Тартибдиханда: admin
Дохил кард: Бахром Ахмедов
Санаи дохилгардида: 2015-04-28
Мавзўи 4. Қоғазҳои қиматнок ва қоғазҳои қиматноки ҳосилавӣ
Нақша:
Эмиссияи қоғазҳои қиматнок.
Намудҳои асосии қоғазҳои қиматнок ва хусусиятҳои онҳо.
Қоғазҳои қиматноки ҳосилавӣ ва хусусиятҳои онҳо.
Эмиссияи қоғазҳои қиматнок.
Расмиёти эмиссияи коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, давраҳои зеринро дар бар мегирад:
- қабули қарор дар бораи паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;
- тасдиқи қарор дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;
- омода намудани тарҳи барориш;
- бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;
- паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;
- тасдиқи ҳисобот дар бораи натиҷаҳои барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ.
Эмитент барои барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ аз лаҳзаи бақайдгирии барориши коғазҳои қиматнок ва додани рақами бақайдгирии давлатӣ дар мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад.
Барориши коғазҳои қиматноке, ки аз қайди давлатӣ нагузаштаанд, ғайриқонунӣ мебошад. Маблағе, ки аз фурӯши ҳамин коғазҳои қиматнок ба даст меояд, бояд мусодира гардида, ба сармоягузорон баргардонида шавад.
Эмитент вазифадор аст дар давоми сӣ рӯзи тақвимӣ пас аз бақайдгирии давлатии (азнавбақайдгирии) шахси ҳуқуқӣ барои бақайдгирӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок тарҳи барориши коғазҳои қиматнокро пешниҳод намояд.
Бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ
1. Бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссиониро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок (минбаъд - мақоми бақайдгиранда), новобаста ба ҳаҷми умумии эмиссия ва усули обунашавӣ (кушода ё пӯшида будани фурӯши он) амалӣ менамояд.
2. Барои бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан зарур аст:
- ариза дар бораи бақайдгирии давлатии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;
- нусхаи тасдиқкардаи нотариалии қарор дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, ки мутобиқи қонуни ҶТ ба расмият дароварда шудааст;
- нусхаи тасдиқкардаи нотариалии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;
- намунаи бланки коғазҳои қиматнок ва ё сертификати коғазҳои қиматнок дар ҳолати барориши шакли ҳуҷҷатӣ;
- ду нусхаи тарҳи барориши коғазҳои қиматнок;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ барои бақайдгирии барориши коғазҳои қиматнок.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок вазифадор аст дар мӯҳлати сӣ рӯзи тақвимӣ аз санаи гирифтани ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ пешниҳодшуда барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссиониро ба қайди давлатӣ гирад ё дар бораи рад кардани бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ қарори асоснок қабул намояд.
4. Ҳангоми бақайдгирии давлатии барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ба он рақами мушаххаси бақайдгирии давлатӣ дода мешавад.
5. Ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳар як барориши иловагии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ба он ҳамон рақами мушаххаси бақайдгирии давлатӣ бо коди иловагии ин барориши иловагии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дода мешавад.
6. Тартиби додани рақами бақайдгирии давлатӣ ба бароришҳои коғазҳои қиматноки эмиссионӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муқаррар карда мешавад.
7. Мақоми бақайдгиранда танҳо барои пуррагии маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшудаи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ нишон дода шудааст, ҷавобгӯ мебошад.
8. Барои бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
9. Барои бақайдгирии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, ки маълумотро танҳо дар бораи коғазҳои қиматноки ба давлат тааллуқдошта дар бар мегирад, боҷи давлатӣ ситонида намешавад.
10. Қоидаҳои барасмиятдарории бақайдгирии барориш ва стандартҳои сертификатҳои коғазҳои қиматнокро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муқаррар менамояд.
Асос барои рад кардани бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ
1. Асос барои рад кардани бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ва бақайдгирии тарҳи барориши коғазҳои қиматнок инҳо мебошанд:
- аз ҷониби эмитент вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи коғазҳои қиматнок, аз ҷумла дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда мавҷуд будани маълумоте, ки боиси баровардани хулоса дар бораи зиддият доштани шарти эмиссия ва гардиши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқат накардани шароити барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи коғазҳои қиматнок мегарданд;
- мувофиқат накардани ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ пешниҳодшуда ва таркиби маълумоти дар онҳо мавҷудбуда ба талаботи Қонуни ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок;
- дар давоми сӣ рӯзи тақвимӣ бо дархости мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок пешниҳод накардани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;
- ба тарҳи барориши коғазҳои қиматнок ё қарор дар бораи барориши коғазҳои қиматнок (ҳуҷҷатҳои дигар, ки барои бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ асос мешаванд) дохил намудани маълумоти бардурӯғ ё маълумоте, ки ба ҳақиқат мувофиқ нест (маълумоти носаҳеҳ).
2. Нисбат ба қарор дар бораи рад кардани бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ва тарҳи барориши коғазҳои қиматнок ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Талабот нисбат ба паҳн кардани коғазҳои қиматноки эмитенти хориҷӣ
1. Коғазҳои қиматноки эмитенти хориҷӣ метавонанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз бақайдгирии тарҳи барориши коғазҳои қиматноки эмитенти хориҷӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок паҳн карда шаванд.
2. Коғазҳои қиматноки эмитенти хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд паҳн карда шаванд, агар эмитенти хориҷӣ шартҳои зеринро қонеъ гардонад:
- эмитент ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дар давлате, ки резиденти он мебошад, ба қайд гирифта шудааст ва мутобиқи қонунгузории давлате, ки дар он ба қайд гирифта шуда, дорои мақоми ҳуқуқии мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷамъияти саҳомии кушода баробар бошад;
- эмитент бо иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки фаъолияти брокерӣ ва ё дилериро барои муаррифии манфиатҳои он дар бозори коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, шартнома бастааст;
- эмитент бо иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматноке, ки фаъолияти пешбурди феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнокро амалӣ менамояд, барои баҳисобгирии ҳуқуқҳои соҳибони коғазҳои қиматнок, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коғазҳои қиматноки он пешниҳод шудаанд, шартнома баста бошад.
Тағйиру иловаҳо ба тарҳи барориш ҳангоми эмиссияи коғазҳои қиматнок
1. Эмитент вазифадор аст ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок тағйиру иловаҳоро ба тарҳи барориши коғазҳои қиматнок бо маълумоти муфассали нав барои бақайдгирии он дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи бавуҷудоӣ ё ошкор шудани тағйиру иловаҳо дар ҳолатҳои зерин пешниҳод намояд:
- агар дар маълумоте, ки дар тарҳи барориш дарҷ гардидааст, тағйирот ба вуҷуд ояд;
- агар маълумоти нави муҳим ба вуҷуд ояд, ки бояд дар тарҳи барориш ошкор шавад, агар он то лаҳзаи пешниҳод намудани тарҳи барориш ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҷой дошта бошад;
- агар тарҳи барориш маълумотеро дар бар гирад, ки он бардурӯғ бошад, ба иштибоҳ барад ё дар тарҳи барориш оид ба ошкор кардани ахборот камбудиҳо мавҷуд бошанд.
2. Тағйиру иловаҳо ба тарҳи барориш аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок дар мӯҳлати на зиёда аз даҳ рӯзи корӣ аз лаҳзаи пешниҳод кардани тағйиру иловаҳо ба қайд гирифта мешаванд.
3. Дар давраи бақайдгирии тағйиру иловаҳо ба тарҳи барориш бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматноки барориши мазкур манъ карда мешавад.
4. Дар ҳолати бақайдгирии тағйиру иловаҳо ба тарҳи барориш эмитенти коғазҳои қиматнок бо тартиб ва усулҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок, ки мутобиқи Қонуни ҶТ қабул гардидаанд, бояд оид ба тағйиру иловаҳои ба тарҳи барориш воридкардашуда ба обуначиёни коғазҳои қиматнок ва ба дигар сармоягузорони коғазҳои қиматноки ба таври кушода паҳншаванда ахбор ошкор намояд.
Боздоштани паҳнкунии коғазҳои қиматнок ва бекор кардани тарҳи барориши бақайдгирифташуда
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок метавонад паҳнкунии коғазҳои қиматнокро ба мӯҳлати на зиёдтар аз як моҳ боздорад ва пас аз ба охир расидани ин мӯҳлат метавонад бақайдгирии тарҳи бароришро дар ҳолатҳои зерин бекор намояд:
- тарҳи барориш дорои ҳама гуна маълумоте бошад, ки бардурӯғ аст ё ба иштибоҳ меандозад;
- дар раванди паҳнкунии коғазҳои қиматнок шартҳои пешниҳоди коғазҳои қиматнок вайрон карда шаванд;
- дар раванди паҳнкунии коғазҳои қиматнок талаботи муқаррарнамудаи қонуни ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар асоси Қонуни ҶТ қабул гардидаанд, вайрон карда шаванд.
2. Ҳангоми боздоштани паҳнкунии коғазҳои қиматнок пешниҳоди коғазҳои қиматнок дар давоми мӯҳлате, ки паҳнкунӣ боздошта шудааст, манъ аст.
3. Ҳангоми бекор кардани бақайдгирии тарҳи барориш, шахсони паҳнкунандаи коғазҳои қиматнок вазифадоранд паҳнкунии минбаъдаи коғазҳои қиматнокро қатъ кунанд.
4. Агар ҳангоми эмиссияи коғазҳои қиматнок бақайдгирии тарҳи барориш бекор карда шуда бошад, дар ин ҳолат паҳнкунии коғазҳои қиматнок доирнагардида ҳисоб меёбад.
Маълумот дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, ки аз
ҷониби эмитент ошкор карда мешавад
1. Дар ҳолати бақайдгирии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ эмитент вазифадор аст дастрасии иттилоотро, ки дар тарҳи барориши коғазҳои қиматнок мавҷуд аст ба ҳама гуна шахсони ба ин манфиатдор, новобаста ба мақсадҳои гирифтани ин иттилоот, таъмин намояд.
2. Дар ҳолати обунашавии кушода эмитент вазифадор аст дар бораи бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ахборот чоп кунад, ҳамзамон тартиби ба ҳама гуна шахсони манфиатдор дастрас шудани маълумоти дар тарҳи барориши коғазҳои қиматнок бударо дар мақоми нашриявии ахбори омма нишон диҳад.
3. Дар ҳолати обунашавии пӯшида, ки бо бақайдгирии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ сурат мегирад, эмитент вазифадор аст дар бораи бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ахборот чоп намуда, зимнан, тартиби ба соҳибони эҳтимолии коғазҳои қиматнок дастрас шудани иттилоотеро, ки дар тарҳи барориши коғазҳои қиматнок дарҷ мегардад, ишора намояд.
Шартҳои паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионии баровардашуда
1. Эмитент ҳуқуқ дорад танҳо пас аз бақайдгирии давлатии барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ба паҳнкунии коғазҳои қиматнок шурӯъ намояд.
2. Миқдори коғазҳои қиматноки эмиссионии паҳншаванда набояд аз миқдоре, ки дар тарҳи барориши коғазҳои қиматнок нишон дода шудааст, зиёд бошад.
3. Эмитент метавонад миқдори камтари коғазҳои қиматноки эмиссиониро нисбат ба миқдори дар тарҳи барориши коғазҳои қиматнок нишондодашуда паҳн кунад.
4. Миқдори воқеии коғазҳои қиматноки паҳнкардашуда дар ҳисобот оид ба натиҷаҳои барориш, ки барои тасдиқ пешниҳод мегардад, нишон дода мешавад.
5. Маблағҳои сармоягузорон ҳангоми баргузор нагардидани эмиссия бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок баргардонида мешаванд.
6. Эмитент вазифадор аст паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионии баровардашударо на дертар аз як сол аз рӯзи бақайдгирии (азнавбақайдгирии) давлатии барориши (барориши иловагии) чунин қоғазҳои қиматнок ба охир расонад.
7. Дар мавриди паҳнкунии кушод ё муомилоти коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ба яке аз соҳибони эҳтимолӣ нисбат ба дигари он додани афзалият ҳангоми харидорӣ намудани коғазҳои қиматнок манъ аст.
Муқаррароти мазкур дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:
- ҳангоми ба саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ додани ҳуқуқи афзалиятноки харидорӣ намудани барориши нави коғазҳои қиматнок ба миқдоре, ки ба шумораи саҳмияҳои ба онҳо мансуббуда дар лаҳзаи қабули қарор дар бораи эмиссия мутаносиб аст;
- ҳангоми аз ҷониби эмитент ба ғайрирезидентҳо ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо барои харидорӣ намудани коғазҳои қиматнок.
Ба эмитенте, ки коғазҳои қиматнокро паҳн менамояд, истифода бурдани маблағҳое, ки дар рафти фурӯши коғазҳои қиматнок ба даст меоянд, манъ карда мешавад.
Маблағҳои пулие, ки дар рафти фурўши коғазҳои қиматнок ба даст меоянд, то аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок баргузоргардида ё баргузорнагардида эътироф намудани паҳнкунии коғазҳои қиматнок дар ҳисоби бонкии бонки хизматрасон нигоҳ дошта мешаванд.
Дар ҳолати баргузоргардида эътироф шудани паҳнкунии коғазҳои қиматнок, маблағҳои пулӣ ба суратҳисоби эмитент гузаронида мешаванд, коғазҳои қиматнок бошанд ба моликияти сармоягузорон (харидорон) ба ҳисоби онҳо гузаронида мешаванд.
Дар ҳолати баргузорнагардида эътироф шудани паҳнкунии коғазҳои қиматнок:
- маблағҳои пулие, ки аз паҳнкунии коғазҳои қиматнок ба даст омадаанд, дар давоми се рӯзи корӣ пас аз рӯзи баргузорнагардида эътироф шудани паҳнкунии коғазҳои қиматнок ба сармоягузорон баргардонида мешаванд;
- коғазҳои қиматнок ба ҳисоби эмитенте, ки ин коғазҳои қиматнокро паҳн кардааст, баргардонида мешаванд. Ҳамзамон коғазҳои қиматноки эмиссияи мазкур, ки паҳнкунии онҳо баргузорнагардида эътироф шудааст, бекор карда мешаванд.
Намудҳои асосии қоғазҳои қиматнок ва хусусиятҳои онҳо.
Қоғазҳои қиматнок- як шакли сармояест, ки метавонад ба ивази пул ё мол фурӯхта шавад, дар бозор ҳамчун шакли мол ҳаракат намояд ва ба соҳибаш даромад орад.
Қоғазҳои қиматнок дорои чунин хусусиятҳо мебошанд, ки онҳоро бо пул наздик менамояд:
- Бе муаммо ба пули нақд иваз мешавад.
- Ҳамчунин он дар суратҳисоб нишон дода мешавад.
- Онро ҳамчун кафолат истифода бурда метавонанд. (залог)
-Дар давоми солҳои тӯлони нигоҳ дошта мешавад.
- Аз насл ба насл мерос гузошта мешавад, ё ки тақдим карда мешавад.
Намудҳои қоғазҳои қиматнок, ки мувофиқи Қонун «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд:
1. Саҳмияҳо (акӣия).
2. Вомбаргҳо (облигаӣия).
3. Васиқаҳо (векселҳ).
4. Сертификатҳои бонкӣ.
5. Чек.
6. Каносамент.
Саҳмия – қоғази қимматнокест, ки онро ҷамъиятҳои саҳомӣ ё корхонаю ширкатҳои дигар бо мақсади ба кор андохтани маблағҳои озод истифодашаванда, ки ҳамчун сарчашмаи иловагии маблағгузории истеҳсолот ба ҳисоб меравад, мебароранд.
Вомбарг- қоғазҳои қиматнок, ки ӯҳдадории қарзии ноширро нишон медиҳад ва ноширро ӯҳдадор мекунад, ки дар мӯҳлати муқараршуда ба соҳиби вомбарг арзиши исмӣ ва ё арзиши исмию фоизи онро баргардонад.
Баъд аз пардохти пурраи сармояи оинномавӣ ҷамияти саҳомӣ ҳақ дорад, вомбарг интишор намояд.
Тавсифи асосии векселҳ (васиқ а):
Калимаи «васиқа» ё ин ки «вексел» аз калимаи англисии Bill of excenger (мактуби ивазкуниӣ), аз калимаи немисии, wehsel braif (мактуб барои ивазкунӣ) аз калимаи франсузии letter de change (мактуб барои ивазкунӣ) гирифта шудааст.
Васиқа – ин қоғази қиматнок ё шоҳодатномаест, ки дорои гувоҳ ё дастури хаттӣ васиқадиҳанда буда, дар хусус ба соҳиби он дар муҳлати дар васиқа муқараршуда додани як миқдори муайяни пул ва ё аз рӯи ӯҳдадори пардохтани онро шаҳодат медиҳад.
Васиқа навъҳои зерин дорад:
Васиқаи бонкӣ, Васиқаи давлатӣ, Васиқаи тиҷоратӣ, Васиқаи оддӣ,
Васиқаи фоизӣ, Васиқаи дороӣ камбудди расмӣ, Васиқа ба мӯҳлати пешниҳод, Васиқа то мӯҳлати пардохт аз давраи супорида шудан, Васиқа бо муҳлати муайяни пардохт аз давраи таҳия шуданаш, Васиқаи мӯҳлати пардохташ дар рӯзи муайян.
Шаҳодатномаҳои бонкӣ (депозитӣ)
Шаҳодатномаи депозитӣ ва амонати гӯфта, қоғазҳои қиматнокро меноманд, ки ҳуқуқи баровардани онро фақат ба бонкҳои тиҷоратӣ дода шудааст.
Шаҳодатномаи депозитӣ (амонатӣ) – қоғази қиматноке, ки ба дорандаи он ҳуқуқи гирифтани маблағи гӯзошташуда дар бонк ва филиалҳои он бо гӯзоштани мӯҳлати муаӣян карда шуда ва фоизи дар шаҳодатнома муайян кардашуда медиҳад.
Ҳангоми ҳамчун амонатгузор баромад кардани шахси ҳуқуқӣ шаҳодатномаи депозитӣ ва ҳангоми ҳамчун амонатгузор баромад кардани шахси воқеӣ шаҳодатномаи амонатӣ дода мешавад.
Шаҳодатномаҳо инчунин мешаванд:
номӣ
тақдимкунанда.
Варақаи шаҳодатнома чунин реквизитҳои асосиро дорад:
номи шаҳодатномаи депозитӣ (амонатӣ)
сабаби додани шаҳодатнома нишон дода шавад(гӯзоштани депозит ё амонат);
санаи гӯзаштани депозит ё амонат;
маблағи депозит ё маблағи амонат, ки дар шаҳодатнома нишон дода шудааст;
ӯҳдадории катъии бонк оиди баргардонидани маблағе, ки ҳамчунин депозит ё амонат гӯзошта шудааст.
санаи талабкунии маблағи аз аз тарафи пулдиҳанда ба шаҳодатнома гӯзошташуда.
мизони фоиз аз истифодаи депозит ё амонат;
ном ва суроғаи бонк ва барои шаҳодатномаи номӣ ном ва сурогаи пулгӯзарондан.
имзои ду шахсони ваколатдори бонкӣ, ки бо мӯҳр тасдиқ шуда бошад;
Набудани яке аз ин реквизитҳо шаҳодатнома бекор ҳисобида мешавад.
Шаҳодатномаи амонатиро фақат бонкҳое, ки ба чунин талаботҳо ҷавобгӯ мебошанд дода метавонанд:
на кам аз 1 сол фаъолият карда бошад;
ҳисоботи солонаро (баланс ва ҳисобот оиди фоида ва зарар), ки аз тарафи фирмаи аудиторӣ тасдик карда бошад;
риоякунии қонун ва актҳои меъёрҳои бонкӣ;
фонди захиравӣ дар ҳаҷми на кам аз 15% аз фоизи уставии бонк;
ҳангоми риоя кардани талаботҳо ва бакайдгирии шартҳои баровардани шаҳодатномаҳои бонкҳо метавонанд шаҳодатномаҳоро ба гардиш бароранд;
Барориши шаҳодатномаҳо бо тартиби серия ва якбор амал мешавад. Мӯхлати гардиши шаҳодатномаи депозитӣ то 1 сол буда, мӯҳлати гардиши шаҳодатномаҳои амонатӣ то 3 сол мебошад.
Чек ва намудҳои он
Чек – супориши хаттии чекдиҳанда ба бонк барои ба соҳиби он яъне пешниҳодкунандаи чек додани миқдори пули дар он сабтёфта мебошад.
Чек – қоғази қиматнокест, ки ҳамчун ҳуҷати пардохтию ҳисобу китоб хизмат мекунад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2