Чемпиони феълии Англия бошгоҳи «Лестер Сити» сармураббии худ Клаудио Раннериро, ки соли гузашта дастаро ба гирифтани унвони чемпионӣ расонида буд, ба истеъфо фиристод. Дар ин бора сомонаи расмии клуб хабар медиҳад. Клаудио моҳи июли соли 2015 ба ҳайси сармураббии дастаи «Лестер Сити» ба фаъолият шурӯъ карда, ин дастаро дар таърихи 133- солааш ба гирифтани унвони чемпиони Англия сазовор гардонид. Аммо дар мавсими соли равон дастаи «Лестер» дар ҳолати бад қарор дошта, хавфи аз Премйер — Лигаи Англия сарозер шуданро аз сар мегузаронад. Ба ҳамин хотир роҳбарияти клуб ба хулоса омад, ки сармураббӣ ба истеъфо равад. Клаудио Раннерии итолиёвӣ соли гузашта аз ҷониби ФИФА беҳтарин мураббии сол эълон гардид. Масъулияти вазифаи мураббигии «Лестер»-ро алҳол ёвари Раннери -Крейг Шекспир ва мураббии дастаи эҳтиётии «Лестер» Майкл Стауэлл ба худ гирифтаанд. Баъди даври 25-уми Премйер Лигаи Англия «Лестер Сити» дар мақоми 17-ум ҷой гирифтааст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев