Маълум аст, ки танҳо дар ҳолати истиқрори амнияту осудагӣ метавон ба ҳадафҳои худ расида, баҳри амалишавии умеду орузуҳо саъю талош варзид. Ҳодисаҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман Афғонистон ва ахиран тазоҳуроти Қазоқистон барои ҳар як фарди соҳибақл дарси ибрат аст. Душманони ватану миллат мехоҳанд чунин рӯзҳоро ба сари давлатҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ биёваранд.
Гузаштагони миллати мо ҳамеша моро ба дӯст доштани Ватани маҳбуб ва ҳифозати он аз душман водор кардаанд. Мардуми диёрамон чунин як муҳаббати бепоён, чунин як робитаи қавиеро, ҳар куҷое, ки бошанд, ҳатто берун аз меҳан, доранду онро хеле хуб пос медоранд. Ягонагии сарзамини мо аз худи мо вобаста аст, бинобар ин ба ҳар гуна суханҳои бардурӯғу фитнаангези гуруҳҳои хоини давлату миллат гирифтор намешавем ва тамоми мардуми тоҷик барои созандагию ободонии Ватан кӯшиш менамояд.
Ду моҳ пештар ҷинояткорон бисёр кушиданд, то вазъро дар Хоруғ хароб кунанд ва як қисми ҷавононро зери таъсир гирифта, ба содир кардани амалҳои ҷиноӣ таҳрик доданд. Хушбахтона, тирашон хок хурду ба мақсади касифи худ нарасиданд.
Ҳоло тамоми мардум, қишрҳои гуногуни ҷомеа ҷинояткориро дар Хоруғ маҳкум мекунанд. Хусусан адиби машҳури тоҷик Ато Мирхоҷа дар ин маврид бисёр ҷолиб ибрози андеша намуда, воқеиятро ба таври ошкоро дар хусуси ҷинояткориҳои гуруҳҳои дар Хоруғ буда баён кардааст.
Мо Истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем. Бояд бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ва пеш аз ҳама дар мубориза бо ҷинояткорӣ саҳмгузор бошем.
Дар акси ҳол ҷинояткорӣ авҷ мегирад ва намегузорад, ки ҷомеа ободу озод бошад. Намегузорад, ки рушду тараққӣ ва зиндагии шоиста таъмин бошад.
Ёралӣ Набиев,
муҳаққиқ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев