Ба масҷиди яке аз деҳаҳои Африқо имоми нав таъин гардид. Имом дар илми фиқҳ ва ақида дониши қавӣ дошт. Рӯзе имомро як аз оилаҳои ҳамон деҳ ба ифторӣ даъват намуд. Баъди рафтани имом бонуи хонадон дарк мекунад, ки пул гум шудааст. Пулро ҷустуҷӯ мекунанду, аммо намеёбанд. Дар хона бошад ба ҷуз зану шавҳар ва имом каси дигар набуд. Аз байн як сол гузашту моҳи Рамазон боз меҳмон шуда омад, ҳамон оила боз имомро ба ифторӣ даъват намуд. Мард оҳиста аз имом мепурсад:
- Ҷаноб, дар вақтҳои охир тағйир ёфтани муносибатамро нисбати шумо дарк мекунед?
- Барои ин чӣ интавр мегӯед?
- Соли гузашта баъди омадану рафтани шумо аз ин хонаи мо миқдоре пул гум шуд?!
Инро шунида имом ба гиря даромад.
- Чаро гиря доред? Оё аз шубҳаи мо гиря мекунед?
Имом ба он ҷавон гирякунон аз зери китоби Қуръон пулро нишон дода:
- Ҳамон вақт шамол вазида пулҳоро ҳаво дод. Онҳоро ҷамъ карда дар зери Қуръон гузоштам. Гиряи ман на аз шубҳаи шумо, балки барои он аст, ки дар давоми як сол боре ҳам Қуръонро кушода нахонданатон аст, бародар!
Тарҷумон: Озод Ҳодизода
#ҳикояи_ибратнок
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2