Кӯдакӣ яке аз беҳтарин давраҳои ҳаёти инсонӣ ба шумор меравад , ки бо гуфтани калимаҳои такрор ба такрори " Кай калон мешавам ?" , " Тезтар калон мешуда бошам?" , " Агар ман калон шавам...." ва ғайраю ғайраҳо ки кунҷкобии кӯдакро нисбат ба бузургу мустақил шудан баён мекунад , барқосо сипарӣ мешавад.
Замоне ки кӯдак будам суханҳои калонсолонро нисбат ба оне ки , мехоҳанд ба давраҳои кӯдакиҳояшон баргарданду аз бузург шуданашон то ба андозае афсӯс мехӯрданд мешунидам дар аҳли кӯчаки худ чунин баҳо медодам , ки онҳо дар ҳақиқат девонаанд.
Зеро ки тамоми лаззату ширинии ҳаёт дар вақти бузург шудан аст :
• дар даст пул дорӣ , чӣ қадаре ки мехоҳӣ себқанду пахтақанд ва дигар шириниҳоро харида мехӯрӣ;
• чӣ вақте , ки хоҳӣ метавонӣ ба боғ барои истироҳату фароғат меравӣ;
• бе иҷоҳат ва пинҳонӣ аз падару модар чи қадре ки хоҳӣ метавонӣ яхмос бихӯрӣ, ҳатто то ба андозае , ки аз зиёд хӯрданаш гугӯдард мешавӣ ва ғайраҳо.
Вале ин тавр набудааст.
Ҳаминро фаҳмидам , ки ҳар рӯз моро баробари бузург намуданаш ба сарамон як ба як ҳодисоту воқеоти нав ба навро меовардааст.
Ва ҳамин аст , ки барои бузург шудан набояд шитобид, зеро он ҳамеша худ аз пушти мо меояд.
#webnavistj #dastbadast_tj #isfara_city #tajikistan #isfara #isfara_city #школаблогеров #исфара #бачагон #пахтаканзада
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев