Дар тамоми динҳои ҷаҳон дӯст доштани ватану меҳан, ҳифз аз марзу буми он яке аз вазифаҳои муқаддас дониста мешавад. Аз ҷумла дини ислом низ ватандориву ватандӯстиро гӯшаи аз имон гуфтааст. Аммо, дар шароити имрӯз, ки сулҳу осоиштагӣ оромиву тенҷӣ ба ганҷи бебаҳо ва ноёфти нодиртарин мубаддал гаштааст, баъзе инсону гурӯҳи инсонҳо дар пайи аз несту нобуд ва барҳам задани он гаштаанд. Бо суханҳои дурӯғини худбофта ва факту далелҳои тахайюли мудом дар паи нобудии он «камари ҳиммат» бастаанд. Новобаста аз оне ки худро мусалмони асил ва ватандори воқеӣ ҷилва медиҳанд. Вале, дар асл на ба дин созгоранду на ба миллату на ба давлат. Ватанро макони бозиҳои аҷнабиён карданӣ мешаванд. Ҳаркуҷое минбаре меёбанд аввалин ҳарфашон гилла кардан аз ҳамон Ватан мебошад. Худро мусалмони асил метарошанду дигаронро душмани Худову пайғамбараш нишон доданӣ мешаванд. Гӯё ҳадиси дар боло оварда шуда, ба онҳо ҳеҷ рабте надорад. Мудом дар пайи фитна андохтану мусалмонро ба мусалмон, ҳаммиллати худро бар зидди ҳаммилати худ ҷанг андохтани мешаванд. Ин гурӯҳи нооқилон, фаъолон ва роҳбарони ҳизби фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ТЭТ ҲНИ мебошад. То замоне, ки фаъолияташон дар дар Тоҷикистон қонунӣ буду расман манъ нашуда буд, дар дохили кишвар фаъолияти тахрибкоронаро нисбати сулҳу субот ва оромии кишвар ба таври густурда ба роҳ монда буд. Вале, ба ҳамаи ин қаноат накарданду даст ба яроқ заданд. Чанд нафаре аз ҳамватанони худро бе ягон сабаб ғуррамарг карданду роҳ ҷониби кишвари хориҷаро гирифтанд.
Дар онҷо, ки пешакӣ омодагии амиқ дида буданд, боз ба интиқод ва сиёҳ кардани Ватанашон оғоз намуданд. Бо маслиҳат ва машварати чанд аҷнабӣ, чанд душмани тоҷик, чанд бадхоҳи миллат, ки барои наҳзатиҳо ҳам Ватан гаштаасту ҳам давлат, ҳам модар гаштаасту ҳам фарзанд, ҳам падар гаштаасту ҳам завҷа, даст ба кор шудаанд.
Новобаст аз оне, ки то ин замон дасти ятимеро нагирифтаанд, роҳеро обод накардаанд, барои касе бе ғараз маблағе надодаанд, пулеро насохтаанд, сафсатахонӣ мекунанд. Бо шиору плакатҳо чун гадо пеши сафоратхонаҳо мераванду бо ин корашон душманро шод мегардонанд. Дар ҳоле роҳбарони наҳзатӣ аз давлат гила мекунанд, ки волидайни бештари онҳо то имрӯз аз ҳисоби нафақаи ҳамин давлат зиндагонӣ менамояд. Аммо, ҳамаи ин чизҳоро фаромӯш кардаанд, гӯё намедонад ё аниқтараш донистан намехоҳад.
Аз номи дини ислом пайваста лоф мезананд. Талош менамоянд, ки ҳатто аз он дин ба нафъи шахсиву гурӯҳи худ истифода баранд. Дине, ки софу тоза мебошад, ба сиёсати ифлос омехта мекунанд. Худро ҳимоятгари дин ба мардум муаррифӣ мекунанд, аммо дар асл бӯе аз ислом надоранд.Ҷомеаи Тоҷикистон аз солҳои 91 – ум ки ба доми эшон афтода буд, ин маротиба моҳи сентябри соли 2015 – ум нисбати эшон эҳтиёткорона муносибат дорад. Аз инҷо буд, ки дигар мавқеашро дар миёни мардум аз даст доду ягона пуштибонаш танҳо хадамотҳои махсуси кишварҳои хориҷа гаштааст. Дар ин кор бошад дигаронро муқассир медонад. Тариқи сомонаҳои интернетӣ аз амният гила мекунанд, ки ҷойгоҳи наҳзатро дар ҷомеа танг намуд.
Воқеае, ки рӯзи 29 апрели соли 2021 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омад ягон зарре ба кумаки давлату миллати хеш накарданд ҳамаи ин нофаҳмоиҳоро шермардони миллати Тоҷик ҳаллу фасл намуда, аз якпорчагии хоки ватани азизамон дифоъ карданд. Фаъолияти ва мароми ТЭТ ҲНИ далолат аз он медиҳад, ки ин палидони ватанфурӯш ҳамчун завҷа ба хоҷагонашон хизмат намуда, хоҳони аз байн бурдани истиқлолияти ҳукумати Тоҷикастон ҳастанд, на овардани сулҳу субот ба он.
Вале, мутмаинан, ин ҳама сафсатахонӣ кардан, дар сомонаи интернетӣ суханронӣ намудан дар нишасту ҳамоишҳое, ки бар зарари миллат аст, муваққатӣ мебошад. Зеро инсоне, ки дини худоро мавриди сӯйистифода қарор медиҳаду онро барои расидан ба аҳдофи нопокаш истифода мебарад, ва ба ободу ором, сулҳу субот ва якпорчагии хоки ватани азизазаш мубориза намебарад, ба лаънатӣ мардум дучор гардида, оқибат ифроти будани ин ташкилотро ба миллати тоҷик ифшо менамояд.
Султон Сулаймонӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев