Предыдущая публикация
Парво ба ғами ҳозиру порина надорам.
Перояи имони ман аст, ҳарфи ҳақиқат,
Ман шиква ба ҳақгӯии ойина надорам.
Эй он ки маро пурсӣ, чаро н-омади боло?
Ман пайса ба бунёди чунин зина надорам.
Арбобкамолони ҷаҳонро бирасонед,
Ман тоқати бишнидани Одина надорам.
Эй ишқ, чаро хони маро синфи яки худ?
Дипломи муҳаббаткада дар сина надорам?!
Ҳай ҳай дили шӯрида, ба ҳолат назаре кун,
Ганҷӯрӣ, вале гӯӣ, ки ганҷина надорам.
Осим, шафақи меҳр ба гӯши дили ман гуфт,
Чун ту ба ҷаҳон ошиқи дерина надорам.
Осими Оқил.2019 с.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев