🍀
✍Аллоҳ Таъоло дар Қуръони Карим барои занони мусалмон мефармояд:
وَقَرۡنَ فِي بُيُوتِكُنَّ وَلَا تَبَرَّجۡنَ تَبَرُّجَ ٱلۡجَٰهِلِيَّةِ ٱلۡأُولَىٰۖ.
"Ва дар хонаҳои худ бимонед, ҳамчун замони ҷоҳилияти пешин дар миёни мардум зоҳир нашавед ва худнамои накунед" { Аҳзоб: 33}
🪶Шинохти шоирон дар партави ин оя:
📝Саъдӣ (р) мефармояд:
- Зан аз чашми бегона мастур беҳ,
- Чу берун шуд аз хона дар гур беҳ!
- Ҳаё гар надорад дил аз вай бигир,
- Ки набвад зани бе ҳаё дилпазир!
📝Дар ҷои дигар мефармояд:
- Чу зан роҳи бозор гирад, бизан,
- Вагар - на ту дар хона биншин чу зан!
Фирдавсӣ (р) мефармояд:
- Занонро ҳамин бас бувад як ҳунар,
- Нишинанду зоянд шерони нар.
📝Шоири дигаре мефармояд:
- Гар ҳаст туро ҳавои марди бар сар,
- Берун магузор аёли худ аз хона ба дар.
- Шохе, ки аз сар девор бурун ораду сар,
- Аз меваи ӯ тамаъ кунад ҳар роҳгузар.
📝 Ва дигаре мефармояд:
- Хуб карди, ки рух аз оина пинҳон кардӣ,
- Ҳар парешон назаре лоиқи дидори ту нест
Телеграм::: Ҳидояти занон.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев