Имрӯз мехоҳам дар бораи шаҳраки Шӯроб маълумот диҳам.
Шаҳраки Шӯроб - шаҳраки ангиштканон ба ҳисоб рафта, аз маркази шаҳр дар масофаи 9 км дуртар ҷойгир шудааст. Он бо шаҳраки Самарқандаки вилояти Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад.
Дар ин шаҳрак заводи механикӣ, омӯзишгоҳи касбӣ - техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 3 , 8 , 11 , мактаби мусиқӣ, қасри ангиштканон, китобхона, беморхона ва дигар муассисаҳо мавҷуданд.
Шаҳраки Шӯробро ҳамагон бо доштани кони ангишти Шӯроб мешиносанд. Кони ангишт дар масофаи 100 км дуртар аз қисмати Ҷанубу Ғарбии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷойгир шудааст. Баландии мутлақи сатҳи майдони кон ба 1160 - 1306 метр мерасад. Кони ангишт дар шимоли доманаи қаторкӯҳҳои Туркистон воқеъ буда, то ба ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон тӯл кашидааст.
Аз соли 1882 сар карда, дар кони ангишти Шӯроб дар миқёси начандон калон ба истеҳсоли ангишт шурӯъ карда шуд. Дар кон панҷ майдони бисёрқабатаи ангиштдор бо захираи умумии 300 млн. тонна мавҷуд мебошад. Ангишти кони мазкур бӯрранг буда, ашёи энергетикӣ ба ҳисоб меравад ва ба гурӯҳи ангиштҳои хокистарнокиашон миёна ( 7- 17 %) дохил мешавад. Истихроҷи ангишт дар ин ҷо аз соли 1902 бо иқтидори пурра оғоз гардида ва то ҳамин дам мунтазам фаъолият карда истодааст. Қисмати асосии корӣ ин қабати "В" ба ҳисоб меравад, ки иқтидораш то 22 метр мерасад.
Захираи ангишти ҳудуди майдони шахтаи № 8 зиёда аз 28 млн. тоннаро ташкил медиҳад.
Ҳоло ҳамин кони ангишт талаботи аҳолии шаҳри Исфара ва дигар шаҳрҳоро барои ангишт қонеъ мегардонад.
#webnavistj #школаблогеров #dastbadast_tj
#isfara_city #shurab #ватан #таджикистан
Аксбардор : https://instagram.com/man.faridun?utm_medium=copy_link
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев