Дурустараш барои шустани ҳамон ҷасад омадааст. Дарҳол бедор мешавад ва вазири оқилашро пурсон мешавад ки тадбири хобаш чист? Вазир хоҳиш мекунад ки ба он саҳро ҳамроҳ раванд ва дурустии сири он ҳолро дар ҷояш ёбанд.
Вақте ки ба ҳамон ҷои дар хоб дида меоянд,мебинанд ки одамони бисёре ҷам омаданд . Одамон аз мурда норозиги баён доштанд:-ин одам ҳамеша ба корҳои ноҷоям машғул буд,ҳар рӯз шароб менӯшид,хонааш аз фоҳишаҳо пур буд. Ҳол он ки дар хона завҷааш ҳаст,аз ӯ ҳам шарм надошта як села фоҳишаҳо ва як бағал шаробро гирифта ҳар шаб ба хонааш мебурд.
Вазир ба подшоҳ гуфт:- шоҳам хоби шумо ноҳақ намешавад дар хобатон чи сире ҳаст,биёед ба ягон канори моро намешинохта ин ҷасадро бурда пок шӯем ва ҷанозаашро хонем. Подшоҳ рози шуд,вале аввал хонадони инро хабар диҳем гӯён роҳ сӯи хонаи мурда гирифтанд.
Дарро зани солхурдае кушод ва вазиру подшоҳро ба хона даъват кард.
Алқисса он зан буду шуди воқеаро нақл кард:- Шавҳарам бисёр одами боимон буданд,бо устоги машғул буданд . Музди ҳаррӯза коркардаашонро гирифта аз шаробхона шароби бисёр мехариданд,то ба майзадагон камтар шароб расад,ва якчанд фоҳишаҳоро ҷам карда хона меоварданд. Шаробҳоро амр мекарданд то ба ҷӯйбор рехта нобуд кунам. Ба фоҳишаҳо музди гуфтагиашонро дода,ба ман амр мекарданд ки ба онҳо то саҳар насиҳат кунам. Бисёрии фоҳишаҳо ба роҳи рост даромада аз мо шукргузор мешуданд. Асосаш он ки вақти ман пурсидан:-эй хоҷам ҳамма ҳамсояву хеш шуморо чун одами бероҳа фикр мекунанд,пагоҳ агар ҷон ба ҷаббор супоред ки омада шуморо гуру чуб мекунад? Он гоҳ ҷавоб доданд:- Худо хоҳад мурдаи маро подшоҳ мешуяд ту ғам нахур.. ps:дар ҳаёт ҳамин гуна ҳам мешавад,одамеро ки намедонем мо ба ӯ хато баҳо медиҳем-як умр...
#киссахои_зиндаги✍️
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев