Подшоҳе дар як шаби сарди зимистон аз қаср берун шуд. Ҳангоми бозгашт посбони пиреро дид, ки дар ҳавои сард бо либоси тунук посбони мекард. Аз у пурсид:
— Оё сардат нест?
Посбони пир гуфт:
— Сард аст, аммо либоси гарм надорам, маҷбурам, ки тоқат кунам.
Подшоҳ гуфт:
— Ман ҳоло дохили қаср меравам ва супориш медиҳам, ки як либоси гарм бароят биоваран. Посбон хушҳол шуда аз подшоҳ ташакур кард. Аммо подшоҳ баробари ворид шудан ба қаср ваъдаашро фаромӯш кард. Субҳи рузи дигар ҷасади сармозадаи пирамардро аз ҳавлии қаср пайдо карданд, дарҳолеки бо хати ангуштонаш дар замин навишта буд:
— Эй подшоҳ, ман ҳар шаб бо ҳамин либоси кам сарморо таҳаммул мекардам, аммо имшаб ваъдаи ту маро аз по афтонд.#Word #Life #Tajikistan #Мир #Жизнь
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев