Kurboni Ahmadzod
ДАРДИ ДИЛИ ДУХТАР БА МОДАРАШ:
Духтаре бо модараш дар рахти хоб,
Дарди дил мекард бо чашми пуроб.
Гуфт: модар ҳолам асло хуб нест,
Зиндаги аз баҳри ман матлуб нест,
Гу чи хокеро бирезам бар сарам?
Руи дастат бод кардам модарам!
Сини ман аз бисту-шаш афзун бишуд,
Дил миёни сина ғарқи хун бишуд,
Хеҷ кас Маҷнуни ин Лайло нашуд,
Шавҳаре аз баҳри ман пайдо нашуд,
Ғам миёни сина шуд анбошта,
Буи турши хонаро бардошта,
Модараш чун ҳарфи духтарро шунуфт,
Ханда бар лаб омадаш, оҳиста гуфт;
Духтарам бахти туҳам во мешавад,
Ғунчаи ишқат шукуфо мешавад,
Ғуссаҳоро аз вуҷудат дур кун,
Ин ҳама шавҳар якеро хуш кун,
Гуфт духтар, модари маҳбуби ман,
Эй рафиқи меҳрубону хуби ман,
Гуфтаам бо дустонам борҳҳо,
Ман бадам меояд аз ин корҳо,
Дар хиёбон ё миёни кучаҳо,
Сар ба зеру бо виқорам ҳаркуҷо,
Кай нигоҳе мекунам бар як писар,
Мағзи ёбу хурдаам ё мағзи хар?
Ғайри он рузе, ки гаштам ҳамсафар,
Бо Саиду, Ғолибу, Нуру Сафар,
Бо сетошон рафта будам синамо,
Бигзарем аз боқии ин моҷаро.
Як саре ҳамсуҳбати Содиқ шудам,
У харам кард охираш ошиқ шудам.
Як ду моҳе ёри ман буду парид,
Қалби ман аз ишқи у хайре надид.
Баъди Бехруз ёри ман Аббос буд,
Албатта васвосаву эҳсос буд,
Баъди уҳам ошиқи Хуршед шудам,
Баъди Хуршед ошиқи Чамшед шудам,
Баъди Собир ошиқи Нодир шудам,
Баъди Нодир ошиқи Носир шудам.
Модараш омад миёни ҳарфи у,
Гуфт: сокит шав дигар эй фитнаҷу,
Гарчи манҳам дар замони духтари,
Рузу шаб будам ба фикри шавҳари,
Лек ҷуз он, ки туро бошад падар,
Дил намедодам ба ҳар кас ин қадар.
Хоки олам бар сарат, хеле бади,
Номи занро хам ба пастихо зади!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев