Хеле машғул шуда будем.
Дар тахриб ва тасарруфи табиат хеле бепарво шуда будем.
Ба чизе ҷуз манфиати худ намеандешидем.
Заминро ифлос ва осмонро аз дуди заҳрогин сиёҳ карда будем.
Дарёро аз моҳӣ тиҳӣ ва аз заболаву нафту хошок пур карда будем.
Ба номи дин, ба номи демократия ба номи ҳуқуқи башар, мекуштем, асиру ғорат мекардем ва ҳатто аз фурӯхтани занону кӯдакон шарм намекардем.
Сабри Худо ҳам ҳадде дорад
Таҳаммули коинот ҳам ҳадде дорад,
Зарфияти замину осмон ҳам ҳадде дорад.
Билохира бояд касе пайдо мешуд, ки ба инсони масту мағрур фармон бидиҳад, ист!
Ва ин маъмурият ба як вируси кӯчаку ғайриқобили дид вогузор гардид, то ба маънои воқеӣ инсони туғёнгарро дар ҷояш шинонад.
Ба дурустӣ, ки ба ӯ мефаҳмонад, эй инсон:
Ту хеле заифӣ
Ту хеле танҳоӣ
Ту хеле тарсуӣ
Ҳама ҳавопаймоҳо ва ҳама қатораҳоро замингир кард
Ҳама тиҷоратхонаҳо ва ҳама бозорҳоро таътил кард
Дарҳои варзишгоҳҳо, ресторан, казино дискокулубҳо ва... бо дастони худи инсон баст.
Ва ба кураи замин гуфт ҳоло нафас бикаш ва ба осмон гуфт обӣ шав.
Ба ҳайвонот ҳам гуфт ҳоло бидуни тарс аз шикор шудан ба дасти инсон, он гуна, ки дар зоту майли шумост, зиндагӣ кунед.
Ва ба инсон гуфт дар хона бимон ва ба ончи доштӣ ва аз онҳо носипос будӣ фикр кун, шояд ҳануз фурсате барои зистани оқилона пайдо кунӣ.
Пурсиш ва посух
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1