Асҳоб ва қофилаву моли хешро омода сохт ва роҳ пеш гирифт. Пас аз муддати тӯлоние ба деҳае қарор гирифт, то корвонаш дам бигирад. Дар он деҳа ногоҳ чашмаш ба зане уфтод, ки аз партовгоҳе зоғи мурдаро бо худ гирифта бурд. Хидматгори хешро бифармуд, то аз пайи он зан равад ва аз ҳолу аҳволи ӯ хабаре биёварад. Ҳикояти сабаби бо худ бурдани зоғи мурдаро хидматгор аз ӯ пурсид ва дар ҷавоб он зан гуфт: Се рӯз аст, ки фарзандонам буридаи ноне ба даҳон набурдаанд, гуруснагӣ эшонро азият дод ва ман маҷбур шудам, ки аз зоғи мурда барояшон ғизое таҳия бикунам.
Хидматгор он чӣ буд, пеши Абдуллоҳ ибни Муборак овард. Ваҳте Абдуллоҳ ин қисса шунид, ашк аз чашмон рехт, талх гирист. Ба надимон амр кард, то ҳар чӣ дар қофила аст, барои он зан ва бокй аҳолии деҳа қисмат бикунанд. Аз роҳи ҳаҷ баргашт ба сӯйи хонааш. Яъне сафари ҳаҷро мавқуф гузошт. Ӯ аз зиёрати ҳаҷ некӣ карданро ба бенавоён авло донист. Ба хона омад ва он шаб хоб дид, ки ҳотифе нидо мекард: Абдуллоҳ, ба ту муборак бошад ҳаҷҷи мабрур (мақбул), саъйи машкур ва гуноҳи мағфур.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев