Чорқишлоқ деҳаес дар ҷамоати деҳоти Шаҳрак. Тибқи баъзе сарчашмаҳои таърихӣ маълум мешавад, ки он аз ҷониби чон нафар чоркӯҳиён бунёд карда шудааст. Он аз маркази ҷамоат 5 км. ва аз маркази шаҳр 8 км. фосила дорад.
Соли 1931 колхози " Иттифоқ " ( раис Акбархоҷа Баракаев) сохта шуда буд.
Аввалин тракторро ба ин макон Ӯлмасбой Сангинов овардаанд.
Мактабҳои нахустин соли 1927 дар ҳавлии Бобо Ҳоҷихон, соли 1935 Ислом Қурбонов ( муаллимон Ҳусенбой Шарифзода, Алпомиш Қодиров ва Ҳайдархон Самадови қалъачаимазорӣ ) ва ғайраҳо бунёд намудаанд.
Дар ҳудуди деҳа муассисаи таҳсилоти умумии №16, китобхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, кӯдакистонҳо, гулгаштҳои истроҳатӣ ва дигар нуқтаҳо мавҷуданд.
Табиаташ хело зебо ва диққатҷалбкунанда буда, аҳолӣ асосан ба сабзавоткорӣ, ғаллапарварӣ, боғдорӣ, кирмакпарварӣ, шоликорӣ ва ғайраҳо машғуланд.
Маконе, ки дар акси сеюм тасвир ёфтааст мардуми маҳаллӣ онро " як қадам " мегӯянд. Зеро дар вақти камобии дарёи Исфара оби як қисми дарё кам мешавад ва аз ин тараф ба он тараф бо як қадам гузашта мешавад.
Заминҳои корами деҳа аз ҷӯйборҳои Пишомак, Маназар, Дам, Калон ва ғайраҳо об мехӯрданд.
#исфара #суғд #чоркишлок #ворух #сурх #кулканд #чилгази #нефтобод #ким #ватан #tajikistan #tajikistan_travel #webnavistj #tajikistantoday #dastbadast_tj #isfara_city #chorkishlok #чоркишлок
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев