Таърихи қадим дораду ҳам зебову ҳам ҷолиб аст. Агар ягон чизе ба шахс лозим шавад, пас ӯ ҳатман ба бозор ё мағоза рӯй меорад. Ин аст, ки ҳар рӯз дар бозорӣ марказӣ аз ҳар гӯшаву канори шаҳр ва берун аз он одамон ҷамъ меоянд.
Натанҳо харид мекунанд, дар ҷое меистанду суҳбат мекунанд. Аз ҳоли якдигар пурсон мешаванд. Чизе мехаранду дар ҷое истода, якҷоя мехӯранд.
"Бозори марказии шаҳри Исфара" дар паҳлӯи муҷассамаи "Зардолу" -и шаҳри Исфара ҷойгир шудааст.
Дар назди даромадгоҳи бозор растаи нонфурӯшон мавҷуд аст, ки ба он ҷо аз тамоми нонвойхонаҳои шаҳр нону фатир, кулчаҳои ширину ширмолу ҷаззагин оварда барои харидорон пешкаш мекунанд.
Вақте ки аз дарвозаи асосӣ ворид мешавед, назаратон ба меваҷоту сабзаҷоти гуногуну рангоранг меафтад, ки қисми зиёдашон дар хокҳои ҳосилхези минтақа сабзидаанд.
Болотар аз он дар байни роҳ ва мағозаҳо ашёҳои барои рӯзгор лозимӣ ба фурӯш гузошта шудаанд. Дар қисмати мобайнии бозор асосан маҳсулоти ниёзи аввал ва хӯрокворӣ фурӯхта мешаванд.
Агар аз дари пуштии бозор ба берун бароем, ба қисмати аз ҳама ҷолиб - деҳқонбозор ворид мешавем, ки дар он ҷо деҳқонон маҳсулоти дастранҷи худро нисбатан бо нархи арзон ба мардум пешниҳод менамоянд.
Ба онҳое, ки ба шаҳри Исфара меоянд, тавсия медиҳам, ки ҳатман аз "Бозори марказии шаҳри Исфара" гузар кунанд.
#webnavistj #школаблогеров #dastbadast_tj#isfara_city #tajikistan #isfara #isfara_city #sogd #voruhk #chorkishlok #bozor
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев