🌺Аз Абўбакр (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с.а.с) фармуданд: «Дуое, ки шахси парешонҳол онро бояд бихонад, ин аст:
"Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.
Аллоҳумма раҳматака арҷу фало такилнӣ ило нафсӣ тарфата ъайнин ва аслиҳ лӣ шаънӣ куллаҳу ло илоҳа илла Анта".
Тарчума: Худовандо! Раҳмататро умед дорам, пас миқдори як чашм
ба ҳам задан ҳам маро ба ҳоли худ нагузор ва тамоми корҳоямро
ислоҳ кун, нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Ту.
Барои осоншавии ҳар гуна душворӣ дуои зайл низ аз Паёмбар (с.а.с) ривоят шудааст:
"Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Аллоҳумма ло саҳла илло мо ҷаъалтаҳу саҳлан ва Анта таҷъалу-л- ҳазана изо шиъта саҳлан.
Тарчума: Худовандо! Ҳеҷ осоние нест, магар он, ки Ту осонаш гардонӣ ва Ту ҳар гоҳ, ки хоҳӣ, ғаму парешониро осон мегардонӣ.🌺
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев