خدايا درهاى رحمتت را به روى ما بگشا Худоё дархои рахмататро ба руи мо бигушо #Дуъо #دعا #Тоҷик #Тоҷикистон #Basirat_tv #تاجیکستان #ایران #افغانستان
    0 комментариев
    0 классов
    فرمود: «این گونه خدا هر چه را بخواهد، می‌آفریند. هرگاه چیزی را اراده کند پس فقط به آن مى‏گويد: «باش!» پس [درحال‏] مى‏شود». Гуфт: «ин гуна Худо ҳар чиро бихоҳад, меофаринад. Ҳар гоҳ чизеро ирода кунад, пас фақат ба он мегӯяд: «бош! Пас [дар ҳол] мешавад». #Тарҷума #Тоҷик #Тоҷикистон #Basirat_tv #تاجیکستان #ایران #افغانستان
    0 комментариев
    2 класса
    Нақши падар дар тарбияти фарзанд Падар чӣ нақше дар тарбияти фарзанд дорад? Ба ҳамон андоза, ки модар нақши муҳимме дар тарбият ва рушди кӯдак дорад, падар низ нақши асосӣ дар тарбият дорад. Падар ҷойгоҳе мисли кӯҳ, ҷиҳати ҳифзи амнияти кӯдакро дорад. Падар метавонад шуҷоатро ба дили фарзанди худ роҳ диҳад. Аммо агар падар шахсе бошад, ки ҳомӣ нест, аҳли беадабӣ ва сустӣ аст, иҳонат мекунад ва рафторҳои вайронгар дошта бошад, осори номатлубе дар кӯдаки худ хоҳад гузошт. Бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ ки дар ин ҷо гуфта шуд, ба таъсири падар ва модар дар хона пай бурда мешавад ва масъалаи аслии хонавода падар ва модар ҳастанд, ки ҳамеша бо фарзандони худашон дар иртибот ҳастанд. Албатта ин ба он маъно нест, ки дигар аъзои хонавода, мисли хоҳар, бародар таъсири чандоне надоранд, балки нақши онон ҳам муҳим аст, хусусан замоне ки онҳо фарзанди бузургтари хонавода бошанд. Будани падар дар канори фарзандон бар шахсияти онҳо таъсир мегузорад. Бачаҳо ба сурати огоҳона ва ноогоҳона хусусиёти зиёдеро аз падар ба ирс мебаранд. Ба роҳатӣ метавонед мушоҳида кунед, ки падарҳое, ки иҷтимоӣ ҳастанд, фарзандонашон низ бештар иҷтимоӣ мешаванд ва дар ҷомеа бо дигарон ба осонӣ иртибот барқарор мекунанд. Чигунагии рафтор ва чигунагии сӯҳбат кардани падар бо фарзанд сабаб мешавад, ки эҳсосоти кӯдак таҳрик шавад ва рушд кунад. Инчунин нақши падар дар таҳсил, шинохти истеъдодҳо, коҳиши пархошгарӣ, иртиботгирӣ бо атрофиён, афзоиши эътимод ба нафс ва худбоварӣ, муқовимат дар баробарои мушкилот ва изтироб бисёр муҳим ва ҳаётӣ аст. Хонаводаи намуна https://www.khonavoda.com/?p=25338
    0 комментариев
    0 классов
    قال رسول الله صلی الله علیه و آله و سلم: خیرکم من تعلم القرآن و علمه "Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро ёд бигирад ва ба дигарон биёмӯзад". (Саҳеҳ Бухорӣ) #точикистон #душанбе #Ислом #таджикистан #Дин #Қуръон #Quran #قران #gulhoi_zindagi
    0 комментариев
    0 классов
    9. Шунавандаи хуб Меҳрубонӣ ва дилсӯзӣ метавонад дар канори якдигар ба як шунавандаи хуб будан табдил шавад. Дӯсти хуб ҳангоми дарди дил кардани шумо комилан сокит ва ҳушёр аст. Дӯсти хуб шунавандаи хубе барои умедҳо, орзуҳо, тарсҳо, рӯйоҳо , афкори аҳмақона ва пуч ва ё сахтиҳои зиндагии шумост. 10. Ёрирасон Дӯсти хуби паштвонаи шумост. Агар хаста бошед, ба шумо кумак мекунад ва корҳоятонро то ҷое, ки дар тавонаш аст, анҷом медиҳад. Агар дар мавриди аъзои хонавода ба кумак ниёз дошта бошед, ҳаргиз дареғ намекунад. Ӯ тамоми талошашро мекунад то осебе ба шумо нарасад ва битавонад дар сареътарин замони мумкин мушкили шуморо ҳал кунад. 11. Басират Дӯстони хуб қабл аз инки чизеро ба забон биоваранд, мефаҳманд. Онҳо ниёзҳои шуморо беҳтар аз худатон мешиносанд. Онҳо медонанд, ки чӣ чизе шуморо шод ва чӣ чизе сабаби нороҳатиятон мешавад. Онҳо дар беҳбуди рӯҳияи шумо бузургтарин нақшро ифо мекунанд, зеро ба тамоми вижагиҳои шахсиятии шумо огоҳӣ ва басират доранд. 12. Хушбин, аммо на фақат дар калом Замоне, ки нороҳат ҳастед ва аз рӯи ғаму ғусса ҳатто гиря мекунед, дӯсти хуб ба доди шумо мерасад. Ӯ дар ин лаҳзаҳои сахт ба ҷанбаи мусбат моҷаро нигоҳ мекунад ва шуморо ба чизҳои хубе, ки доред , огоҳ месозад. Албатта ин хушбинии беш аз ҳад ва ғайритабиӣ нест. Балки комилан воқеъбинона мебошад. 13. Мӯҳтарам Ин дӯстон ниҳояти эҳтиромро барои шумо ва хонаводаатон қоил ҳастанд. Онҳо дар ҳеҷ шароите аз шумо бадгӯӣ намекунанд. Ҳатто дар замонҳое, ки бо ӯ баҳс мекунед, ҳеҷ гоҳ эҳтиром ба шуморо хадшадор намекунад ва аз дигарон низ мехоҳад, ки ба шумо эҳтиром бигузоранд. 14. Дар оғӯш кашидан Ӯ дар тамоми сахтиҳои зиндагӣ шуморо ба оғӯши гарми худ даъват мекунад. Чӣ рӯҳӣ ва чӣ ҷисмӣ муҳаббати худро ба шумо нишон медиҳад. Ҳеҷ қонунеро барои пас задани шумо надорад ва ҳамеша оғӯшаш ба рӯи шумо боз аст. 15. Пазиранда Ӯ қалби худашро ба сӯи шумо боз мекунад, бидуни ин, ки таваққӯи ҷуброн аз самти шумо дошта бошад. Ӯ то ҷое, ки метавонад фосила байни худаш ва шуморо кам мекунад ва ҳамеша амниятро дар робита боло мебарад. Ҳамчунин дар канори шумо сафари тӯлонии зиндагиро тай мекунад. 16. Тавоноии худи воқеӣ будан Агар дар дӯстӣ ҳастед, ки дар он метавонед худи воқеиятонро нишон диҳед, яъне як дӯсти воқеӣ доред. Дӯсти воқеӣ шуморо зишт ё зебо, хушахлоқ ё бадахлоқ бо ҳар навъ фарҳангӣ мепазирад ва ҳаргиз тавре бо шумо рафтор намекунад, ки ҳисси таҳқир шудан аз худи воқеиятон ба шумо даст бидиҳад. 17. Тавонои сукут кардан бидуни сарзаниш ва фишор аз самти ӯ Дӯсти хуб беҳтар аз ҳаркаси дигаре шуморо дарк мекунад ва дар натиҷа замонҳое, ки дӯст доред танҳо бошед, шуморо дарк мекунад ва хилвати шуморо ба ҳам намезанад. Ӯ қасд надорад, ки ба хилвати шумо ворид шавад ва онро ба ҳам бизанад, зеро хоҳони оромиш воқеии шумо аст. Баъд аз дурӣ кардани шумо ва беҳбудӣ низ бо рӯи боз пазирои шумо мебошад. 18. Хушҳолӣ баъд аз рӯйдоди иттифоқоти хуб Дӯсти хуб бо хушҳолии шумо хушҳол аст ва бо нороҳатии шумо нороҳат ва дар натиҷа замоне, ки ба муваффақияте даст пайдо мекунед, ӯ низ ба андозаи шумо ва хонаводаатон хушҳол аст ва дӯст дорад, ки дар ин шодӣ саҳим бошад. Фарқе надорад, ки ин шодӣ марбут ба пайдо кардани шуғли муносиб, баранда шудан дар як мусобиқа, хариди як васила ё ҳар мавриди дигаре бошад. 19. Муколимаҳои кӯтоҳ, аммо лаззатбахш Муколимаи шумо бо як дӯсти воқеӣ маъмулан кӯтоҳ, аммо муфид аст. Ин дӯст саъй надорад, ки дар мавориди мухталиф бо шумо баҳс кунад, зеро хоҳони нигаҳ доштани робита, он ҳам бо кайфияти боло аст ва аз сӯи дигар замоне, ки бо ӯ ҳастед, метавонед дар мавриди ҳарчи, ки дӯст доред, бо ӯ сӯҳбат кунед, бидуни инки тарс аз қазоват дошта бошед. 20. Мувоҷеҳ кардани шумо бо харобкориҳоятон Дӯсти хуб метавонад иштибоҳоти шуморо ба хубӣ ба шумо ёдоварӣ кунад то ҷилави иштибоҳоти баъдиро бигирад. Ӯ беҳтар аз ҳаркасе ба харобкориҳо ва нақсҳои рафтории шумо огоҳ аст ва дар натиҷа барои ҳалли мушкил, беҳтарин касе аст, ки метавонед ба ӯ такя кунед. 21. Ташвеқ кардан Дӯсти хуб шуморо ба самти чизҳои хуб ва арзишманд дар зиндагӣ мекашонад. Ӯ шуморо ташвеқ ба таҷрибаи чизҳои ҷадид дар зиндагӣ мекунад ва дӯст дорад, ки шуморо дар ин роҳ рушд диҳад. Ӯ бузургтарин мушаввиқи шумо дар зиндагӣ аст. Ташвеқҳое, ки роҳ ба ҷои ғалат намебаранд ва дар зиндагии шумо таъсир муфид доранд. 22. Бахшанда Мутмаин бошед, ки дӯсти хуб метавонад ба андозаи як хоҳари хунӣ бахшанда бошад. Ӯ шуморо ба хотири хатоҳоятон дарк мекунад зеро беш аз худаш ба манофеи шумо фикр мекунад. Ӯ саъй мекунад, ки баъд аз узрхоҳӣ бо гӯши шунаво ба далелҳои иштибоҳатон гӯш кунад ва баъд тавоноӣ ва қудрати башхиши худро ба шумо нишон диҳад. 23. Иштиёқ барои дидани ӯ Дӯсти воқеӣ метавонад ончунон дар дили шумо ҷо боз кунад, ки барои диднаша дилтанг шавед. ӯ метавонад бо нишон додани худаш ба шумо боиси эҷоди шодии воқеӣ дар шумо шавад. Энержии мусбат ва меҳрубониҳои ӯ ҳамеша шуморо ба ваҷд меоварад ва боис мешавад, ки дилатон бихоҳад, замони бештареро дар канори ӯ сипарӣ кунед. 24. Эҳсоси гуноҳ накардан дар канори ӯ Ин мафҳумро бо як мисол барои шумо тавзеҳ медиҳем. Фикр кунед, ки аз тарафи ӯ ба як меҳмонӣ даъват шудаед аммо натавонистаед по ба он меҳмонӣ бигузоред. Як дӯсти хуб дар чунин шароите шуморо дарк мекунад ва рафторҳои мисли қаҳр карданро аз худ нишон намедиҳад. Дар воқеъ ӯ тавре рафтор намекунад, ки аз тард шудан аз самти ӯ нигаронӣ дошта бошед ва шуморо низ маҷбур ба анҷом ҳеҷ коре бар хилофи майл ва ё шароитатон намекунад. 25. Роҳат будани тақозо аз ӯ Дӯсти хуб бо шумо тавре рафтор мекунад, ки замоне, ки аз ӯ кумаке мехоҳед ё дархосте доред, битавонед онро бо ӯ дар миён бигузоред. Ӯ ҳеҷгуна тундмизоҷӣ ва ҳассосияти беҷоро аз худ нишон намедиҳад ва дар натиҷа шумо хаёлатон роҳат аст, ки ҳар дархостеро бо ӯ матраҳ кунед ва мутмаин ҳастед, ки агар битавонад барои шумо коре анҷом медиҳад ва баҳонаҷӯӣ намекунад. https://www.khonavoda.com/?p=21945
    0 комментариев
    0 классов
    Падар пайғамбару модар фаришта Чу Лоиқ ҳар дуро тавре навишта: Падар шамъ асту модар моҳи тобон Падар инсону модар ҷони инсон
    0 комментариев
    0 классов
    Ҳамсарам намоз намехонад! Роҳкорҳои заминасоз барои ҳаракат дар замини намоз Ҳамсарам нисбат ба намоз камаҳамият аст ва аз худ сустӣ нишон медиҳад. Метарсам сустии ҳамсарам дар амри намоз рӯи фарзандонам низ таъсири манфӣ бигузорад. Бо чӣ равишҳое метавонам ӯро нисбат ба намоз бо рағбат ва пойбандтар кунам? Рафторҳои огоҳонае, ки аз инсон сар мезанад, дорои ду пуштивонаи шинохт ва ангеза аст. Намоз фақат як ибодат нест, тааллуқи хотир аст. Фақат як дуо нест, ки ситоиш аст. Биниш нест, ки гироиш аст. Аз инру афзӯн бар огоҳибахшӣ мебоист алоқаҳоро ҷиҳатдиҳӣ кард. Даъват ба намоз, даъват ба иртибот бо Худост. Афрод бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои рӯҳӣ ва равонӣ, мутафовитанд. Касеро, ки аз нооромӣ ва набуди оромиши рӯҳӣ ва равонӣ ранҷ мебарад, ба гунае даъват мекунанд ва касеро ҳам, ки дағдағаи ризқу рӯзӣ дорад, ба гунаи дигар. Мехоҳем инсонеро даъват ба намоз кунем, ки дорои фикр ва андеша, ҳис ва ангеза, розҳо ва ниёзҳои гуфта ва ногуфтааст. Майл ва гироиш дорад. Сусти дар амри намоз реша дар бархе авомили пайдо ва пинҳон дорад, онҳоро бояд расад ва мавонеъро бояд бартараф кард. Аз худатон шурӯъ кунед; Шумо дар канори дигар улгуҳо метавонед беҳтарин нақши улгуиро дошта бошед; Чун шумо даъваткунандаи ҳамсар ба намоз ҳастед, бояд муроқиби рафторҳоятон бошед то бо рафторҳои писандида ва ангезабахши худ, ӯро ба намоз даъват кунед. Маъмулан инсонҳо аз ироаи «тавсияҳои дархост нашуда» ба хубӣ истиқбол намекунанд ва чунин тавсияҳое ин зеҳниятро дар онҳо эҷод мекунад, ки намедонанд хайр ва салоҳашон дар чист. Ба хусус мардҳо дар қиболи тавсияҳои ҳамсаронашон барои ислоҳи рафтор аз худ муқовамат нишон медиҳанд; Чароки масъалаи шоистагӣ ва қобилият барои онҳо аз аҳамияти бисёре бархурдор аст. Онҳо дӯст доранд худашон ба танҳоӣ битавонанд ба аҳдофи мавриди назарашон бирасанд; Аз инру иҷоза бидиҳед худашон оҳиста-оҳиста ба аҳамият ва ҷойгоҳи намоз дар зиндагӣ пай бибаранд. Ин фурсатро бо насиҳат ва амру наҳи аз онҳо нагиред. Барои нукоти мусбат ва корҳои хубашон арзиш қоил шавед то ангезаҳо барои ислоҳи рафтор тақвият шавад. Дар як фазои комилан самимӣ аз ӯ бихоҳед, ки ба шумо бигӯяд чӣ чизҳое иҷоза намедиҳад, ки ба самти ибодат биравад. Ба ӯ бигӯед вақте намозхонданатро мебинам лаззат мебарам. Бо ин шева, ангезаҳои ӯро таҳрик кунед. Инсонҳо вақте дар ҷамъе бошанд, ки машғули коре ҳастанд, нохудогоҳ ин зеҳниятро пайдо мекунанд, ки ҳама машғули ҳамон коранд ва аслан ин тасаввурро надоранд, ки дар муҳити дигар афроде машғули корҳои дигаре ҳастанд. Дар натиҷа ӯ ҳам саъй мекунад худашро ҳамранги ҷамоат намояд. Пас то метавонед саъй кунед барномаҳои тафреҳӣ ва харид, ҳамзамон бо вақти азон набошад то ин зеҳният дар ӯ падид наёяд, ки ҳеҷ касе дар ҳоли ҳозир машғули намоз нест ва ин нукта барои ӯ одӣ намешавад. Муроқиб бошед дар миёни сӯҳбатҳоятон ҳамсаратонро бо афроди пойбанд ба намоз муқоиса накунед ва ё аз аҳли намоз будани афроди ҳамсинусоли ҳамсаратон таъриф ва тамҷид накунед. Ин кори шумо ҳамсаратонро намозхон намекунад, балки ӯро нисбат ба намозхонҳо бадбин ва кинаӣ мекунад ва ҳисси ҳасодати ӯро бармеангезад. Барномаҳое барои рафтан ба маконҳои мутабаррик дошта бошед ва саъй кунед ҳузуратон ҳамзамон бо вақти азон бошад чаро ки маъмулан афрод бо қарор гирифтан дар шароите, ки ҳамагӣ муҳаёи иқомаи намоз ва ҳамчунин ширкат дар намози ҷамоат ҳастанд, саъй мекунанд худашонро ба онҳо ҳамроҳ кунанд. Инсонҳо ташнаи такрим ва эҳтироманд. Муроқиб бошед бо баъзе рафторҳо ва гуфтаҳо, онҳам ба ангезаи даъват ба намоз, эҳтироми ҳамсаратонро аз байн набаред. Иртиботи худро бо афроди мутадаййин ва бастагоне, ки аҳли намозанд, зиёд кунед ва барномаҳои мусофиратӣ бо онҳо дошта бошед. Намозро хеле осон ҷилва диҳед; Яъне иктифо ба анҷоми воҷибот. Инсон то вақте нисбат ба чизе майл ва кашиши дарунӣ надошта бошад, насиҳат ва амру наҳи дигарон нисбат ба он таъсире надорад; Бинобар ин аз амру наҳи мустақим, ки бӯи насиҳат ба худ бигирад, парҳез кунед. Ӯ бояд эҳсоси масъулият кунад. Эҳсоси масъулият яъне боядҳои берунӣ табдил ба боядҳои дарунӣ шавад. Масъулият ва таклифро бо тамоми вуҷудаш эҳсос кунад ва худро бо он бегона надонад. Равише, ки бояд дар инҷо ба кор бибаред, равиши рубарӯӣ бо натоиҷи аъмол аст. Пуштивонаи ин равиш, ҳубби зотии одамӣ аст. Инсон ба таври фитрӣ ҳубби зот дорад ва мунтазири ояндаи хуш барои худ аст. Баёни осор ва баракоти дунявӣ ва ухровии намоз ба шеваҳои гуногун ва беҳтар аст ба сурати ғайримустақим боис мешавад то ангезаҳои лозим дар ӯ эҷод шавад. Таҷрибаҳо ва хотироти ширини худ аз намозро ба муносибат дар нишастҳои самимӣ бо ҳамсаратон баён кунед. Аз самими қалб барои муваффақияти худатон ва барои ҳидояти ӯ дуо кунед ва бидонед, ки агар дар коратон ҷиддият ва ихлос дошта бошед, ҳатман муваффақ мешавед, агар ҳам муваффақ нашудед аҷратон пеши Худо нигаҳ дошта шуда аст. Дуои ҳазрати Иброҳим(а) дар ҳаққи худ ва насли хешро ҳамвора ба хотир бисупоред ва такрор кунед. (ояти 40, сураи Иброҳим) Китобҳоеро, ки дар бораи намоз навишта шуда, дар пеши дид қарор диҳед. Яке аз хусусиёти инсон, таъсирпазирии зоҳираш аз ботинаш аст. Рафтори берунии ӯ хабар аз нигоҳи даруни ӯ медиҳад; Бинобар ин бояд нигоҳи наве ба ӯ бахшид ва нигариши ӯро тағйир дод. Дар воқеъ бояд ба фикри таҳаввули дарунии ӯ буд. Огоҳибахшӣ метавонад сароғози тағйири бисёре аз ҳолот ва рафторҳои инсон шавад. Ба ҷои ҳуҷум ба афрод, афкорашонро ислоҳ кунем. Инсон аз шароити мухталифи муҳитӣ чи аз шароити замонӣ, маконӣ ва иҷтимоӣ таъсирпазирӣ дорад. Дар воқеъ решаи бархе аз афкор, ниёт ва рафторҳои одамиро бояд дар шароити муҳитии ӯ ҷустуҷӯ кард; Бинобар ин зарурӣ аст, ки даст ба тағйири мавқеият бизанед. Ба ин сурат, ки агар дар наздикиҳои шумо масҷид вуҷуд надорад ва ё ҳамсояҳои шумо рафторҳое доранд, ки ба ин масъала доман мезананд, дар сурати имкон, маҳалли зиндагии худро тағйир диҳед. Инсон аз дӯстон ва атрофёни худ таъсир мепазирад ва дӯст дорад, ки дар рафтор ва гуфтор, худро шабеҳ ва ҳамшакли онҳо кунад. Равиши тағйири мавқеиятро дар ин маврид низ метавон пиёда кард. Ба ин баён, ки то метавонед иртиботи худро бо хонаводаҳое, ки нисбат ба умури ибодӣ бетафовут ҳастанд ва ҳамчунин иртиботи хонаводагии худро бо дӯстоне, ки фикр мекунед сабаби кам шудани майлу рағбат ба ибодат мешаванд, кам кунед. https://www.khonavoda.com/?p=4470
    0 комментариев
    0 классов
    پروردگارا! به ما خیر دنیا و آخرت عطا نما Парвардигоро! Ба мо хайри дунё ва охират амо намо #Қуръон #قرآن #Ҳиҷоб #حجاب #Тоҷик #Тоҷикистон #Basirat_tv #تاجیکستان #ایران
    0 комментариев
    1 класс
    0 комментариев
    2 класса
    Роҳҳои поксозии гуноҳон ва боло рафтани дараҷот Ятимнавозӣ дар сурате муфиди фоида аст, ки бархурд бо онҳо ҳамроҳ бо риояти ҷамеи ҷиҳоти моддӣ ва маънавӣ ва отифӣ буда бошад ва дар ғайри ин сурат мумкин аст натоиҷи ногуворе ба бор оварад ва онҳоро дучори уқда ва кина созад. Тарбияти исломӣ аз тавсияҳои бузургони дин барои мусулмонон аст, ки дар шумораҳои гуногун, бахшҳои мухталиферо тақдими ҳузури мухотабони гиромӣ хоҳем кард. Сарпарастии ятимон Яке дигар аз хубиҳои ахлоқи сарпарасти ятимон, дилҷуӣ ва муҳаббат нисбат ба онон аст. Дар зиндагии инсонҳо халаъҳо ва камбудҳое вуҷуд дорад, ки ҷуз аз тариқи муҳаббат ва дӯстӣ наметавон онро ҷуброн кард ва дар ин миён, кӯдакони ятим бештарин ниёзро эҳсос мекунанд зеро онҳо, ки дар асари аз даст додани падар ё модар аз сарчашмаи меҳр ва муҳаббат дӯр афтодаанд беш аз ҳар чиз ба навозиш ва муҳаббат мӯҳтоҷанд ва барои ин эҳсоси отифӣ ва рӯҳӣ хоҳ нохоҳ дар интизори посух ҳастанд. Аз сӯи дигар, вуҷуди чунин афроде дар ҳар ҷомеа ғайри қобили иҷтиноб аст, зеро ҳеҷ ҷомеае холӣ аз ҳодиса нест ва бадеҳӣ аст дар асари ин ҳаводис хоҳ нохоҳ гурӯҳе падарон ва ё модарони худро аз даст дода ва бе ‎сарпараст боқӣ мемонанд. Дар чунин муҳите барои рафъи ин камбудҳо бояд пешбиниҳои лозимро маъмул дошт, бадин ҷиҳат дини муқаддаси Ислом масъалаи айтомро ба унвони як масъалаи асосӣ ва муҳим матраҳ карда ва мусулмононро нисбат ба сарнавишти онон аз ҷамеи ҷиҳот (иқтисодӣ, отифӣ, омӯзишӣ ва тарбиятӣ ва …) масъул донистааст. Дар инҷо баҳс танҳо дар таъмини маош нест; Зеро ниёзи инсонҳо танҳо дар об ва нон хулоса намешавад. Инсон ташнаи муҳаббат ва саршор аз эҳсос ва авотиф аст; Инсон мавҷуде аст отифӣ, ки моил аст муҳаббат бибинад ва ба дигарон ибрози муҳаббат кунад. Ишқ ва муҳаббат дар сиришти ӯ нуҳуфтааст. Ӯ ҳамонанди як чӯб ва ё як санг ва ҷимод нест, ки аз ишқ ва муҳаббат бегона бошад. Ҷое, ки бисёре аз ҳайвонот таҳти таъсири муҳаббат қарор мегиранд ва посухи мусбат ба он медиҳанд инсон, ки сиришти ӯ бар асоси меҳр ва муҳаббат ниҳода шудааст читавр метавонад ба дӯр аз муҳаббат зиндагӣ кунад? Воқеан ҳеҷ чиз ҷуз меҳр ва муҳаббат наметавонад ҷойи холии падар ва модарро пур кунад ва чиқадар хуб аст, ки ҳар хонавода як ё ду ятимро таҳти такаффули хеш қарор диҳад ва сарпарастии онҳоро шахсан ба ӯҳда бигирад ва танҳо ба таъмини маоши онҳо басанда накунад. Аз ин рӯ Паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ки паёмовари раҳмат ва раҳматун лилъолмин аст ва худ низ таъми талхи ятимиро чашида нисбат ба ин мавзӯъ бисёр тавсия карда ва бо баёноти мухталиф дар муносибатҳои гуногун мусулмононро дар такрими ятимон тарғиб ва ташвиқ фармуда ва мардумро ба сарпарастии онҳо амр карда ва худ низ амалан ӯҳдадори нигаҳдорӣ ва сарпарастӣ аз ятимон буд. Дар ҳадисе аз он ҳазрат омадааст: Маҳбубтарин хона он хонае аст, ки дар он кӯдаки ятиме бо иззат ва эҳтиром зиндагӣ кунад.[1] Нуктаи лозим Бо таваҷҷуҳ бо ончи гуфта шуд зикри ин нукта лозим аст, ки дар фарҳанги Ислом беҳтарин васила барои рафъи камбудҳои ятимон он аст, ки кӯдакони ятим ҷузъи оилаи инсон қарор гиранд ба тавре, ки худро дар баробари аъзои хонавода ва фарзандони онон ба шумор оваранд ва мусоидатҳо ва кумакҳо нисбат ба онон бояд ба қадре мӯҳтарамона ва шарофатмандона анҷом шавад то онҳо бо сарбаландӣ ва сарафрозӣ зиндагӣ карда ва ҳеҷгоҳ худро ҳақир ва бечора ва бенаво эҳсос накунанд. Бинобарин, ятимнавозӣ дар сурате муфиди фоидааст, ки бархурд бо онҳо ҳамроҳ бо риояти ҷамеи ҷиҳоти моддӣ ва маънавӣ ва отифӣ буда бошад ва дар ғайри ин сурат мумкин аст натоиҷи ногуворе ба бор оварад ва онҳоро дучори уқда ва кина созад. Барои инки бештар ба аҳамияти ин вазифаи динӣ, инсонӣ ва ахлоқӣ ошно шавем муносиб аст дар баҳси баъдӣ қисмате аз оёт ва ривояотеро, ки дар ин бора омадааст баён кунем. Танобеъ; [1]. Тафсири Мароғӣ, ҷ 3, саҳ 149 https://www.khonavoda.com/?p=4477
    0 комментариев
    0 классов
jaloluddin.abdualim
  • Класс
jaloluddin.abdualim
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
jaloluddin.abdualim
  • Класс
585325590089
  • Класс
Показать ещё