Ман ду чизи гаронбаҳоеро дар миёни шумо аз худ боқӣ мегузорам: яке Китоби Худованд ва дигаре Итратам, Аҳли байтам. Агар ба ин ду чанг занед, ҳаргиз гумроҳ нахоҳед шуд. Ин ду ҳеҷ вақт аз якдигар ҷудоӣ надоранд, то он гоҳ ки бар ҳавзи Кавсар бар ман ворид шаванд.
Адреси хадис дар китобхои : Китоби Саҳеҳи Муслим, ҷилди 7, саҳ. 122; ва китоби Сунани Дорамӣ, ҷилди 2, саҳ. 432; ва китоби Муснади Аҳмад, ҷилди 3, саҳ. 14, 17, 26, 59, ҷилди 4, саҳ. 366, 371, ҷилди 5, саҳ. 182, ва китоби Мустадраки Ҳоким, ҷилди 3, саҳ. 109, 148, 533 ва …
Аҳли Байт алайҳимуссалом мероси гаронбаҳое аз худ боқӣ гузоштаанд, ки пайравонашон онро аз хатари нобудӣ ҳифз намудаанд. Ин намунаи фарогири як мактабе аст, ки шохаҳои мухталифи маърифати исломиро дар бар дошта ва тавониста аст ашхоси зиёди тавонмандеро барои сероб шудан аз ин чашмаи ҷӯшон, парвариш ва тақдими уммати исломӣ намояд.Ин донишмандон бо пайравӣ аз Аҳли Байти Паёмбар(с) дар мақоми посухгӯӣ ба дасисаҳо ва шубҳаҳои воридшуда аз сӯи мазҳабҳо ва ҷараён-ҳои фикрии дохил ва хориҷи ҷомеаи исломӣ баромада, дар давоми қарнҳои гузашта пеш-ниҳодкунандаи матинтарин посухҳо ва роҳи ҳалҳо барои ин шубҳаҳо буда ва ҳастанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев