-
Диламро дафтаре кардам, ки ҷо созам ғазалҳоят,
Ба саҳни синаам зарринбино созам ғазалҳоят.
Намеғунҷад ба гӯши хотиротам ҷуз каломи ту,
Ба дунёи умедам муттако созам ғазалҳоят.
Ҳазорон шеъри нобе хондаам аз шоирон, лекин,
Зи байни садҳазорон ҳам ҷудо созам ғазалҳоят.
Барои сайқали андешаам як мисраат кофист,
Ба ақли нотавонам чун даво созам ғазалҳоят.
Бихон, ки тӯтии табъам зи ашъорат шакар гирад,
Ба рӯи дида умре тӯтиё созам ғазалҳоят.
Надорад иддаои шоирӣ Бадри Мунир, аммо,
Чу ҳар шеърофаре боло баҳо созам ғазалҳоят.
(Бадри Мунир) 30.11.2020
--
--------------------------------
"Аз Муродии Хатлонӣ ба Бадри Мунир"
--
Диламро дафтаре кардам, ки ҷо дорад суханҳоят.
Даруни синаи торам сафо дорад суханҳоят,
Хаёламро мушавваш мекунад абёти мавзунат,
Шабеҳи шеваи Зебуннисо дорад суханҳоят.
Ҷилои мисраҳоят дидаамро мебарад чун зар,
Магар шаклу усули кимиё дорад суханҳоят?
Муродӣ то абад ихлосманди ҳарфҳои туст,
Нишон аз талъати Бадри само дорад суханҳоят.
МУРДОИИ ХАТЛОНӢ 2.12.2020
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев