Ду се ҳарфе бигӯям, эй ҷигарбанд,
Чу сайде бо каманди хотират банд!
Бишав сайёд бар думболи маъно!..
Лазизтар чист аз сайди муҳанно*?
Зи сад ҳарфе, ки таҳсинро нашояд,
Туро бас гар якеаш кор ояд!
Бигир танҳо каломеро ба гӯшат,
Таконе гар диҳад бар ақлу ҳушат.
Бигӯям аз зиёну фитнаи нафс,
Зи ниронат бихонам сӯи Фирдавс.
Раҳо кун хешро аз нафси ғаддор,
Битезон* нури ақлат ҷониби нор!
Ба дасти нафс гар додӣ инонат,
Кашад сӯи ҷаҳаннам ҷисму ҷонат.
Куҷояш зинда пиндорӣ дили хеш?
Замоне, ки намирад нафси бадкеш.
Зи рӯи нафс бошад худситойи,
Фурӯтан шав агар абди Худойи!
Касе як зарра бар худ қиммате дид,
Тавозӯъ аз насибаш дур гардидид.
Шавад кибру ҳасад ҳамроҳу ёраш,
Ба хорӣ мерасонад хатми кораш.
Машав аз ҷумлаи шахсони пурхур,
Фурӯғи дил равад аз ишками пур.
Зи серӣ нафси Фиръавн гашт боло,
Ки мепиндошт худро Рабби Аъло.
Тане к-аз маъсият ёбад ҳаловат,
Дигар кай мепазирад илми тоат?!
Ҳамоне мерасад бар Холиқи худ,
Раҳи нафсу ҳаворо тарк бинмуд.
Чуноне бад бувад кирдори шайтон,
Зиёни нафсро з- ӯ бадтараш дон!
Бигир пеши раҳаш бо садди оҳан*,
Фурӯ созаш, ки то гардӣ фурӯтан!
Бузургӣ интиҳои хоксорист,
Сазои худпарастӣ зиллу* хорист.
Машав ҳаргиз ғуломи нафси бадхоҳ,
Ба пояш ғулл* бизан то худ шавӣ шоҳ!
Вуҷудашро ба зери хок андоз!
Биёбӣ то самои маърифат боз.
Бигуфтам хӯшае гар шӯру ширин,
Зи шӯраш бигзару аз шаккараш чин!
Суханро хатм созам бо дуойе,
Ки танҳо Ӯст бе ҷурму хатойе.
Раъуфо, Меҳрубоно, Кирдигоро,
Ҳифозат кун зи макри нафс моро.
Зи аҷзу нотавонӣ дилфигорем,
Ниёзи қудрату Зоти Ту дорем.
Ба уммеде кунад, эй Ёри дилсӯз,
Муродӣ субҳро шому шабаш рӯз.
Ки орӣ бандагони пургуноҳат,
Зи қайди нафс бар ҷанби паноҳат.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 30.07.2021
Муҳанно*- гуворро, лазиз
Тезонидан* - шӯронидан (касеро бар муқобили касе)
Садди оҳан *- садди оҳанин, девори оҳанин.
Зилл*- шакли кӯтоҳи зиллат, хорӣ, забунӣ.
Ғулл*- занҷиру тавқи оҳанин.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев