Шиъаҳо эътиқод доранд ки ҳазрати
Абубакру Умар (p.з) -наъузу биллоҳ- ҳарду кофир буданд, локин дар воқеъ чун ба таърих бингарем
мебинем ки ҳазрати Алӣ (р.з) аввалин имоми
маъсуми шиъаҳо -мувофиқи даъвояшон- хилофати
ҳардуро қабул мекунад ва бар зиди онҳо ҷанг ҳам
эълон намекунад ва ба онҳо байъат3 мекунад яке
баъди дигар. Аз ин ҳодисаи таърихи фаҳмида мешавад ки ҳазрати Алӣ (р.з) маъсум набудааст,
чунки маъсум набояд дасти байъат бар ду кофиру
таҷовузгар - мувофиқи даъвояшон - бидиҳад, чунки
ин кори ҳазрати Алӣ (р.з) хориҷи доираи
маъсумият аст ва кумак бар золимон дар зулмашон
ба ҳисоб меравад ва ин амал набояд аз маъсум руй
бидиҳад.
Ва дар акси ин ҳол бояд иқрор шавед ки он
байъате ки ҳазрати Алӣ (р.з) ба он ду халифа кард
айни савоб буд, ва дар ин сурат бояд эътироф
кунед, ки он ду халифа муъмину содиқ ва одил
буданд.
Ва агар чунин набошад фаҳмида мешавад ки
эътиқоди шиъаҳо мухолифи эътиқоди имомашон мебошад чунки онҳо ҳазрати Абубакру Умар (р.з)-
ро кофир мегуянд ва ба онҳо шабу рӯз лаънату
дашномҳо мефиристанд ва хилофати ин ду
ҳазратро қабул надоранд ва мо вақто ки мехоҳем
дар ин бора пурсон шавем ҳайрон мемонем ки чи
кор кунем оё пайрави аз ҳазрати Алӣ (р.з) кунем
дар эҳтиромаш нисбати он ду халифа ё пайрави аз
он шиъаҳои гумроҳу гунаҳкореро кунем ки шабу
рӯз дар маҷлисҳову ҳусейниёташон бар ин ду
халифа лаънатҳо ва дашномҳо мефиристанд.
Ман аз он шиъаёни оқил барои ҳалли ин ишкол ҷавоби қонеъкунанда ва дуруст мехоҳам.
Хонандаи азиз! Ман ба хотири таъкид
намудани суханам ки шиъаҳо ҳазрати Абубакру
Умарро кофир мегуянд бароятон нусхае аз
саҳифаҳои китобҳои онҳо ки барои шиъаҳо ин
китобҳо ҳамчун китобҳои аслӣ ва марҷаъи
динияшон мебошад пешкаш менамоям, ва аз шумо
эҳтиромона хоҳиш менамоям ки ба ин гуфтаҳои
онҳо назар андозед ва хуб биандешед ки агар онҳо нисбати аввалин пешвоҳои ислом баъди Паёмбар
(с) чунин эътиқод доранд пас дар ҳақи мо аҳли
суннат ки динамонро аз Паёмбар (с) бо тариқи
саҳобаҳояш аз ҷумла Абубакру Умар (р.з) мегирем,
чи эътиқоде дошта бошанд?!
Чуноне, ки дар китоби "Биҳорул анвор"
муҷалади 29 дар саҳифаи 137 ва 138 омадааст, аз
Абуалии Хуросони аз хидматгузори Алӣ ибни
Ҳусейн ривоят мекунад ки гуфт:
"Ман ҳамроҳи ӯ дар хилватгоҳаш будам
дар онҷо ба ӯ гуфтам: Ман бар шумо ҳақ дорам
ки манро аз он ду шахс (Абубакру Умар) хабар
бидиҳи, ӯ гуфт: Он ҳарду кофиранд ва ҳарки
онҳоро дӯст медорад низ кофир аст."
Ва ҳамчунин дар ҳамин китоб чуноне
мебинед дар ривояти дигараш аз Абуҳамзаи
Самоли омадааст, ки ӯ аз Алӣ ибни Ҳусейн дар
бораи Абубакру Умар пурсид, ӯ гуфт: "Онҳо (Абубакру Умар) кофиранд ва ҳарки пайравии
онҳоро мекунад кофир аст."
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3
Бародаро и видео барои одамой курай ва даромада дар ютюб дигар видеохои бадбахтихои шиъаро бубинед дар ин канал →AntiMajos Production TJ←
Банда дар мавриди мазҳабӣ шиъа хеле таҳқиқ кардам вале шиъа бар он чизе ки шумо мефармоед эътиқод надорад
ДУРУҒ ВА БУТЛОН БА ДИГАРОН НАБАНДЕД ҲЕРО ХУДОВАНД ДАР ҚУРЪОН БА ДУРУҒГУЁН ВАЪДАИ АЗОБ ДОДАСТ
ВАСАДОМУ АЛЕЙКУМ
АЛБАТА БАРОИ ФИРЕБ КАРДАНИ МАРДУМИ БЕ САВОД МЕШАВАД
ВА ЯК ЧИЗИ ДИГАРО МЕХОҲАМ БА ШУМО БИГУЯМ КИ МАРДУМИ КИ ДИН НАДОРАНД КОФИР ҲАСТАН Ё ИН КИ АҲЛИ КИТО ҲАСТАН БА ИЛМҲОИ АТОМИ ВА КАЙҲОНИ ВА ҒАЙРА ДАСТ ЁФТИЯН ТУ БОШИ ГАШТАИ ШИАВУ СУНИ КАРДА ҲАМОН КОРЕ КИ ДУШМАН МЕХОҲАД ТУ ДОРИ АНҶОМ МЕДИҲИ КОРИ ДУШМАНРО АНҶОМ МЕДИҲИ ХОҲИШАН ЯК ЗАРА ТАФАКУР КУНЕД