Дар қабл аз он маҷмӯае аз ниёзҳо ва аҳдоф мисл ниёзҳои отифӣ, ниёзҳои ғаризӣ, майл ба бақои насл ва ба даст овардани мавқеияти иҷтимоӣ, сабаби падид омадани ниҳоди хонавода ва издивоҷ мешуд, ки тааҳҳуди тарафайн ва қадосати хонавода, ду вижаги муҳим аз вижагиҳои хонаводаҳо буд. Амм дар фазои ба вуҷуд омадаи феълӣ, ки рӯҳияи фардгароӣ ба шиддат тарвиҷ шуда, аъзои хонавода махсусан завҷайн унсури тааҳҳуд ва қадосатро нодида гирифта ва он тааҳҳуд то замоне ба қувваит худ боқӣ аст, ки яке аз тарафайн майл ба интихоби ҷадид надошта бошад. Вале ба маҳзи майл ба интихоби ҷадид яке аз тарафайн, он тааҳҳуду қадосат хонаводагӣ низ аз байн меравад. Ва ин рӯҳияи ҷавомеъ ба зоҳири модерни ғарбӣ вақте ногаҳонӣ меояд ва қасди вуруди ҷиддӣ ба кишвари моро пайдо мекунад авомили пуршуморе аз ҷумла бархе ниҳодҳо, мазҳаб, қонун, арзишҳои ахлоқӣ ва равобити фомилӣ даст ба дасти ҳам дода ва дар баробари гунаҳои фарҳанги ифротии фардгароёна муқовамат мекунанд.
Аммо мебинем бурузу зуҳури бархе аз ҳанҷоршиканиҳо, ин паёмро ба мо мерасонанд, ки гӯё ҷабҳаи мухолиф то миқдори зиёде дар расидан ба аҳдофаш аз мо пешӣ гирифтааст. Ҳанҷорҳое монанд майл ба озод шудан аз қайду бандҳои хонаводагӣ ва гароиш ба истиқлол, заъфи равобити самимона бо падару модар, ҳассосияти камтари хонавода нисбат ба барқарории робита бо ҷинси мукаммил, ки фаровон гузориш шудааст.
https://www.khonavoda.com/?p=4563
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев