Ҳизби наҳзат фосиқони найрангбозе, ки то имрӯз таҳти таъсир ва роҳбарии бевоситаи охундҳои хориҷӣ қарор гирифта, дар олами тахаюлоти худ печу тоб хӯрда, аз воқеият ва дунёи воқеӣ фарсахҳо дур гаштанд. Ин нафарони бе нангу номус Кабирии фосиқ ва Иқболаки найрангбозе, ки дар зеҳнаш устоду валиаҳдҳое, ки супоришҳояшонро иҷро менамояд, баъди чандин талошу кӯшишҳо шармандаву шармсор гашта бошанд ҳам, то ҳанӯз роҳи каҷи худро идома дода истодаанд. Ин палидон як нуктаро фаромӯш намудаанд, ки эшону муллоҳо, ғайр аз фисқу фуҷур найрангбозиву ҳиллагарӣ, сураву оятфурӯшӣ ва амри маъруф намуда ба чашми мардум хок задан, дар ягон давру замон давлату миллат насохтаанду намесозанд. Барои ин тоифа меҳнати ҳалол ё худ мафҳуми меҳнат бегона аст. Онҳо ҳаргиз дар ягон давру замон заҳматро намедонанд. Чунки ин ҷаннахсон имрӯзу ҳамарӯз барои худ роҳи осони зиндагӣ хиёнаткорӣ ва лагандбардори дари хоҷагон буданро ба худ интихоб намудаанд. Ин разилони ҷиноятпеша бо ҷамъи наздиконашон, ки қисми зиёди онҳо ҳатто маълумоти миёнаро надоранд аз онҳо ҳаргиз духтур, омӯзгор, деҳқон, сохтмончӣ, дуредгар, коргар, ки намебарояд ,ҷомеаро тасавур кардан имкон надорад. Имрӯз тамоми ҷаҳон ба воситаи илми тиб бар зидди бемории КВ мубориза мебаранд. Аммо «нимчамуллоёни оламгири ҳамадони ҲНИ», ки то ҳанӯз дар олами зулмот қарор доранд, дар ин ҳол дуохониашон дигар ба дардашон намехӯрад. Барои мутахассис шудан заҳмат кашидан лозим меояд, илм ки бо амри маъруф ва сураву ояҳо тараққӣ накарда, таёраҳо ба воситаи дуоҳо парвоз намекунанд. Барои рушду тараққиёт ақли солим ва заҳмату талошҳои шабонарӯзиву дасту дили пок доштан лозим аст, ки ҷомеа ободу солим бошад. Наин ки чун ТТЭ ҲНИ хоиниро пеша намуда, бо сад забон ва ҳиллаву найранг чун буқалламун дар ҳар лаҳза рангу тобиши худро иваз намоӣ. Зеро ин аҷнабиён бо меҳнати ҳалолу арақи ҷабин рехта ҷоеро обод намудан, одат накардаанд. Ин тоифа ашхоси разили номардони ҲНИ ба Ватан хиёнатро авлотар ҳисобида, бо тамғаи хиёнаткор гаштанро ба худ лоиқ донистанд. Пас муллоёне, ки аз олами техникаву техналогия фарсахҳо дур мебошанд ва ба ҷуз фосиқиву иғвогарӣ, шуру исён овардан, ҷомеаро норму парешон намудан ягон кор аз дасташон намеояд чӣ гуна давлату миллат месозанд. Чун ин нафарони беиқболгашта хоинӣ пеша намудаанд самараи меҳнаташонро хоҳанд дид. Вақт довар асту чунин беиқболони хоин барои он амали содир намуда ва ҳар ҳарфу буҳтонҳои бофтаву тофта дер ё зуд дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.
Гурдофариди Даврон
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев