Предыдущая публикация
Умр моро борҳо санҷидааст.
Бе муҳаббат, бе садоқат, бе вафо,
Ранги дунё дар назар коҳидааст.
Дигарон кайҳонкушоӣ кардаанд,
Пои мо дар бераҳӣ хобидааст.
Он қадар найранги дунё шуд фузун,
Осиё аз қисматаш нолидааст.
Фарқ ку акнун миёни Хизру хирс,
Бар сарам борони ғам боридааст.
Гарчӣ моро ифтихор аз Рӯдакист,
Бе калиде қуфли мо хобидааст.
Бозии тифлони мо роёна шуд,
Ихтироъ аз мову ман кӣ дидааст?!
Баски мо бо "ғайр " одат кардаем,
Илми мо аз ақли мо ранҷидааст!
Ҷони ман бодо фидои лаҳзае,
Тоҷик аз "тоҷик " шудан болидааст
НИЯТ ҲАЁТ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев