Дар як қасри хеле бузург зиндаги мекард шоҳзодаи шуҳратёре. Ёварон ва хизматгорон барояш тамоми ҳастии оламро дар як лаҳза пайдо менамуданд. Мероси гузоштаи падару модари сарватмандашро ишрати зиндаги мекард. Шабе, хобе мебинад ва субҳ барвақт аз тамоми бойгарии хеш даст кашида, ҳама дастёрон ва хизматгоронашро ба наздаш даъват намуда, иброз медорад, ки он чизе ки шумо барои ман муҳайё месозед, барои ҳар як шахс дастрас аст. Аммо он чизе, ки ман орзу дорам ва шабро ба ёдаш руз мекунам Шумо барои ман пайдо намуда наметавонед. Дастёрон ҳайрон аз у пурсиданд, ки чист он? Шоҳзода медонед, чи гуфт? Дидори дубораи падару модар дар ҳаёт? Бубинед, чиқадар пурэҳсос аст: Дидори дубораи падару модар дар зиндаги! Баъд медонед, посухи дастёрон чи гуна буд? Онҳо илова намуданд, ки агар дидори дубораи падару модар дар зиндаги мумкин мебуд мо на хизматгори ту, балки хизматгори хоки пои онҳо мешудем.
Ба кадри волидайни хеш бирасед!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1