Ҳазрати Расули Акрам (с) фармудаанд: «Падар шинохтатару шарифтар асту модар мушфиқтару меҳрубонтар».
Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) нақл мекунад, ки рӯзе аз Расули Худо (с) пурсиданд: «Кадом амал назди Худованд некӯтар аст?»
Паёмбари гиромӣ (с) ҷавоб доданд: -Намозро дар вақташ гузоридан.
Боз пурсиданд: -Баъд аз он кадом амал некӯтар аст?
Гуфтанд: -Некӯӣ дар ҳаққи падару модар овардаанд, ки Расули Акрам (с) дар маҷлисе ба риояи ҳаққи падару модар ҳадиси дарозе нақл карда, дар охири сухан қасам ёд карда гуфтанд: Ба ҳаққи Худое, ки маро ба халқ пайғамбар кардааст, ҳар кӣ ба падару модари худ накӯӣ карда, аз худ розӣ гардонад, он кас дар биҳишт ҳамроҳи ман хоҳад буд. Марде аз он маҷлис бархоста гуфт: Ё Расулуллоҳ (с), маро дар овони хурдӣ падару модарам фавтидаанд. Чӣ тавр онҳоро аз худ розӣ гардонам?
Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд: Барои падару модари худ садақа кун, ё мӯҳтоҷеро таъом деҳ, қироати Қуръон кун ва намози фарзиро хонда, аз ақиби он барои мағфирати падару модар дуо кун. Аллоҳ Таъоло мустаҷоб карда, мағфират менамояд, агарчи онҳо гунаҳкор ҳам бошанд.
Дар «Навоби ғул калима» омадааст, ки ҳар касе бомдод бархезад ва падару модар аз вай хушнуд бошанд, дари биҳишт барояш кушода мегардад. Агар фарзанд ба рӯи падару модар бо меҳрубонӣ нигарад ва бар эшон раҳм кунад, Худованди Таъоло савоби ҳаққи мақбул дар девони аъмоли ӯ сабт мегардонад:
Бо модари хеш меҳрубон бош,
Омодаи ҳурматаш ба ҷон бош.
Бо чашми абад нигар падарро,
В-аз гуфтаи ӯ мапеч сарро,
Гар ҳар ду шаванд аз ту хурсанд,
Хушнуд шавад зи ту Худованд.
Муоз ибни Ҷабал (р) ривоят мекунанд, ки Мӯсо алайҳиссалом дар муноҷоти худ гуфтанд: «Илоҳо, маро васияте кун!» Нидо омад, ки «Ризои модар ҷӯй!» Ҳамин тавр то ҳафт бор нидо омад: «Эй Мӯсо (а), ризои модар ҷӯй ва ҳурматашро бишнос!»
Марде назди Расул (с) омаду гуфт: «Ё Расулуллоҳ (с) , модари ман пир шудааст, бо дасти хеш нон дар даҳони вай мениҳам ва об медиҳам. Ӯро ба пушти худ мебардорам. Оё ҳаққи фарзандии худро адо кардаам?
Пайғамбар (с) ба ӯ гуфтанд: - Аз сад якеро нагузоридаӣ. Лекин Худованд туро савоби бисёр медиҳад.
Боре ҷавоне назди ҳазрати Муҳаммад (с), омада гуфт: «Ё Расули Худо (с), иҷозат диҳед, ки ба ғазо» (ҷиҳод) равам».
Он Ҳазрат (с) гуфтанд: -Модар дорӣ?
Ҷавон гуфт: -Бале, модарам ҳастанд.
Паёмбар (с) фармуданд: -Бирав, ӯро нигаҳдорӣ кун, ки биҳишт зери қадами вай аст.
Яъне,касеро модараш розӣ бошад, биҳишт ба ӯ наздиктар аст.
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.
Дар як ҳадиси мубораки Расули Худо (с) омадааст: «Се тоифаро оташи дӯзах намесӯзад: Зане, ки итоаткори шавҳар бошад, фарзанде, ки барои падару модар накӯкорӣ кунад, шахсе, ки ба халқи Худо раҳм кунад».
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев