Хиёнат ва қатлу куштори бераҳмона самти муҳими фаъолиятҳои тахрибкоронаи ташкилоти терористии Ҳизби наҳзати исломиро ташкил медиҳад. Ҳизби террористие, ки роҳбаронаш дар фосилаи начандон дури таърихӣ рӯзҳои сахту даҳшатро ба сари мардуми тоҷик оварданду боз ин аъмоли тахрибкоронаи худро идома медиҳанд. Ин турфа ватанфӯрошон мехоҳанд ҷавононро фиреб дода, ба коми марг баранд. ТТЭ ҲНИ ташкилоти терористиест, ки аз ҷониби аҷнабиён дуру наздик маблағгузорӣ мешавад ва барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ даст ба ошӯбу балво мезанад. Дар чанд вақти охир, мардуми тоҷик аз симои аслии ин ҳизби огоҳ шудаанд. Зеро гурӯҳи ифротӣ аз аввали пайдоишаш то ҳол аз дини ислом сӯистифода намуда, мардумро бо ин роҳ мехоҳад фиреб диҳад. Дар асл, ин ҳама қатлу кушторе, ки ин гурӯҳ анҷом дод, аз ислом нест. Танҳо барои расидан ба мақсади палиди худ исломро истифода намуд. Он нафароне, ки ҳама бар террорист буданашон яқин доранд, набояд дар озодӣ зиндагӣ дошта бошанд, зеро будани ин гурӯҳ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз «ДИ» хатари кам надорад.
Ҷанги хонумонсӯзи солҳои 90-уми қарни гузашта аз нақшаҳои палиди ҳамин гурӯҳ буд, ки ҳазорон нафар кушта, бадарға ва бехонумон шуданд. Баъдан, бетартибиҳои соли 2015 низ яке аз мақсадҳои пинҳонии ташкилоти терористии Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Аз кирдори ношоистаи ин ҳизб ҷаҳониён низ огоҳ гаштанду айни ҳол ин ҳизбро ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ мешиносанд.
Ташкилоти терористии Ҳизби наҳзати исломӣ пайваста мардумро ба тазоҳурот даъват менамоянд. Корфармои ин ҳама нооромӣ, як қувваи заъиф ва хориҷибунёд аст. Ҳизби мазкур ба монанди гузашта боз ноком гардид.
Оромиву сулҳу суботи кишвар неъматест, ки имрӯз ба чашми душманон чун хор ҳар замон мехалад ва онҳоро нороҳат месозад. Душманони зархарид бо хоҷагони хориҷии худ ба монанди кӯршапараке, ки офтобро дидан наметавонад, мекӯшанд чунин вонамуд созанд, ки дилсӯзи ин сарзаминанд. Аммо дигар нақшаҳои ин хоинон чун нақши рӯи об аст, ки аслан умри дарозе надорад. Ин ҳарзабофон дар хоби ғафлати худ ғуборҳое мебинанд, ки дар он ғуттаваранд.
Онҳо ба таъбире «гунгу кару кӯранд», ки дар дилҳояшон қулф зада шудааст. Зеро дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз барои ҷомеаи чаҳонӣ маълум аст, аммо бехирадони ватанфурӯш ин ҳамаро дидан наметавонанд ё дидану шунидан намехоҳанд.
Ташкилоти терористии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки чун кундаи пӯсида аз ҳам мерезад, мехоҳад бори дигар хаёлҳои хому иғвоангези худро амалӣ созад. Ба ҳар васила мехоҳад садоқати худро ба хоҷагони хориҷии худ нишон диҳад. Ҳеҷ амали ин гурӯҳак барояшон натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод. Зеро дигар онҳо ҳеҷанд, шармандаи назди мардуманд. Мардуми шарифи ин сарзамин дигар ба доми фиреби ин девсиратон нахоҳанд афтод. Гузашта аз ин, ба инҳо ҳатто хонаводаҳояшон низ дигар бовар надоранд. Чуноне ки мегӯянд, «умри дурӯғ кӯтоҳ аст». Дер ё зуд дасисабозиҳои ТТЭ ҲНИ дар кишварҳои Аврупо низ ошкор гардида, аз он ҷой ронда хоҳанд шуд.
Соибҷони Саид,
чоруми соли сеюми ДТТ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев