Шабе бепечутоб ором хуфтаст?
Кӣ дар овони ҳаждаҳсолагияш
Ба номи духтаре шеъре нагуфтаст?
Даруни дарс аз устод пинҳон
Ба номи духтаре нома навиштам.
Таровишҳои эҳсоси диламро
Барои ёри хушкома навиштам.
Ба ӯ ман нома медодам ниҳонӣ
Даруни баргҳои гул ниҳода:
“Туро ман дӯст медорам чу Маҷнун,
Чу ҳуснат бод ишқи ман зиёда...”
Зи пушти курсӣ аз устод пинҳон
Қатори кокулашро мешумурдам,
Ва бо занҷираи мӯи маҳинаш
Диламро баста бар ӯ месупурдам.
Даруни дарс аз курсии охир
Хаёли ман сарашро шона мекард,
Ту гӯӣ меҳри ӯ монанди кафтар
Дар аъмоқи дили ман хона мекард.
Дили ман коғази нанвиштае буд,
Дар ӯ номи варо бинвишта будам.
Ҷавони навраси нокордида
Ба ӯ аз содагӣ дил ҳишта будам.
Вале, ҳайфо, садои занги охир
Садои интиҳои ишқи мо буд.
Ту гӯӣ аз ҷавонии гузашта
Зи дашти дур чун бонги даро буд.
Ҳама дар роҳҳои зиндагонӣ
Ба ҷустуҷӯи бахти хеш рафтем,
Ба сар андешаи фардои дунё,
Ба дил бори ғаму ташвиш рафтем.
Ҳавасҳо чун сабақҳо рафт аз ёд,
Ҷавонӣ ҳамчу тири бархато рафт.
Ризо будем мо аз орзуҳо,
Ҷавонӣ лек аз мо норизо рафт.
Вале бо сӯхтанҳои ниҳонӣ
Шароре аз нигини ӯ гирифтам.
Нахустин сатрҳои шеъри худро
Ман аз мӯи маҳини ӯ гирифтам...
[1972]
Дар дили шаб ҷоми заррини кафи ёр,
Медурахшиду диламро шод мекард.
Ҳарфҳои канда-канда, нозҳои дилбарона.
Мастӣ аз дидору аз май
Ҳастиямро бод мекард.
Ҳамчу шамшод аз вазиданҳои боди шӯхшанг,
Печу тобе хурда ӯ арғушт мерафт.
Бо садои қарс-қарси панҷаҳои нозукаш
Ҷони ман ҳам аз сари ангушт мерафт.Хайр мактабч
чон!!!!!!!!!!!!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев