Бовар манамо фанди гуворосуханонро!
Ҷуз дилбариву дилшиканӣ коре набошад,
Шириндаҳану хушсухану лабшакаронро.
Ди бар чамани лола яке дида ниҳодам,
Ташбеҳи ту буд сурати хунинкафанонро.
Тарсам, ки биафтӣ ба чаҳу доми шаётин,
Бигрифта пайю домани симинбаданонро.
Дар ишқи маҷозӣ набувад роҳи саодат,
Дар "Асл" биҷӯ ҷодаи ошиқбудагонро!
"Оқил накунад он, ки пушаймонӣ биорад"
Бар бод бидеҳ васвасаи аҳриманонро!
Аз дидаву дил дур намо майлу ҳавасро,
То мангарӣ номаҳраму пӯшидасаронро*.
Бо лаззату бо шаҳвату бо нийяти нопок,
Зонист*, ҳамон дида, ки бинад дигаронро.
Андеша намо аз пули* пурваҳшату борик,
Ин дам, ки назар мекунӣ бориккамаронро.
Ин ҳарфи Муродӣ бинамо ҳифз, ки бар ту,
Зоде* бишавад кӯчаи умри гузаронро!
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 18.03.2021
Пӯшидасарон*- занҳо.
Зонӣ* - зинокор.
Пул*- кӯпрук, пули сирот.
Зод*- тӯшаи роҳ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев