, ки ахлоқаш беҳтар бошад ва беҳтарини шумо онҳоеанд, ки бо занонашон равияи некўтар доранд.
- Аз Аёс ибни Абдуллоҳ ибни Абузубоб (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: канизакони Худо (занон)-ро назанед. Умар (р) хидмати он ҳазрат (с) омада, гуфт, ки занон бар шавҳаронашон далер шуданд. Ҳамон буд, ки паёмбар (с) дар заданашон иҷозат фармуд. Сипас занони бисёре ба хонаҳои азвоҷи мутаҳҳарот (занони паёмбар (с) омада, аз шавҳаронашон шикоят карданд ва Расули Худо (с) фармуд: Занони бисёре ба назди аҳли байти Муҳаммад (с) омада ва аз шавҳаронашон шикоят кардаанд. Бидонед, ки онон баргузидагони шумо нестанд, (яъне ононе, ки занонашонро мезананд, шахсони баргузида ва хуби шумо ба шумор намераванд.)
- Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р) ривоят аст, ки Пайғамбари Худо (с) фармуд: Дунё ҳамааш матоъ аст ва беҳтарини матоъи дунё, зани солеҳа аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев