Чӣ шодиҳо хўрад барҳам чӣ бозиҳо шавад расво.
Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ,
Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке аз дил кунад ғавғо.
Чӣ козибҳо шавад содиқ, чӣ содиқҳо шавад козиб.
Чӣ обидҳо шавад фосиқ, чӣ фосиқҳо шавад мулло.
Чӣ зиштиҳо шавад рангин, чӣ талхиҳо шавад ширин,
Чӣ болоҳо равад пойин, чӣ сифлиҳо шавад ъулё.
Аҷаб сабре Худо дорад, ки парда барнамедорад,
Вагарна бар замин афтад зи ҷайби мўҳтасиб мино.
Шабе дар кунҷи танҳоӣ миёни гиря хобам бурд,
Ба базми қудсиён рафтам, вале дар олами рўъё.
Дурахшон маҳфиле дидам чу базми ахтарон рушан,
Муҳаммад (с) ҳамчу хуршеде нишаста андар он боло.
Равони анбиё бо ў, Алӣ шери Худо бо ў,
Тамоми авлиё бо ў ҳама поку ҳама воло.
Зи худ рафтам дар он маҳфил тапидам чун тани бисмил,
Кашидам нолае аз дил задам фарёди вовайло.
Ки эй фахри Расул Аҳмад бурун шуд ранҷи мо аз ҳадд,
Дилам дигар ба танг омад зи бозиҳои ин дунё.
Занад ғам бар дилам нештар надорам сабр то маҳшар,
Бигў бо Одили довар бигў бо Холиқи якто.
Чӣ сон бинам, ки Намруде бисўзонад Халилеро,
Чӣ сон бинам, ки Фиръавне бипўшонад яди байзо.
Чӣ сон бинам, ки номарде чароғи анҷуман бошад,
Чӣ сон бинам ҷавонмарде бимонад бекасу танҳо.
Чӣ сон бинам бадандеше кунад тақлиди дарвешон,
Чӣ сон бинам, ки иблисе бипўшад хирқаи тақво.
Чӣ сон бинам, ки шаҳбозе ба доми анкабут афтад,
Чӣ сон бинам, ки хаффоше кунад Хуршедро иғво.
Чӣ сон бинам, ки нопоке фиребад покбозонро,
Чӣ сон бинам, ки инсоне бихонад хукро мавло.
Ғарибу хонавайронам фидоят ин тану ҷонам,
Мабодо нақди имонам равад аз каф дар ин савдо.
Чӣ шуд таъсири қуръонӣ, чӣ шуд расми мусалмонӣ,
Чӣ шуд сураи Ёсин куҷо шуд ояи Тоҳо?
Ба шиква чун лабам во шуд ҳакими Ғазна пайдо шуд,
Бигуфто баста кун дигар даҳон аз шикваи беҷо.
Арўси ҳазрати Қуръон ниқоб онгаҳ барандозад,
Ки дорулмулки имонро муҷаррад бинад аз ғавғо.
Ба ин олудадомонӣ, ба ин ошуфтасомонӣ,
Мазан лофи мусалмонӣ макун беҳуда ин ғавғо.
Мусалмон моли муслимро ба коми шўъла наспорад,
Мусалмон хуни муслимро нарезад дар шаби ялдо.
Бирав худро мусалмон кун, пас он гаҳ фикри Қуръон кун,
Сафар дар кишвари ҷон кун, ки бинӣ ҷилваи маъно.
Саноӣ рафту пинҳон шуд, маро рўъё парешон шуд,
Хаёл аз авҷ поён шуд фурў афтодам аз боло.
На маҳфил буду не ёрон, на ғамхори гунаҳгорон,
Зи абри дидаам борон фурў борид бепарво.
Утоқам нимарўшан буд, китобе чанд бо ман буд,
Кушудам ганҷи Ҳофизро, ки ёбам гавҳари якто.
Яқинам шуд, ки ҳоламро Лисонулғайб медонад,
Ки дар тасвири аҳволам бигуфт он шоири доно:
“Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо,
Ки ишқ осон намуд аввал, вале уфтод мушкилҳо.
Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил,
Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо”.
Бигуфтам Ҳофизо акнун каме аз ҳоли меҳан гўй,
Ки мо дар гўшае ғурбат аз ў дурем манзилҳо.
Бигуфто хома хун гардад гар он аҳвол бинвисам,
Ба тўфон монда киштиҳо ба оташ рафта ҳосилҳо.
Зи теғи номусалмонон, зи санги ноҷавонмардон
Фитода ҳар тараф сарҳо, шикаста ҳар тараф дилҳо.
Бигуфтам чун кунад мардум? Бигуфто худ намедонӣ?
“Ҷарас фарёд медорад, ки барбандед маҳмилҳо”!
Розиқи Фонӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев