Тартибдиханда: admin
Дохил кард: Ахмедов Бахром
Санаи дохилгардида: 2016-06-13
Нақша:
Моҳият ва намудҳои қоғазҳои қиматнок.
Ташкили бозори қоғазҳои қиматнок ва аҳамияти он.
Таркиби бозори қоғазҳои қиматнок ва намудҳои он.
Иштирокчиёни бозори қоғазҳои қиматнок.
Адабиётҳои тавсияшаванда:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок », Душанбе аз 28.07.2011 сол.
Ҳабибов З. Ҷамшедов Р. «Васоити таълимӣ аз фанни қоғазҳои қиматнок ва бозори он» Душанбе ДДМТ-2008.
Рынок ценных бумаг. Учебник для вузов. Под ред. Галанова В.А. Басова А.И. Москва 2006.
Ашўров Н. «Муомилоти пул ва қарз». Китоби дарсӣ, Душанбе – 2006.
Шарифи Раҳимзод «Муомилоти пул ва қарз». Китоби дарсӣ, Душанбе «Эр. Граф» 2008.
Оймаҳмадов Г. « Молия». Китоби дарсӣ, Душанбе – 2005.
Бобоев О., Оймаҳмадов М. «Асосҳои иқтисодии соҳибкорӣ» Душанбе 1997.
Моҳият ва намудҳои қоғазҳои қиматнок.
Қоғазҳои қиматнок воситаи амалигардонии ҳуқуқи соҳибони он ба намудҳои неъматҳои моддӣ баромад намуда, ин чунин имконият медиҳад бо воситаи он амалиётҳои иқтисодӣ гузаронида мешавад.
Қоғази қиматнок- ин як шакли сармояест, ки дар бозор ҳамчун мол гардиш мекунад, ба ивази пул ё мол фурўхта мешавад ва ба соҳибаш фоид меорад. (Нигаред ба нақшаи 1)
Қоғазҳои қиматнок ин як намуди шаҳодатнома оиди муносибатҳои муайян ба моликият қарз, ҳуқуқи гирифтани маблағ барои моли фурўхта шуда ва хизмати иҷрошуда мебошад. Мавҷудияти қоғазҳои қиматнок имконият медиҳад, ки барои соҳибонаш бо роҳи содда ҳуқуқҳои хариду фурўш, гарав, меросгузорӣ ва тақдимкунии сарватҳои доштаи худро ба амал барорад, қоғазҳои қиматнок чунин намудҳо дорад:
исмӣ; 2. ордерӣ; 3. пешниҳодӣ;
Сертификати бонкӣ
Борнома
Қоғази як шакли сармояест, ки метаворнад дар бозор њамчун мол гардиш
қиматнок кунад, ба ивази пул ё мол фурўхта шавад ва ба соњибаш фоида орад
Намудҳои қоғазҳои қиматнок
Шаклҳои қоғазҳои қиматнок
Хусусиятҳои қоғазҳои қиматнок
Вазифаҳои қоғазҳои қиматнок
Саҳмия
Вомбарг
Чек
васика
Номӣ
Пешниҳодӣ
Дастурӣ
Бе муаммо ба пули накд иваз мешавад
Дар суратҳисоб нишон дода мешавад
Ҳамчун кафолат истифода бурда мешавад
Дар давоми солҳои тўлони нигоҳ дошта мешавад
Мерос гузошта мешавад ё тақдим карда мешавад
Тақсим кардани маблағ байни соҳаҳои гуногуни иқтисод
Ҳуқуқи махсус додан ба соҳибони қоғазҳои қиматнок
Таъмин кардани даромад аз ҳисоби сармоягузорӣ
Қоғазҳои қиматнок исмӣ ба шахси инфиродии алоҳида таалуқ дорад.
Намуди ордерӣ бошад, ин қоғазҳои қиматнок мебошад, ки ба шахси алоҳида ё корхонаи алоҳида таалуқ дораду, лекин бо тезӣ бо воситаи фармон ё қарор ба номи шахси дигар гузаронидан мумкин аст.
Пешниҳодӣ – ин чунин намуди қоғазҳои қиматнок мебошад, ки исмӣ соҳиби худро надорад ва касе, ки онро пешниҳод кунад, ин қоғаз аз они ў мебошад.
Қоғазҳои қиматнок чунин хелҳо дорад:
Саҳмия (акция)
Васиқа (вексель)
Вомбарг (облигация)
Сертификати бонкӣ
Борнома (коносамент)
Чек.
Саҳмия ин як намуди қоғазҳои қиматнок буда, ҳуқуқи соҳибии онро ба ҳиссаи ў дар сармояви уставии ҷамъити саҳҳомӣ тасдиқ мекунад.
Соҳибони саҳмияҳои ҷамъияти саҳҳомӣ саҳмияҳои худро боз пас гирифта наметавонанд, ба ғайр аз ҳолатҳои барҳам додани ҷамъияти саҳҳомӣ. Саҳмияҳои ҷамъияти саҳҳомӣ шакли кушода берозигии саҳмичиён аз як шахс ба шахси дигар гузаштанаш мумкин аст, аммо дар ҷамъияти саҳҳомиишакли пўшида берозигии саҳмичиён саҳмияҳо хариду фурўш карда намешавад.
Дар охири соли ҳисоботӣ соҳибони саҳмияҳо ҳуқуқ доранд, ки баъди Маҷлиси умумии саҳмичиён тасдиқ шудани ҳисобот аз ҳисоби фоидаи ҷ. саҳҳомӣ мутаносибан ба саҳмияҳо худ ҳақулсаҳм (дивидент) гиранд. Шахсоне, ки саҳмияҳои оддӣ доранд, ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, аммо агар ҷамъияти саҳҳомӣ муфлис шуда эълон карда шавад, он гоҳ саҳмичиёни соҳиби саҳмияҳои оддӣ маблағҳои худро дар навбати охирин баъди ба ҳамаи қарзҳоҳон ҳисобӣ карда гирифта метавонад.
Соҳибони саҳмияҳои афзалиятнок бошад, ба тариқи кафолатӣ ҳақулсаҳм бо фоизи доимии пешакӣ муқаррар карда шуда, гиранд, аммо ин намуди саҳмияҳо ҳуқуқи овоздиҳӣ надоранд. Девидентҳо на танҳо ба тариқи нақдӣ инчунин бо воситаи саҳмияҳои нав низ ҳисобӣ мешаванд.
Саҳмияҳо арзиши номиналӣ, бозорӣ ва ҳақиқӣ доранд:
Арзиши номиналӣ ин арзише мебошад, ки дар вақти барориш дар қоғазҳои қиматнок нишон дода мешавад.
Арзиши бозории саҳмияҳоро бозори қоғазҳои қиматнок муайян мекунад.
Арзиши ҳақиқии саҳмияҳо ин маблағи дар ҳақиқат гирифта шудаи фоида мебошад. Барои дуруст муайян кардани арзиши ҳақиқии саҳмия индекси биржавӣ истифода бурда мешавад. Соли 1884 дар биржаи қоғазҳои қиматноки Ню-Йорк индекси Доул-Ҷонс аввалин маротиба истифода шуд. Барои ҳисоб кардани он нархи миёнаи арифметикии 30 намуди саҳмияҳои 30 коорператсияҳои бузурги ҷаҳон муқарар карда мешавад.
Инчунин саҳмияҳо нархҳои балансӣ, эмисионӣ ва барҳамдиҳӣ доранд.
Васиқаҳо ин як намуди қоғазҳои қиматнок мебошад, ки соҳиби он дар як муддати муайян ба ивази он маблағҳои пулӣ ва фоизҳои онро бар ивази он мегирад.
Васиқаҳо чунин нишондиҳандаҳо (реквит) дорад:
1. Номи соҳиби васиқа
2. арзиши он
мўҳлати он
санаи пардохт
фоизи қарзӣ ва меъёри фоизӣ
маблағи пардохт
ба ҳисобгирии васиқа
пардохт аз рўи васиқа ба ҳисоб гирифта шуда.
Васиқаҳо 2 намуд дорад:
Оддӣ; 2. Маблағгузаранда;
Васиқаи оддӣ чунин намуди қоғазҳои қиматнок мебошад, ки дар он ўҳдадории васиқадиҳанда ба васиқанигоҳдоранда дар як муддати муайян супоридани маблағи муайян нишон дода мешавад.
Васиқаи маблағгузаронида чунин намуди қоғазҳои қиматнок мебошад, ки дар он васиқадиҳанда ҳамчун маблағсупор баромад мекунад.
Вомбаргҳо (облигация) аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш ўҳдадорӣ мебошад ва яке аз шаклҳои маъмул ва паҳншудаи қоғазҳои қиматнок мебошад. Он ба соҳибаш кафолат медиҳад, ки маблағи барои харидан сарфкардаи ў ва фоизи онро дар як муддати муайян бармегардад. Маблағи вомбаргҳо бо арзиши номиналии он ё ин ягон намуди амволи нархаш ба он баробар баргаронида мешавад.
Вомбаргҳо чунин намудҳо доранд:
купонӣ ё бекупонӣ;
гаравӣ ва бегаравӣ;
вомбаргҳои даъватшаванда;
Сертификатҳои бонкӣ ва депозитивӣ ин чунин намуди қоғазҳои қиматнок мебошад, ки аз аҳолӣ ё шахсони ҳуқуқӣ бонкҳо маблағҳои пулиро қабул намуда, онро ва пешниҳод намудани сертификатҳо бо фоизаш баргаронида медиҳад.
Сертификатҳои бонкӣ аз як шахс ба шахси дигар доду гирифт карда мешавад.
Борнома (коносамент)- чунин намуди қоғазҳои қиматнок мебошад, ки он ҳуҷҷате мебошад, ки соҳиби он ҳуқуқи аз худ намудани моле, ки дар ҳуҷҷат нишон дода шудааст, дорад.
Коносамент чунин шаклҳо дорад:
Пешниҳодӣ;
ордерӣ;
исмӣ;
Ташкили бозори қоғазҳои қиматнок ва аҳамияти он.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бозори хуб ташкил кардаи қоғазҳои қиматноки давлатӣ ба рушди бозори қоғазҳои қиматноки бахши хусусӣ ва баланд гардонии сатҳи касбии савдо мусоидат мекунад, ин чунин барои маблағгузорӣ ба активҳои бозоргир имконият фароҳам меоварад.
Биржаи қоғазҳои қиматнок дар ҷумҳурӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоғазҳои қиматнок ва Биржаҳои фондӣ», ки 10 марти соли 1992 дар асоси Қарори Шурой Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда буд, ташкил гардид (баъдтар ба ин Қонун дар солҳои 1995, 1998, 2003,2005,2011 иловаю тағйирот дохил карда шуд). Қарори мазкур усулҳои ягонаи бароришу гардиши қоғазҳои қиматнок, кори маблағгузорону иштирокдорони бозори қоғазҳои қиматнокро дар бар мегирад, ки ҳадафи он дар ҷумҳурӣ тараққӣ додани бозори қоғазҳои қиматнок, бо мақсади баланд бардоштани иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошад.
Биржаи фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотест, ки аз тарафи иштирокдорони касбии бозори қоғазҳои қиматнок баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои гардиши қоғазҳои қиматнок, муайян кардани нархи онҳо, ҳар сари чанд вақт ба хоҳишмандон расондани маълумот оид ба нарху навои бозор, ҷонибдорӣ кардани дарадаи баланди касбии иштироккунандагон ва ғайра созмон дода мешавад.
Биржа дар шакли ҷамъияти саҳҳомӣ ташкил ёфтааст ва тамоми саҳмияҳои вай саҳмияҳои исмӣ мебошшд. Аъзои биржа танҳо метавонанд саҳмдорони он бошанд.
Шахсони ҳуқуқии дороӣ иҷозатномаи иштирокдори биржа, метавонанд биржа созмон диҳанд.
Шартҳои биржа аз инҳо иборатанд:
- биржа ойинномаи худро дорад. Мустақилона барои худаш қоидаҳои дохилии муомилоти бозорро муайян мекунад ва дигар амалиётҳоро анҷом медиҳад;
- муассисони биржа қоидаҳои ягонаи шартҳои доду гирифт ва қоидаҳои хисобу китобро қабул менамоянд;
- биржа дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта мешавад;
Шўъбаҳои фондии биржаи моли дар асоси қонун амал мекунанд, шуъбаҳои фондӣ метавонанд ба сифати бахши мустақил тавозуни худро дошта бошанд;
Иҷозатнома аз тарафи Вазорати молияи ҷумҳурӣ дода мешавад.
Бонкҳо, ҷамъиятҳои саҳомие, ки иҷозатномаи ҳуқуқи бурдани кору фаъолиятро ба қоғазҳои қиматнок дошта, ҳаққи узвияти биржаро супурданд, обрў ва эътибори умумӣ доранд, метавонанд ба узвияти биржа пазируфта шаванд.
Таркиби бозори қоғазҳои қиматнок ва намудҳои он
Бозори қоғазҳои қиматнок 2 намуд дорад:
Бозори аввалин.
Бозори дуюмдараҷа.
Дар бозори аввалин он шахси ҳуқуқие, ки қоғазҳои қиматнокро баровардааст, бевосита хариду фурўши онро ба амал мебарорад.
Дар бозори дуюмдараҷаи қоғазҳои қиматнок он шахсони ҳуқуқие, ки аз вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома барои хариду фурўши қоғазҳои қиматнок мегиранд, фаъолият бурда метавонанд.
Яке аз шаклҳои дуюмидараҷаи бозори қоғазҳои қиматнок биржа ба ҳисоб меравад.
Биржаи фондӣ - ин муассисаи махсусест, ки дар он вохурии фурушандагону харидорони қоғазҳои қиматнок барпо мегардад. Он имконият медиҳад, ки талаботу таклифот якҷоя шаванд ва самараи бозор баланд гардад.
Биржа натанҳо ҷои махсус барои анҷом додани доду гирифт аст, балки низоми муайяни ташкили савдое мебошад, ки танҳо бо қоидаҳои махсус амал мекунад.
Барои савдо дар биржа чун анъана қоғазҳои қиматноке роҳ дода мешаванд, ки барои такомули бозор шароити доимӣ муҳайё намоянд.
Дар савдои биржавӣ қурби (нархи) бозори қоғазҳои қиматнок муайян карда мешавад. Биржаҳои фондӣ дар шакли иттиҳод ё ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ташкил мегарданд. Фарқияти хоси биржа иборат аз он аст ки вай дорои хусусияти ғайри тиҷоратӣ мебошад.
Мақсади асосии фаъолияти биржа аз таъмини шароити мусоид барои доираи васеъ ва самараноки савдои қоғазҳои қиматнок иборат аст. Даромади биржа маҳдуд буда, вай танҳо аз андозаи маблағи барои таъмину мавҷудияти бевосита ва тараққиёти ба ояндаи он зарур иборат аст ва барои додани дивиденд ба субъектҳое, ки ҳиссаи худро дар сармояи оинномавӣ гузоштаанд, истифода намешавад.
Савдои қоғазҳои қиматнок на танҳо дар биржаҳо, балки берун аз он, дар бозорҳои ғайрибиржавӣ низ гузаронида мешаванд. Шакли бештари савдои ғайрибиржавӣ дар ИМА тараққӣ кардааст, зеро дар он ҷо стандартҳои баланд барои хариду фурўши қоғазҳои қиматнок муқаррар шудаанд, аз ин сабаб, бисёре аз ширкатҳо саҳмияи худро дар дохили он фурўхта наметавонанд ва бинобар ин қисми зиёди қоғазҳои қиматнок берун аз биржа гардиш мекунанд.
Савдои ғайрибиржавӣ инчунин ба воситаи низоми компютерӣ анҷом дода мешавад. Яке аз низомҳои пуриқтидортарин ин низоми «НАСДАК» (Низоми худкорсозии иттиҳодияи миллии нархгузории қоғазҳои қиматнок) ба ҳисоб мерадад, ки аз ҷиҳати иқтидор дуюмин бозори қоғазҳои қиматнок дар ИМА ва сеюмин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Ҳар рўз дар ин ҷо ба миқдори зиёда аз 132 млн. саҳмия фурўхта мешавад ва иқтидори асосии харрўзаи он беш аз 450 млн. саҳмияро дар бар мегирад.
Иштирокчиёни бозори қоғазҳои қиматнок.
Иштирокчиёни бозори қоғазҳои қиматнок шахсони вокеӣ ё ҳуқуқие мебошанд, ки
қоғазҳои қиматокро хариду фурўш ва онҳоро ба муомилот мебароранд ва ҳисобу китоб мекунанд ва барои мўътадилии фаъолияти бозори қоғазҳои қиматнок хизмат мерасонанд. (Нигаред ба нақшаи 2)
Иштирокчиёни бозори қоғазҳои қиматнок мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок» шахсони зерин шуда метавонанд:
Иштироккунандагони асосии бозори қоғазҳои қиматнок инҳо мебошанд:
Ноширон (эмитетҳо, бароришгарон) - давлат ё шахсони ҳуқуқӣ, ки қоғазҳои қиматнок бароварда, баъди ба фурўш баровардани онҳо дар назди дорандагони ин қоғазҳо ўҳдадорӣ ба зимма мегирад.
Сармоягузорон (маблағгузорон) – шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие мебошанд, ки аз номи худ ва бо пули худ қоғазҳои қиматнокро харидорӣ кардаанд.
Муассисаҳои сармоягузори-
шахсони ҳуқуқие мебошанд, ки вазифаи асосии онҳо кор бо қоғазҳои қиматнок мебошад.
Миёнаравҳои фондӣ:
- брокер ва – дилер
Фаъолияти дилерӣ – чунин эътироф карда мешавад:
Сармоягузор
Ношир (эмитент)
()
Нақшаи 2
Мақомотҳои назоратӣ ва танзим
Иштирочиёни бозори қоғазҳои қиматнок
Миёнаравони фондӣ
давлатӣ
худидоракунӣ
Брокерӣ
Дилерӣ
Идоракунанда-гони ширкатҳо
Ташкилоти хизматрасонии бозорӣ
Ташкилотҳои таъминкунии бастани шартнома
Ташкилотҳои таъминкунии натиҷабандии шартнома
Сохтори амалиётӣ
Биржаи фондӣ
Ташкилоти ғаёрибиржавӣ
Маркази ҳисоботӣ
Депози-торҳо
Бақайд-гиран-дагон
Агентии маълу-мотдиҳӣ
Шир-катҳои ҳуқуқӣ
дигарҳо
Доду гирифт ё хариду фурўши қоғазҳои қиматнок аз номи худ ва аз ҳисоби худ дар назди умум эълон кардани нархи фурўш ё харидӣ қоғазҳои қиматнок муқаррар карда мешавад.
Фаъолияти брокерӣ чунин эътироф карда мешавад: иҷро кардани доду гирифти бо ҳуқуқи гражданӣ бо қоғазҳои қиматнок, ба сифати вакили амалкунанда дар асоси шартнома, супориш барои иҷрои чунин доду гирфтро мефаҳманд. Ба сифати брокер шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо баромад карда метавонанд.
5. Бақайдгирандаҳо (регистраторҳо) – дар бозори қоғазҳои қиматнок одатан ташкилотҳоеро мешуморан, ки бо шартнома, бо ношир (эмитенит) реестр (дафтари бақайдгирӣ) мебаранд.
Реестр – ин рўйхати соҳибони қоғазҳои қиматноки номӣ, ки дар вақти муайян тартиб дода шудааст. Вазифаи рўйхатгирҳо саривақт ва бехатогӣ тартиб додани реестр ба ношир (эмитент) мебошад.
6. Депозитария- гуфта ташкилотеро меноманд, ки бо нигоҳдории шаҳодатномаҳои қоғазҳои қиматнок ва ҳисоббарии ҳуқуқи моликиятдор ба қоғазҳои қиматнокро хизмат мерасонад.
Бо ибораи дигар депозитария ҳисобҳоро мебарад, ки дар онҳо қоғазҳои қиматноки аз тарафи мизоҷон барои нигоҳдорӣ дода шудаанд, инчунин нигоҳдории шаҳодатномаҳо ба
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1