Гуфтам: чи таврӣ, эй дил? Гуфто:ки беқарорам,
Гуфтам: чаро чунинӣ? Гуфт: аз фироқи ёрам.
Гуфтам: ки кист ёрат, то карда беқарорат?
Гуфто: Ҳамон, ки бо Ӯст тақдиру ихтиёрам.
Гуфтам: куҷост он Ёр? бар ман далеле меор!
Гуфто: ки ҳар куҷоест, онҷо, ки рӯ биорам.
Гуфтам: ба ман хабар деҳ, аз зоту аз сифоташ!
Гуфто: ки Зоти яктост, аз Ӯст ҳар чӣ дорам.
Гуфтам: ки Ӯ чигунаст? Гуфт: бе чарову чун аст.
Гуфтам: ки боз афзо! Гуфт: кай расад мадорам.
Гуфтам: ки огаҳам кун, аз ҳастиву вуҷудаш,
Гуфто: ки бе шарик аст, Ҳай* асту Кирдигорам.
Гуфтам: ки дар фироқаш то кай чунин бисӯзӣ?
Гуфто: ки то ба маҳшар бо ёди Ӯ гузорам.
Гуфтам: тараҳҳуме кун андак ба ҳоли зорат!
Гуфто: зи ёди рӯяш ёде зи худ надорам.
Гуфтам: ки васлу дидор рӯзе расад ба ҳар ёр,
Гуфто: ки войи он рӯз, к-осиву шармсорам.
Гуфтам: Муродиро низ дарси муҳаббат омӯз!
Гуфто: мударрисе ку, беҳ з-Офаридагорам?
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 5.11.2020
----
Ҳай*- ҳамеша зинда буд ва ҳаст.
Офаридагор*- офаридгор, офаранда, Худо.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев