Он 24 - уми марти соли 2017 дар таҷлили тантанаҳои ҷашни Наврӯзӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомати хоссае ифтитоҳ гардида буд.
Мавлоно Сайфиддини Исфарангӣ шоири шинохтаи адабиёти форсу тоҷик дар байни асрҳои ХII ва ХIII буда, дар шеъру шоирӣ ҳамто надоштааст. Ӯ дар соли 1187 дар шаҳри Исфароин ( Исфараи имрӯза ) ба дунё омада, соли 1267 дар шаҳри Бухоро чашм аз олам пӯшидааст.
Ин гӯшаи шаҳр дар заминаи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба як макони истироҳатӣ табдил дода шуд. Ҳудуди боғ 2,8 гектарро фаро гирифта, дар маркази он муҷассамаи шоири ширинкалом Сайфи Исфарангӣ қомат афрохтааст.
Баландии муҷассама 5,5 метр мебошад.
Рӯ ба рӯйи он фаввораи бузургу зебо ҷойгир буда, ду паҳлӯяшро роҳрав ва гулҳои рангоранги мавсимӣ оро медиҳанд.
Барои арҷ гузоштан ба шеъру каломи волои тоҷикӣ муҷассамаи шоири зиндаёд аз тарафи Пешвои миллат гузошта шуд , ки боиси ифтихору сарбаландии ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар мебошад.
#webnavistj #школаблогеров #dastbadast_tj
#исфара #зардолу #тоҷикистонбапеш #кӯлканд #Суғд #бону #боғ #tajikistan #isfara #isfara_city
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев