Мардикоре ба дорухона ворид шуд ва аз
доруфуруш пурсид:
- Оё Шумо равған (маз) барои обилаи даст ва харошаҳои даст, ки ҳангоми бо семент ва қум, ки пайдо мешавад доред?
Доруфуруш ғазабомез ба ӯ хандид ва гуфт:
- Ҳа, мо равған барои санг ва оҳан ҳам дорем.
Мардикор, ки содда буд ба кинояи
доруфуруш сарфаҳм нарафт ва гуфт:
- Оё Шумо метавонед ба ман сифати аълои
мазро диҳед?
Доруфуруш гуфт:
- Ба мо фақат сифатҳои аъло ворид мешаванд.
- доруфурш дар идома бо саросемагӣ ҷавоб
дод - Ин қимат аст, ман пешакӣ мегӯям (зери лаб табассум намуд).
Мардикор дастони худро дар назди доруфуруш бардошт ва ба вай гуфт:
- Ман дар сохтмон бо семент кор мекунам, дар дасти ман харошаҳои семент ва қум аст,
ман наметавонам бо ин дастон ба рӯи духтари хурдиам даст занам, чун ӯро нороҳат мекунам, агар сифати аълои доруро, Шумо ба ман диҳед ва он харошаҳои сементро тоза намояд, ман онгоҳ метавонам ҳар бегоҳ фарзандонамро бо
ин дастон дустдори бикунам зеро ман ба онҳо ва онҳо ба ман зарурат доранд.
Онгоҳ хандаҳои доруфуруш дар охир лабҳояшро ба ларза овард ва худро ҳоло чигунае ки нафратангез дид, пештар ҳеҷ гоҳ надида буд. Ӯ фарзандони худро дар муддати тулонӣ боре дустдори накарда буд.
Доруфуруш ба худ гуфт : "Меҳр дар
камбизоатон бештар ба назар мерасад".
Бо эҳтиром Самандаров Фаридун сФс ✍
Обуна шавед дӯстон! 👉 Ffilm.tj.company
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев