Вай рў ба рўйи пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, нишаст ва зонуҳо-яшро ба зонуҳои он ҳазрат такя дод, кафи дастонашро болои ронҳояш гузошта гуфт: "Эй Муҳаммад, маро аз ислом хабар деҳ!"Пас пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, гуфт: «Ислом он аст, ки шаҳодат бидиҳӣ, ки нест ҳеҷ маъбуде бар ҳақ, ҷуз Худо ва Муҳаммад пайғам-бари Худо аст; ва намоз бигузорӣ; ва закоти мол бидиҳӣ; ва рўзаи моҳи Ра-мазон бидорӣ; ва ҳаҷҷи Хона бикунӣ, агар бар он тавоноии роҳ дошта бо-шӣ». Он мард гуфт: "Рост гуфтӣ". (Умар, разия-л-Лоҳу анҳу) гуфт: "Мо тааҷҷуб кардем аз он мард, ки худ суол мекарду боз мегуфт: "Рост гуфтӣ". Он мард гуфт: "Сипас маро аз имон хабар деҳ?". (Пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: «Имон он аст, ки ба Худо ва фариштагони Ў ва ба китобҳои Ў ва ба пайғам-барони Ў ва ба рўзи охи- рат бовар дошта бошӣ; ва ба тақдири некӣ ва бадӣ бовар кунӣ». Он мард гуфт: "Рост гуфтӣ, сипас маро аз эҳсон хабар деҳ!"Гуфт: «Эҳсон он аст, ки Худоро чунон парастиш кунӣ, ки Ўро мебинӣ. Ва агар ту Ўро набинӣ, Ў туро мебинад». Он мард гуфт: "Пас аз омадани рўзи қиёмат маро хабар деҳ!"Гуфт: «Дар ин бора ҷа- вобдиҳанда аз суолдиҳанда донотар нест». Он мард гуфт: "Пас аз нишонаҳои он рўз маро хабар деҳ!" (Пайғамбар, салла-л-Ло-ҳу алайҳи ва саллам) гуфт: «Он, ки каниз (зан) хоҷаи худро зояд; ва он, ки фақи-рони бараҳна, бенаво ва чўпонони камбағал ҳам дар иморатсозӣ бо ҳам-дигар сабқат кунанд». Си-пас он мард бархосту рафт. Пас пайғамбари Худо, сал-ла-л-Лоҳу алайҳи ва сал-лам, андаке ором гирифту пасон ба ман гуфт: «Эй Умар! Оё медонӣ, ки ин марди суолкунанда кӣ буд?» Умар гуфт: "Худову пайғамбараш беҳтар до- нанд". Гуфт: «Ба дурустӣ вай Ҷабраил буд, ки омад, то ба шумо динатонро биомўзад». Ин (ҳадис)-ро Муслим ривоят кардааст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев