Ҳар касе дурӯғ бисёр мегӯяд дар назди мардум беобурӯ мешавад ва дигар касе суханҳои вайро ҷиддӣ намегирад. Бадтар аз ин, дурӯғгӯёне мебошанд, ки бо аҳдофи сиёсӣ ва ифротгароӣ дурӯғ мегӯянд. Ин афрод душмани халқ ва хоини ватан ҳастанд.
Яке аз чунин афроди дурӯғгӯ Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки бо аҳдофи сиёсӣ ва барои амалӣ сохтани мақсадҳои шуми хоҷагони хориҷии худ дурӯғгӯӣ мекунад. Вай силсилаи дурӯғҳо дорад, ки дар фазои маҷозӣ дар шакли хаттӣ ва видеоӣ паҳн месозад. Шунавандагон ва бинандагони ин дурӯғҳову туҳматномаҳо худи наҳзатиён ва баъзе афроди саводи сиёсӣ надошта мебошанд, ки ҳамагӣ дар хориҷа қарор доранд. Аз дохили Тоҷикистон касе ба туҳматҳои ин беиқбол аҳамият намедиҳад.
Аҷиб ин аст, ки худи беиқболи наҳзатӣ идао мекунад, ки ҳатто аз зиндон ба туҳматномаҳори вай гуш дода, аз он ҷо нома мефиристанд. Ин дар ҳолест, ки дар зиндон касе дастрасӣ ба интернет надорад. Дар фазои маҷозӣ чӣ мегузарад онҳо намедонанд. Беиқболи наҳзатиро тамоман намешиносанд. Аммо ин наҳзатии бешараф дар сомонаи ифротии худ ахиран матлабе нашр карда иддао мекунад, ки кадом зиндоние ба вай номаи дурудароз фиристодааст ва номаро дар сомонаи ифротии хеш мунташир месозад. Ин зиндонӣ ҳанӯз дар соли 2018 маҳкум шудааст, ки он замон беиқболи наҳзатӣ дар фазои маҷозӣ хеле кам фаъолият дошт.
Ин дурӯғи ошкори беиқболи наҳзатӣ баёнагари он мебошад, ки вай пурра шарафу виҷдонро аз даст додааст. Ҳоло дигар наметарсад, ки чунин дурӯғҳои ошкор вайро дар назди мардум хор мекунанд. Дигар хулоса кардааст, ки аз ин бадтар нахоҳад шуд ва бешармиву бевиҷдонии худро ошкор ба намоиш гузошта истодааст.
Дар матлаби охирини худ беиқболи наҳзатӣ дигар ба олами фантазия ва хайёлпардозии ошкоро гузаштааст. Гӯё сенарияи кадом як филмро навишта бошад. Аз кадом як гуруҳи муташаккили ҷиноятии бо тиҷорати маводи мухаддир машғулбуда қисса мекунад. Чунон боваринок қисса мекунад, ки гуё худаш саркардаи ин гуруҳи ҷиноӣ бошад. Албатта, чун сенарияи филм ақибати ин гуруҳи ҷиноӣ бад аст ва онҳоро мақомот дастгир мекунанду дар назди қонун ҷавоб мегӯянд. Яъне дар ин қиссаи беиқболи наҳзатӣ мақомоти Тоҷикистон кори хубу арзишмандеро иҷро мекунанд ва кишварро аз чанги маводи мухаддир ва паҳнкунандагони он наҷот медиҳанд. Аммо аз рӯи киннаи дерина дар расми ин матлаби афсонавии худ намояндагони давлатиро гузоштааст, ки онҳо як ҷинояткорро дастгир мекунанд. Хостааст онҳое, ки танҳо расмҳоро тамошо мекунанд ба гумроҳӣ андозад.
Ҳамин тариқ, беиқболи наҳзатии шарафбохта ба дурӯғгӯии худ идома дода истода, имони торики худро боз ҳам ториктар мекунад. Ин бешраф на имон дорад, на виҷдон дорад ва на аз инсоф бохабар аст. Барои сиёҳ кардани саҳифаҳо дар сомонаи ифротии худ тамоми марзҳои ахлоқиро убур карда, қиссаҳои ваҳшатангез мебофад. Хайрият, мардуми тоҷик ба чунин қаллобон бовар намекунад ва онҳо бо фаъолияти худ танҳо ба худу хоҷагони хориҷиашон зиён мерасонанд. Вақту маблағ сарф кардан барои корҳои беҳуда ин тудаи ҷинояткорро ба нобудӣ хоҳад бурд.
Хуршеди Мурод,
муҳаққиқ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев